logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9-10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, № 7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7-8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, № 3, мод. 201, № 7-9, мод. 707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, № 11, мод. 877; с. 2017, № 1-2, мод. 5, мод. 6, № 5, қ. 1, мод. 275, № 7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, № 1, мод. 9, № 5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, № 1, мод. 8, № 6, мод. 312, мод. 313, № 7, мод. 464; с. 2020, № 1, мод. 6, № 7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, № 12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, № 6, мод. 384, мод. 385, № 12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, № 1-3, мод. 12), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 330 қисмҳои 3 ва 4 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«3. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуӣ ва шишаи қафо, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунанд, ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаи сиёҳу хираи қафо ё шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафо, -
ба андозаи ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
4. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафо, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунанд, ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ барои  истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаи сиёҳу хираи қафо, -
ба андозаи ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;
- қисми 3 қисми 5 ҳисобида шавад.
2. Ба моддаи 336 қисмҳои 4, 5 ва 6 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«4. Барои аз тарафи ронанда бе категорияи мувофиқ идора кардани воситаи нақлиёт, -
ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
5. Барои ба шахсе, ки ҳуқуқи идоракунии категорияи мувофиқ ба воситаи нақлётро надорад, вогузоштани идоракунии он, -
ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
6. Барои содир намудани кирдори бо қисми чоруми ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси расонидани зарар ба воситаҳои нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ ва дигар иншоот ё дигар молу мулк гаштааст, -
ба андозаи яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.». 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2022, № 1901
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 22 июни соли 2022, № 775
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо 
ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2022, №293
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2022    №: 142 - 143    Мутолиа карданд: 2564
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед