қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО
БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 4, мод. 5; с. 2011, №12 мод. 840; с. 2012, №7, мод. 719; с. 2013, №3, мод. 180; с. 2015, №11, мод. 954; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 277; с. 2018, №1, мод. 7, №8, мод. 523; с. 2019, №1, мод. 7, с. 2020, №4-5, мод. 235, №12, мод. 905; с. 2022, №1-3, мод. 8), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 39:
- дар сархати чорум калима ва аломати «прокурор,» хориҷ карда шуда, аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- прокурор.».
2. Дар моддаи 51:
- дар қисмҳои 2 ва 3 калимаи «муроҷиатномаро» ба калимаи «муроҷиатро» иваз карда шавад;
- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Иштироки прокурор дар баррасии парвандаҳо оид ба баҳсҳои вобаста ба замин ва манзил, новобаста аз пешниҳоди муроҷиат ба суд, ҳатмӣ мебошад.»;
- қисми 6 мувофиқан қисми 7 ҳисобида шуда, дар он калима ва рақами «қисми 1» ба калима ва рақамҳои «қисмҳои 1 ва 6» иваз карда шаванд;
- қисми 8 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
8. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо, сарфи назар аз иштирок дар мурофиаи судӣ, дар доираи ваколатҳои худ метавонанд парванда ё гурӯҳи парвандаҳоро, ки бо онҳо санадҳои судӣ эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бо мақсади таҳлил ва ҷамъбасти фаъолият дар самти таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз суди иқтисодии дахлдор талаб карда гиранд. Дар сурати муқаррар намудани он, ки санади судӣ ғайриқонунӣ ё беасос аст, прокурор тадбирҳои дахлдорро бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур амалӣ менамояд.».
3. Дар қисми 2 моддаи 52 калимаи «муроҷиатнома» ба калимаи «муроҷиат» иваз карда шавад.
4. Ба қисми 1 моддаи 193 пас аз калимаҳо ва аломати «(минбаъд мақомоти назоратӣ),» калимаҳо ва аломати «инчунин прокурор,» илова карда шаванд.
5. Дар моддаи 236:
- ном ва қисми 1 модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 236. Ҳуқуқи пешниҳоди шикоят ва эътирози кассатсионӣ
1. Шахсони иштирокчии парванда, инчунин дигар шахсон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур метавонанд аз ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонакардаи суди иқтисодии марҳилаи якум бо тартиби кассатсионӣ шикоят ва прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо, сарфи назар аз иштирокашон дар баррасии парванда, инчунин прокурори иштирокчии парванда дар доираи ваколат эътироз намоянд.»;
- дар қисмҳои 2, 3 ва 4 калимаҳои «Шикояти» ва «шикояти» мувофиқан ба калимаҳои «Шикоят ва эътирози» ва «шикоят ва эътирози» иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 237, ном ва матни моддаҳои 238, 242, 247, 2503 ва 251 калимаҳои «Шикояти», «шикояти», «шикояте» ва «шикоятро» мувофиқан ба калимаҳои «Шикоят ва эътирози», «шикоят ва эътирози», «шикоят ва эътирозе» ва «шикоят ва эътирозро» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 239:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «Шикояти» ва «шикояти» мувофиқан ба калимаҳои «Шикоят ва эътирози» ва «шикоят ва эътирози» иваз карда шаванд;
- сархати чоруми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- талаби шахси шикоят ва прокурори эътирозоварда ва асосҳое, ки аз рӯи онҳо ҳалнома бо истинод ба қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳолатҳои парванда ва далелҳои дар парванда мавҷудбуда мавриди шикоят ва эътироз қарор дода шудааст;»;
- дар сархати панҷуми қисми 2 ва қисми 4 калимаи «шикоят» ба калимаҳои «шикоят ва эътироз» иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 240:
- дар номи модда, қисмҳои 1 ва 3 калимаҳои «шикояти», «шикоятро» ва «Шикояти» мувофиқан ба калимаҳои «шикоят ва эътирози», «шикоят ва эътирозро» ва «Шикоят ва эътирози» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «қабули шикояти» ба калимаҳои «қабули шикоят ва эътирози» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 241:
- дар ном ва матни модда калимаи «шикояти» ба калимаҳои «шикоят ва эътирози» иваз карда шавад;
- ба қисми 1 пас аз калимаи «шикоят» калимаҳои «ва эътироз» илова карда шаванд.
