қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, № 3, мод. 159, № 7-8, мод. 609; с. 2012, № 4, мод. 259, №7, мод. 714, № 8, мод. 815, № 12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, № 7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, № 3, мод. 142, № 11, мод. 643; с. 2015, № 11, мод. 950; с. 2016, № 3, мод. 128, № 5, мод. 357, № 7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, № 2, мод. 4; с. 2018, № 5, мод. 267; с. 2019, №1, мод. 3; с. 2020, № 1, мод. 3, № 7-9, мод. 602, мод. 608; с. 2021, № 1-2, мод. 5, № 4, мод. 197, № 12, қ. 2, мод. 684, мод. 685; с. 2022, № 1-3, мод. 4), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати ёздаҳуми қисми 1 моддаи 35 калимаҳои «ташкилотҳои кредитӣ» ба калимаҳои «дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ» иваз карда шаванд.
2. Ба қисми 1 моддаи 168 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ба таҳқиқбаранда ва муфаттиш барои ба суд пешниҳод намудани дархост оид ба ҳабси маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ қарор доранд, розигӣ диҳад;».
3. Дар моддаи 197:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Дар ҳолати берун аз ҷумҳурӣ будани шоҳид ё ҷабрдида пурсиш мумкин аст ба таври фосилавӣ бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсионӣ ва почтаи электронӣ бо тартиб додани протоколи пурсиш ба роҳ монда шуда, бо имзои рақамӣ тасдиқ карда шавад. Муфаттиш метавонад пурсиши фосилавиро бо иштироки шахсони холис гузаронад. Пурсиш бо риояи талаботи моддаҳои 199-203 Кодекси мазкур ва бе тартиб додани протоколи пурсиш анҷом дода мешавад.».
4. Ба ҷумлаи сеюми қисми 5 моддаи 408 пас аз калимаи «Эътирози» калимаҳои «Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2022, № 1900
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 июни соли 2022, № 761
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2022, № 292
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.07.2022 №: 142 - 143 Мутолиа карданд: 2659