қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФОНДҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ НАФАҚА»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» аз 28 декабри соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №12, мод. 661; с. 2011, №6, мод. 448; с. 2014, №11, мод. 671) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми дуюми моддаи 1 калимаи «системаи» ба калимаи «низоми» иваз карда шавад.
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Дар қисми дуюми моддаи 4 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
4. Дар сархати сеюми қисми якуми моддаи 11 калимаҳои «ва маблағгузории терроризм» ба аломат ва калимаҳои «, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 12:
- дар қисми якум калимаҳои «меъёрии ҳуқуқӣ» ба калимаҳои «меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюми қисми сеюм калимаҳои «ба мерос васият намоянд ё ба дигар кас диҳанд» ба калимаҳои «васият намоянд» иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷуми қисми сеюм калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
6. Дар қисми сеюми моддаи 13 калимаҳои «ва маблағгузории терроризм» ба аломат ва калимаҳои «, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми якуми моддаи 29 калимаҳои «Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа» иваз карда шаванд.
8. Моддаи 34 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2022, № 1904
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 июни соли 2022, № 767
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2022, № 299
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.07.2022 №: 142 - 143 Мутолиа карданд: 2300