logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН. СОКИНИ 10-МИЛЛИОНА ТАВАЛЛУД ШУД

Писаре, ки 23 июл, соати 12:00 дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе ба дунё омад ва ба ӯ Фирдавс ном гузошта шуд, сокини 10-миллионаи Тоҷикистон гардид. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон мавқеи худро аз рӯи шумораи аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи 3-юм устувор кард.
Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии омор, сокинони ноҳияи  Шоҳмансур Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова волидони ин сокини 10-миллионаи кишвар мебошанд. Падари ӯ муҳоҷири меҳнатӣ ва модараш хонашин аст. Фирдавс нахустин фарзанди ин оилаи ҷавон мебошад.
Вазни писарчаи нав ба дунё омада 3 кг 250 грамм буда, қадаш 50 см мебошад. Ҳолати кӯдаки навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рӯи ҷадвали Апгар 7/8 хол баҳо дода шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падару модари тифли навзодро табрику шодбош гуфта, ба раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки оилаи тифли навзодро бо хонаи истиқоматӣ таъмин намоянд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ба Махфират Шокирова ҷудо кардани хонаи сеҳуҷрагӣ қарори дахлдор имзо намуд.
Аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба оилаи сокини 10-миллиона калиди хонаи сеҳуҷрагиро муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва муовини раиси пойтахт Дилбар Одилзода тақдим карданд.
Дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, сокинони мамлакатро ба муносибати ба 10 миллион нафар расидани шумораи аҳолии кишвар табрик намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки ин модари хушбахт баъди аз таваллудхона баромадан ба манзили нави сеҳуҷрагии худ гусел карда мешавад. Ҳамчунин, бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ манзили зисти тифли навзод, ки бо таваллуд шуданаш аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид, бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин карда мешавад.
Оилаи хуштолеи кӯдаки навзод ва наздикони онҳо барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Тавре сардори раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ Абдувалӣ Набизода иброз намуд, то 1 апрели соли равон шумораи аҳолии мамлакат  9 млн 934,4 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз шумораи аҳолӣ 50,7 фоизашро мардон ва 49,3 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, ӯ иттилоъ дод, ки шумораи кӯдакон ва шаҳрвандони то 18-сола 40 дарсадро ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи мавсуф, дар Тоҷикистон  шумораи аҳолӣ рӯз ба рӯз зиёд  мешавад,  ки омили асосии он таваллуди зиёд ва дарозумрӣ мебошанд.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён 15 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 111,5 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, дар давраи ҳисоботӣ 16,3 ҳазор нафар фавтидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз кам аст.
Дар 30 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион нафар ба 9,8 миллион нафар афзудааст, яъне 1,8 баробар зиёд шудааст.
 
АМИТ «Ховар»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2022    №: 142 - 143    Мутолиа карданд: 490
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед