logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОҲИПАРВАРӢ, МОҲИГИРӢ ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ танзим намуда, ба таъмини аҳолӣ бо моҳӣ ва маҳсулоти коркардшудаи он равона гардидааст.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) моҳипарварӣ – фаъолият оид ба парвариш, нигоҳдорӣ, истеҳсоли моҳӣ ва маҳсулоти коркардшудаи он, беҳсозии сифати намудҳои захираҳои моҳӣ дар объектҳои табиӣ ё сунъии об;
2) объектҳои моҳипарварӣ – моҳӣ, инчунин, растаниҳои обӣ, ки дар объектҳои табиӣ ё сунъии об парвариш карда мешаванд;
3) маҳсулоти моҳӣ – маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти дигари аз моҳӣ ҳосилшаванда;
4) моҳипарварӣ дар объектҳои табиии об – маҷмуи тадбирҳои таъмини раванди такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ дар дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳо, инчунин, қитъаҳои алоҳидаи онҳо;
5) моҳипарварӣ дар ҳавзҳои сунъӣ – парвариши моҳӣ дар ҳавзҳои барои ин мақсадҳо махсус бунёдшуда, ки дар онҳо раванди истеҳсолот аз парвариши моҳӣ аз тухмӣ то моҳии молӣ идора карда мешавад;
6) моҳипарварии молӣ – фаъолияти соҳибкорӣ оид ба нигоҳдорӣ ва парвариши моҳӣ дар объектҳои табиӣ ё сунъии об бо мақсади фурӯши минбаъдаи он;
7) моҳипарварии ҳаваскорӣ – парвариши моҳӣ бо мақсади истеъмоли шахсӣ ва истироҳат, инчунин, қонеъ гардонидани талаботи эстетикӣ; 
8) хоҷагиҳои моҳипарварӣ – шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ба парвариш ва такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ, моҳидорӣ, инчунин, коркард ва фурӯши маҳсулоти моҳӣ машғул мебошанд;
9) инфрасохтори моҳипарварӣ – қитъаи замин, объектҳои сохтмони асосӣ, иншоот, аз ҷумла иншооти ёрирасон, дастгоҳ ва таҷҳизот, ҷазираҳои сунъӣ ва молу мулки дигар, ки барои таъмини фаъолият дар соҳаи моҳипарварӣ истифода бурда мешаванд; 
10) намуди моҳӣ – гурӯҳи устувори моҳӣ, ки сифати муайяни муфид дорад ва бо аломату хусусиятҳои алоҳидаи ирсии худ фарқ мекунад;
11) селаи моҳии наслдеҳ – гурӯҳҳои синну соли гуногуни намуди моҳӣ, ки бо мақсадҳои такмили хусусиятҳои ирсӣ, такрористеҳсолкунӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва нигоҳдории захираҳои моҳӣ истифода мешаванд;
12) мутобиқкунонии моҳӣ – маскунгардонии намудҳои моҳии арзишнок дар объектҳои об ва таъмини шароити мусоид барои худафзоишёбии он;
13) Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ – махзани иттилоотӣ дар бораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парвариш, нигоҳдорӣ, истеҳсоли моҳӣ ва маҳсулоти коркардшудаи он, беҳсозии сифати намудҳои захираҳои моҳӣ машғул мебошанд;
14) моҳигирӣ – фаъолият оид ба сайди моҳӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият оид ба қабул, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти моҳӣ; 
15) моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ – сайди моҳӣ бо мақсадҳои истеъмоли шахсӣ, истироҳат ва гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ;
16) моҳии молӣ – моҳии парваришшуда, ки вазни молӣ дорад ва ҳамчун маҳсулоти ғизоӣ фурӯхта мешавад;
17) ҳифзи захираҳои моҳӣ – тадбирҳо оид ба нигоҳдорӣ ва барқарорсозии захираҳои моҳӣ, ки дар асоси корҳои илмию таҳқиқотӣ, такрористеҳсолкунӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои биологии обӣ ва ҳифзи муҳити зисти онҳо амалӣ карда мешаванд;
18) мониторинги давлатии захираҳои моҳӣ – низоми чорабиниҳо, ки раванди мушоҳида, омӯзиш ва баҳисобгирии захираҳои моҳиро дар объектҳои табиии об дар бар мегирад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошанд:
1) таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти моҳӣ;
2) такрористеҳсолкунӣ, афзунгардонӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;
3) такмили раванди технологии истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти моҳӣ;
4) танзими муносибатҳои иқтисодӣ вобаста ба истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти моҳӣ;
5) назорати давлатии муомилоти маҳсулоти моҳӣ.
