logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВОХӮРИИ ЧОРУМИ МАШВАРАТИИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

21 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Атаи Қирғизистон дар вохӯрии чоруми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, Сарвари давлати мизбон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов ширкат варзиданд.
Сарварони давлатҳо масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар самти вокуниши муштарак ба хатару таҳдидҳо ба амнияти минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкории минтақавӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодии кишварҳо, иқтидори муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва дӯстона дар раванди рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарии минтақа баррасӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аҳамияти баргузории мунтазами вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид карда, рушди рӯзафзуни минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавиро дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории таърихӣ муҳим арзёбӣ   намуданд.
Сарвари давлати мо таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромарзиро бахусус зикр карданд. Тамоюлҳои таҳмили идеологияи радикализми динӣ дар минтақа ва мавҷудияти ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта»-и терроризму экстремизми байналмилалӣ ба сифати таҳдидҳои ҷиддӣ ба амният номида шуданд.   
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо изҳори нигаронӣ таъсири манфии равандҳои дар Афғонистон баамалояндаро ба кишварҳои минтақа зикр карданд.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба таҳкими ҳамоҳангӣ миёни хадамоти махсус ва эҷоди механизмҳои мушаххаси муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳо ба амнияти минтақавӣ даъват ба амал оварданд.
Дар суханронии Сарвари давлат ба масъалаҳои фаъолияти муштарак ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир  шуд. Дар ин замина, ба зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои тавсеаи тиҷорат, равобити зичи ҳамгироёна, рушди иқтидори нақлиётию транзитии минтақа ва такмили долонҳои нақлиётӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли мол ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба рушди фаъолияти фазои умумии фарҳангию гуманитарӣ дар Осиёи Марказӣ даъват карданд. Зарурати таҳкими ҳамкориҳои муассисаҳои илмии кишварҳо дар инкишофи фанҳои амалӣ, рушди минбаъдаи муколамаи байнифарҳангӣ ва ташвиқу тарғиби муштараки мероси моддию ғайримоддии фарҳангӣ ва табиии мардумони мамлакатҳои минтақа дар сатҳи ҷаҳонӣ таъкид гашт.
Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ Изҳороти муштараки сарварони давлатҳо, Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2022 – 2024, Консепсияи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи сиғаҳои бисёрҷониба ва Барномаи минтақавии «Рӯзномаи сабз» барои Осиёи Марказӣ қабул гардиданд.
Ҳамчунин, Қарори сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар бораи ба муҳлати як сол тамдид намудани ваколатҳои Президенти ФБНА муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
Сарварони давлатҳо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузории вохӯрии панҷуми ҷашнии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ 14 – 15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе, ки дар як вақт бо ҷаласаи навбатии Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мешавад, ҷонибдорӣ намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2022    №: 140 - 141    Мутолиа карданд: 1062
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед