Хабарҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ СОЗИШНОМАИ НАВ ИМЗО КАРДАНД
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба Туркия сафар намуда, ҳангоми мулоқот бо вазири корҳои дохилии ин кишвар Сулаймон Сойлу масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллиро баррасӣ кард.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ҷонибҳо аз тақвияти робитаҳои дуҷониба изҳори ризоят намуда, барои амалисозии иқдомҳои дарпешистода, ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҷараёни сафар вазирони корҳои дохилии ду кишвар Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркияро ба имзо расонданд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3882