6) пешгирии риоя накардани қоидаҳои моҳигирӣ ва сайди ғайриқонунии моҳӣ;
7) пешгирии ифлосшавии муҳити зисти моҳӣ аз партовҳои моддаҳои хатарнок ва зараровар. 
Моддаи 4. Объектҳои оби соҳаи моҳипарварӣ ва моҳигирӣ
1. Объектҳои табиӣ ё сунъии об, инчунин, қитъаҳои алоҳидаи онҳо объектҳои обе мебошанд, ки барои пешбурди фаъолият дар соҳаи моҳипарварӣ ва моҳигирӣ истифода бурда мешаванд.
2. Ҳавзи моҳипарварӣ дар асоси аризаи соҳибмулк ҳамчун объекти оби дорои аҳамияти моҳипарварӣ ба Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ дохил карда мешавад.
Моддаи 5. Хусусиятҳои истифодабарии қитъаҳои замин бо мақсадҳои моҳипарварӣ
1. Бо мақсадҳои моҳипарварӣ қитъаҳои замини ишғолнамудаи объектҳои об (сойҳо, ҳавзҳо, аз ҷумла ҳавзҳои сунъии барои моҳипарварӣ бунёдшуда) истифода мешаванд.
2. Қитъаҳои замин барои сохтмони объектҳои асосӣ ва ёрирасон бо мақсадҳои моҳипарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин дода мешаванд. 
 
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МОҲИПАРВАРӢ, МОҲИГИРӢ ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ
Моддаи 6. Принсипҳои танзими давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ
Танзими давлатии муносибатҳо дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) самаранокии моҳипарварӣ;
2) ҳифзи муҳити зист ва захираҳои моҳӣ;
3) дастгирии давлатии рушди моҳипарварӣ;
4) иштироки шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
5) дастрасии ройгон ба иттилоот.
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ мансубанд:
1) таъмини амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур;
2) муқаррар намудани шаклҳои дастгирии давлатӣ дар соҳа;
3) қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;
4) тасдиқи барномаҳои давлатӣ оид ба моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;
5) муайян намудани самтҳои асосии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳа;
6) амалӣ намудани салоҳиятҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба  моҳипарварӣ ва моҳигирӣ ваколатҳои зерин дорад:
1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ ва моҳигирӣ;
2) мусоидат ба рушди парвариш, истеҳсол ва ташаккули бозори маҳсулоти моҳӣ;
3) арзёбӣ ва мониторинги раванди парвариш ва истеҳсоли моҳии молӣ дар объектҳои сунъии об;
4) пешбурди Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ;
5) амалӣ намудани барномаҳои давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ;
6) омодасозии тавсияҳо оид ба такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ дар ҳавзҳои сунъии моҳипарварӣ;
7) иштирок дар кори комиссияҳои давлатӣ оид ба қабули ҳавзҳои моҳипарварӣ;
8) андешидани  тадбирҳо оид ба такмили хусусиятҳои ирсии намуд, такрористеҳсолкунӣ ва мутобиқкунонии моҳӣ дар ҳавзҳои моҳипарварӣ;
9) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ ваколатҳои зерин дорад:
1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи захираҳои моҳӣ;
2) ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти илмию техникӣ ва тадбирҳои мутобиқкунонии моҳӣ, инчунин, омодасозии тавсияҳо оид ба истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;
3) таҳияи регламентҳои техникӣ ва қоидаҳои моҳигирӣ; 