10. Дар моддаи 243:
- дар ном ва матни модда калимаи «шикояти» ба калимаҳои «шикоят ва эътирози» иваз карда шавад;
- ба сархати чоруми қисми 1 ва қисми 4 пас аз калимаи «шикоят» калимаҳои «ё эътироз» илова карда шаванд.
11. Дар моддаи 244:
- номи модда ва қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 244. Қатъ намудани истеҳсолоти кассатсионӣ
1. Истеҳсолоти кассатсионӣ дар он ҳолат қатъ карда мешавад, ки агар баъди ба истеҳсолоти суд қабул гардидани шикоят ё эътирози кассатсионӣ, дархост оид ба даст кашидан аз шикоят ё эътироз ба суд дохил шавад ва ин дасткашӣ тибқи муқаррароти моддаи 48 Кодекси мазкур аз тарафи суд қабул карда шавад.»;
- дар қисми 2 калимаҳои «шикояти кассатсионӣ» ва «истеҳсолоти шикояти кассатсиониро» мувофиқан ба калимаҳои «шикоят ё эътирози кассатсионӣ» ва «истеҳсолоти кассатсиониро» иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои 3 ва 4 калимаҳои «истеҳсолоти шикояти кассатсионӣ» ва «шикояти кассатсионӣ» мувофиқан ба калимаҳои «истеҳсолоти кассатсионӣ» ва «шикоят ё эътирози кассатсионӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳои «истеҳсолоти шикояти кассатсионӣ» ва «шикояти кассатсионӣ» мувофиқан ба калимаҳои «истеҳсолоти кассатсионӣ» ва «шикоят ё эътирози кассатсионӣ» иваз карда шаванд.
12. Дар ном ва матни моддаи 246 калимаҳои «шикояти» ва «шикоят» мувофиқан ба калимаҳои «шикоят ва эътирози» ва «шикоят ё эътироз» иваз карда шаванд.
13. Дар қисми 1 моддаи 248 калимаҳои «шикояти», «шикоятро» ва «шикоят» мувофиқан ба калимаҳои «шикоят ва эътирози», «шикоят ё эътирозро» ва «шикоят ё эътироз» иваз карда шаванд.
14. Дар моддаи 250 калимаҳои «шикояти», «шикоятро» ва «шикоят» мувофиқан ба калимаҳои «шикоят ё эътирози», «шикоят ё эътирозро» ва «шикоят ё эътироз» иваз карда шаванд.
15. Ба қисми 1 моддаи 270 пас аз калимаҳои «Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аломат ва калимаҳои «, муовини якум ва муовинони ӯ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо» илова карда шуда, калимаҳо ва рақами «доир ба парвандаҳои дар моддаи 51 Кодекси мазкур пешбинигардида» хориҷ карда шаванд.
16. Матни моддаи 273 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Шикояти назоратии пешниҳодшуда бо супориши раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ӯ ба баррасии судяи ҳамин суд супорида мешавад.
2. Эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита аз ҷониби суди марҳилаи назоратӣ дар асоси дастҷамъона баррасӣ карда мешавад.».
17. Ҷумлаи сеюми қисми 1 моддаи 280 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Агар прокурор ҳамчун шахси иштироккунандаи парванда бошад ё бо тартиби назоратӣ эътироз пешниҳод карда бошад, дар маҷлиси судӣ иштирок мекунад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2022, № 1899
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 июни соли 2022, № 765
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2022, № 291
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.07.2022 №: 142 - 143 Мутолиа карданд: 2458