иқтисод
МАСТЧОҲ. АВЛАВИЯТ БА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН
Тули солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ислоҳоти куллии соҳаи кишоварзӣ ва ба деҳқонон додани замин аз ҷумлаи иқдомоти наҷиби Президенти маҳбубамон мебошанд.
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо шукргузорӣ аз дастгириҳои бузургу беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми шоиста мегузоранд. Махсусан, кишоварзони ноҳия барои дар амал татбиқ намудани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, дар ин замина, таъмини амнияти озуқаворӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 тадбирҳои муайянеро ба сомон расонданд.
Бо ин мақсад, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузарондани шудгори заминҳои корам ва киштукори саривақтии зироатҳои кишоварзӣ тадбирҳои судманд андешида шуданд. Дар натиҷа, дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳосили соли 2022 дар майдони 23 121 гектар кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шуд, ки аз он 2 733 гектар ғалладона, 12 582 гектар пахта, 1 773 гектар зироатҳои равғандор, 101 гектар картошка, 172 гектар сабзавот, 1 695 гектар полизӣ ва 4 065 гектараш зироатҳои хӯроки чорво мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари киштукор, деҳқонони ноҳия парвариш ва нигоҳубини зироатҳои кишоварзиро дар асоси талаботи агротехникӣ роҳандозӣ намуда, дар ҷамъбасти нимсолаи якуми соли равон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 8 966 тонна ғалладона, 3165,6 тонна картошка, 5 054 тонна сабзавот, 10 841 тонна полизӣ ва 856,4 тонна мева истеҳсол гардид, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 100 то 139 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, барои давраи зимистони солҳои 2022-2023 дар ҳаҷми 15 807 тонна ба ҳисоби воҳиди хӯрока хошоки дурушт тайёр карда шудааст, ки 1,6 баробари соли 2021-ро ташкил медиҳад. Барои рушди соҳаи чорводорӣ низ дар соли 2022 тадбирҳои муассир андешида, дар ин давра саршумори чорвои калон ба 59 409 сар, аз ҷумла 32 670 сар модагов, гӯсфанду буз 163 010 сар, паранда 425 565 сар, асп 505 сар, оилаи занбӯри асал 1 101 адад расонда шуда, вусъати афзоиш дар соҳаи чорводорӣ аз 101 то ба 110 дарсад баробар гардид. Дар натиҷа, дар ин давра истеҳсоли гӯшт ба 1 471,4 тонна, шир 10 590 тонна, тухм 35 миллиону 584 ҳазор дона, асал 17,6 тонна расонда шуда, дар ҳаҷми 98,2 тонна пашм ва 1,6 тонна пилла истеҳсол гардид. Истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ бошад, аз 101 то 137 дарсад афзоиш ёфт. Дар давраи ҳисоботӣ ҳисоби миёнаи ширҷӯшӣ аз як сар ба 823 кг – 104,8 дарсади ҳамин давраи соли гузашта баробар гардид. Инчунин, аз як сар мурғи тухмдиҳанда 145 дона тухм гирифта шуд, ки 125 дарсадро дар бар мегирад. Гӯсолагирӣ аз 100 сар 48 сар – 117 дарсад ва баррагирӣ аз 100 сар меш 100 сарро ташкил дод.
Лозим ба ёдоварист, ки яке аз муваффақиятҳои ноҳия ин бунёди гармхонаҳо мебошад, ки сол ба сол рушд меёбад. Имрӯз дар 34 хоҷагии деҳқонии ноҳия 128 (ё худ дар майдони 12,5 гектар) гармхонаи замонавии сохти чинӣ дорем, ки аз ин гармхонаҳо дар ҳаҷми 205 тонна маҳсулоти сабзавотӣ истеҳсол гардида, ҷамъоварӣ идома дорад.
Дар натиҷа маҷмуи маҳсулоти умумии соҳаи кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли равон ба 258 миллиону 245 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки ин рақам 114,9 дарсади ҳамин давраи соли 2021-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар ноҳия кори мураттаби 56 дастгоҳи обкашӣ таъмин буда, ба 22 500 гектар замини корами бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ хизмати обрасонӣ карда мешавад.
Бовари комил дорам, ки кишоварзони сарбаланду бонангу номуси ноҳия бо истифода аз ҳар як рӯзи мусоиди табиат барои парвариши зироатҳои гуногун, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, ба кишти такрорӣ фаро гирифтани заминҳои холишуда ва, дар маҷмуъ, таъмини бозори ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ содиқонаву софдилона меҳнат намуда, аз ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода мебаранд.
Аъзам АЛИЗОДА, раиси ноҳияи Мастчоҳ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.07.2022 №: 142 - 143 Мутолиа карданд: 989