4) назорати давлатии истифодаи захираҳои моҳӣ дар объектҳои табиии об;
5) ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ додани иҷозат барои истифодаи махсуси об ва партофтани обҳои партов;
6) назорати давлатии риояи меъёрҳои муқарраршудаи истифодаи об, сифат ва ҳаҷми обҳои партов дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ;
7) муқаррар намудани квотаҳои сайди захираҳои моҳӣ дар объектҳои табиии об;
8) ташкил ва гузаронидани мониторинги ҳолати истифодабарии захираҳои моҳӣ дар объектҳои табиии об;
9) таъмини фаъолияти Шурои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;
10) амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба ҳифз ва истифодаи захираҳои моҳӣ;
11) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти моҳӣ ваколатҳои зерин дорад:
1) ташхиси байторию беҳдошти маҳсулоти моҳӣ;
2) санҷиши амалисозии чораҳои зиддиэпизоотӣ ва беҳдошти байторӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ;
3) иштирок дар кори комиссияҳои давлатӣ оид ба қабул ва истифодаи ҳавзҳои моҳипарварӣ ва корхонаҳои коркарди моҳӣ;
4) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Мониторинги давлатии захираҳои моҳӣ
Мониторинги давлатии захираҳои моҳӣ бо мақсадҳои зерин бурда мешавад:
1) омодасозии иттилооти ҳарсолаи захираҳои моҳӣ ва истифодаи он дар пешбурди соҳаи моҳипарварӣ ва моҳигирӣ;
2) ошкор ва пешгӯӣ намудани равандҳое, ки ба вазъи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо таъсир мерасонанд;
3) ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои моҳӣ, аз ҷумла ҳангоми зарурат ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо барои моҳигирӣ;
4) таҳияи тадбирҳо оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ ва барқароркунии онҳо.
 
БОБИ 3. ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ МОҲИПАРВАРӢ
Моддаи 10. Тартиб ва намудҳои фаъолият дар соҳаи моҳипарварӣ
1. Тартиби фаъолият дар соҳаи моҳипарварӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 
2. Моҳипарварӣ истеҳсолоти кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Хоҷагиҳои моҳипарварӣ метавонанд фаъолияти худро бо намудҳои такрористеҳсолкунии сунъии моҳӣ, моҳипарварии молӣ ва ҳаваскорӣ амалӣ намоянд.
Моддаи 11. Моҳипарварӣ дар ҳавзҳо, обанборҳо ва объектҳои дигари оби махсус таҷҳизонидашуда 
1. Моҳипарварӣ дар ҳавзҳо, обанборҳо ва объектҳои дигари обии махсус таҷҳизонидашуда маҷмуи чорабиниҳо оид ба ободонӣ, кофтани чоҳҳо, ташкили садд ва сарбанд, иншооти обгирӣ, обпарто ва моҳигирӣ, инчунин, усулҳои афзоиши сунъӣ, ғизодиҳӣ ва фароҳам овардани шароити муносиби нигоҳдории моҳиро дар бар мегирад.
2. Хоҷагиҳои моҳипарварӣ метавонанд дар ҳавзҳо, обанборҳо ва объектҳои дигари оби махсус таҷҳизонидашуда бо низомҳои зерин парвариши моҳиро ташкил намоянд:
1) парвариши моҳӣ аз тухмӣ то моҳии молӣ, инчунин, парвариши моҳии наслдеҳ ва моҳичаҳо;
2) парвариши моҳичаҳои то яксола ва яксола;
3) парвариши моҳии молӣ.
3. Ҳавзҳо, обанборҳо ва объектҳои дигари оби махсус барои моҳипарварӣ таҷҳизонидашуда бо риояи талаботи ҳифзи муҳити зист, меъёрҳои сохтмонӣ, санитарию беҳдоштӣ ва талаботи дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд. 
Моддаи 12. Моҳипарварии молӣ
1. Моҳипарварии молӣ дар объектҳои сунъии об бо истифодаи дастгоҳҳои махсуси танзимкунандаи ҳарорат ва омилҳои дигари фароҳамоварии шароити сунъии муҳити зист амалӣ карда мешавад.
2. Истеҳсоли моҳии молӣ, инчунин, мониторинг, назорати сифат ва бехатарии интиқоли он мутобиқи стандартҳо ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 13. Моҳипарварии ҳаваскорӣ 
1. Моҳипарварии ҳаваскорӣ аз ҳисоби захираҳои моҳии дар объектҳои табиӣ ва (ё) дар шароити сунъии муҳити зист парваришшуда ташкил карда мешавад.
2. Моҳипарварии ҳаваскорӣ дар объектҳои оби минтақаҳои истироҳатӣ, инчунин, объектҳои дигари об тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 14. Такмили хусусиятҳои ирсӣ, такрористеҳсолкунии сунъӣ ва мутобиқкунонии моҳӣ
1. Такмили хусусиятҳои ирсии моҳӣ барои мунтазам гирифтани насл бо роҳи ташкил ва парвариши селаи моҳии наслдеҳи арзишноки ирсӣ амалӣ карда мешавад.
2. Парвариш, такмил ва баҳисобгирии селаи моҳии наслдеҳ тибқи нақша аз ҳисоби хоҷагиҳои моҳипарварӣ амалӣ карда мешаванд.
3. Такрористеҳсолкунии сунъии моҳӣ дар заминаи чорабиниҳои илман асоснокшуда, бо роҳҳои парвариш ва сар додани моҳичаҳо, амалӣ намудани корҳо оид ба мутобиқкунонии моҳӣ ва беҳдошти объектҳои об, аз объектҳои табиии об доштан ва зиёд кардани моҳии дорои аломатҳои фоиданоки наслӣ ва барои истеҳсолот аҳамиятдошта, амалӣ карда шаванд.
4. Чорабиниҳо оид ба такрористеҳсолкунии сунъӣ ва мутобиқкунонии моҳӣ дар объектҳои табиӣ ва сунъии об аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор тибқи шартномаи дар мувофиқа бо мақоми дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист ва (ё) кишоварзӣ басташуда амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 15. Шартномаи истифодаи объектҳои табиӣ ва сунъии об, ки моликияти давлатӣ мебошанд 
1. Объектҳои табиӣ ва сунъии об, ки моликияти давлатӣ мебошанд, ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар асоси шартнома барои истифодаи муваққатӣ метавонанд дода шаванд. 
2. Шартномаи истифодаи объектҳои табиӣ ва сунъии об маълумоти асосии зеринро дар бар мегирад:
1) мавзуъ ва муҳлати шартнома;
2) макони ҷойгиршавӣ ва масоҳати объекти об;
3) дурнамои ҳаҷми сар додани селаи моҳичаҳо ба объекти об, парвариши моҳӣ ва моҳигирӣ аз объекти об;
4) маълумот дар бораи объектҳои инфрасохтории хоҷагиҳои моҳипарварӣ;
5) чорабиниҳои мелиоративии аз тарафи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар объектҳои об амалишаванда;
6) тартиби ҷуброни зарар;
7) уҳдадориҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ оид ба ҳифзи муҳити зист.
 
БОБИ 4. ҲУҚУҚ БА ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ
Моддаи 16. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои моҳӣ
1. Захираҳои моҳии объектҳои оби хусусияти табиидошта моликияти истисноии давлат мебошанд.
2. Захираҳои моҳии объектҳои сунъии об тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд моликияти давлатӣ ё хусусӣ бошанд.
Моддаи 17. Ҳуқуқи истифодаи захираҳои моҳӣ дар объектҳои табиии об 
Ҳуқуқи истифодаи захираҳои моҳӣ дар объектҳои табиии об пас аз гирифтани квотаи сайди моҳӣ ва дар асоси шартномаи истифодаи қитъаҳои алоҳидаи объектҳои табиии об барои моҳипарварӣ ва моҳигирӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 18. Маҳдудиятҳо ва қатъ кардани ҳуқуқи истифодаи захираҳои моҳӣ
1. Бо мақсади таъмини ҳифзи захираҳои моҳӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва бо тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои моҳигирӣ метавонанд маҳдудиятҳои зерин ҷорӣ карда шаванд: 
1) манъ кардани моҳигирӣ дар объектҳои оби ҳудудҳои дахлдори табиии махсус муҳофизатшаванда ва (ё) намудҳои алоҳидаи захираҳои моҳӣ;
2) муқаррар кардани ҳаҷм, андоза, вазн ва таркиби сайди захираҳои моҳӣ;
3) муайян кардани намуд ва миқдори воситаҳои барои моҳигирӣ иҷозатшуда ва усулҳои сайди захираҳои моҳӣ;
4) муайян кардани давраҳои моҳигирӣ дар объектҳои об.
2. Ҳуқуқи истифодаи захираҳои моҳӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
1) ба охир расидани муҳлати истифодаи объекти табиии об барои моҳипарварӣ ва моҳигирӣ;
2) бо ариза ихтиёран даст кашидан аз ҳуқуқи истифодаи объектҳои табиӣ ва сунъии об барои моҳипарварӣ ва моҳигирӣ;
3) барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ё фавти шахси воқеӣ;
4) бо қарори суд;
5) ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
БОБИ 5. МОҲИГИРӢ
Моддаи 19. Намудҳои моҳигирӣ
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ба намудҳои зерини моҳигирӣ машғул шаванд:
1) моҳигирии саноатӣ;
2) моҳигирӣ бо мақсадҳои илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ;
3) моҳигирӣ бо мақсадҳои моҳипарварӣ, такрористеҳсолкунӣ ва мутобиқкунонии захираҳои моҳӣ;
4) моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ба як ё якчанд намуди моҳигирӣ, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, машғул шаванд.
3. Қоидаҳои моҳигирӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 20. Моҳигирии саноатӣ
1. Моҳигирии саноатӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, амалӣ карда мешавад.
2. Қоидаҳои истифодаи объектҳои табиии об ё қитъаҳои алоҳидаи онҳо, истифодаи намуди киштии моҳигирӣ, восита ва усулҳои сайди захираҳои моҳиро барои моҳигирии саноатӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян менамояд.
3. Моҳигирии саноатӣ дар объектҳои оби ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда манъ мебошад.
Моддаи 21. Моҳигирӣ бо мақсадҳои илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ
1. Моҳигирӣ бо мақсадҳои илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ дар объектҳои табиии об тибқи барнома ва нақшаҳои илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ барои пешбурди мониторинги давлатии захираҳои моҳӣ ва корҳои илмӣ, муайян кардани ҳаҷми моҳигирии имконпазир ва (ё) ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо барои ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои моҳӣ амалӣ карда мешавад.
2. Қоидаҳои моҳигирӣ бо мақсадҳои илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ дар объектҳои табиии об аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян карда мешаванд.
3. Пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ва назоратиро дар объектҳои сунъии об мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ менамояд.
Моддаи 22. Моҳигирӣ бо мақсадҳои моҳипарварӣ, такрористеҳсолкунӣ ва мутобиқкунонии моҳӣ
1. Моҳигирӣ бо мақсадҳои моҳипарварӣ, такрористеҳсолкунӣ ва мутобиқкунонии моҳӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мутобиқи қоидаҳо ва квотаҳои сайди моҳӣ амалӣ карда мешавад.
2. Моҳигирӣ бо мақсадҳои моҳипарварӣ, такрористеҳсолкунӣ ва мутобиқкунонии моҳӣ тавассути парвариши моҳии молӣ, ҳифзи намудҳо, мунтазам гирифтани насл бо роҳи ташкил ва парвариши селаҳои моҳии наслдеҳи дорои арзиши ирсию хоҷагидорӣ ва ба объектҳои об сар додани онҳо амалӣ карда мешавад.
Моддаи 23. Моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ
1. Моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ ба шахсони воқеӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур иҷозат дода мешаванд.
2. Қоидаҳои моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ, инчунин, номгӯи истифодаи воситаҳои моҳигирӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муқаррар карда мешаванд.
3. Моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ метавонанд бо шартҳои баргардонидани захираҳои моҳии сайдшуда ба муҳити маскуни онҳо ва бе баргардонидани онҳо анҷом дода шаванд.
4. Моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ дар объектҳои об, инчунин, дар қитъаҳои алоҳидаи ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои моҳигирӣ ҷудогардида, бо розигии онҳо анҷом дода мешаванд.
5. Моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ дар объектҳои табиии об, инчунин, қитъаҳои алоҳидаи онҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 24. Квотаҳои сайди моҳӣ дар объектҳои табиии об
1. Квотаҳои сайди моҳӣ дар объектҳои табиии об дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи сайд муайян карда мешаванд.
2. Квотаҳои сайди моҳӣ дар объектҳои табиии об ҳар сол барои моҳигирии саноатӣ, такрористеҳсолкунӣ, мутобиқкунонӣ, ташкили моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар асоси хулосаҳои илман асоснокшуда муайян ва тасдиқ карда мешаванд.
3. Бекор кардан ва (ё) ба дигар субъекти моҳигирӣ тақсим кардани квотаҳои сайди моҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳити зист анҷом дода мешаванд.
Моддаи 25. Шурои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ
1. Шурои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ бо мақсади таҳияи тавсияҳо оид ба пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ, ҳифз ва истифодаи захираҳои моҳӣ таъсис дода мешавад.
2. Низомнома ва ҳайати Шурои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
БОБИ 6. ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТИ ОНҲО
Моддаи 26. Мелиоратсияи объектҳои об
Мелиоратсияи объектҳои об бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зист, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои моҳӣ тибқи лоиҳаҳои тасдиқшуда гузаронида мешавад ва тадбирҳои беҳтар гардондани нишондиҳандаҳои ҳолатҳои гидрологӣ, гидрогеокимиёвӣ, бунёди дастгоҳҳои муҳофизати моҳӣ ва экологии объектҳои обро дар бар мегирад.
Моддаи 27. Меъёрҳои сифати объектҳои об ва низоми обии онҳо
1. Меъёрҳои сифати об дар объектҳои об, аз ҷумла меъёрҳои ҳадди имконпазири моддаҳои зараровар дар онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
2. Ба объектҳои оби аҳамияти моҳипарваридошта партофтани обҳои партов, ки ҳадди имконпазири моддаҳои зараровар дар онҳо муайян нест ва (ё) аз меъёр зиёд аст, манъ мебошад.
3. Низоми гидрологии объекти об бо мақсади ҳифзи захираҳои моҳӣ муқаррар ва танзим карда мешавад.
Моддаи 28. Ҷойгир кардан, лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмир ва ба истифода додани объектҳои хоҷагидорӣ ва объектҳои дигари ба захираҳои моҳӣ таъсиррасонанда
Ҳангоми ҷойгир кардан, лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмир, барқарорсозӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои нав, ба истифода додани объектҳои хоҷагидорӣ ва объектҳои дигар оқибатҳои таъсири манфӣ ба вазъи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо, инчунин, чораҳои пешгирии чунин таъсир ба инобат гирифта мешаванд.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 29. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 30. Тартиби ҳалли баҳсҳо дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ
Баҳсҳо дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 32.  Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» аз 19 сентябри соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 8-9, мод. 654) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 33. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2022, № 1892
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2013, № 1239 «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 6, мод. 434) аз эътибор соқит дониста шавад. 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 июни соли 2022, № 747
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2022, № 295


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2022    №: 140 - 141    Мутолиа карданд: 2559
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед