қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ РАҚОБАТ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №5, қ. 1, мод. 274) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 22:
- дар қисми 1:
- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ дар бораи қатъ намудани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд;»;
- ба сархати нуздаҳум пас аз калимаҳои «бекор намудани иҷозатномаҳо,» калимаҳои «ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ,» илова карда шаванд;
- сархати бистум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ ба суд бо аризаи даъвогӣ дар бораи бекор намудани иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии ба субъекти хоҷагидор додашуда, ки талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардааст, муроҷиат намояд;»;
- ба сархати якуми қисми 6 пас аз калимаҳои «қарзи имтиёзнок» калимаҳои «ва грантҳо» илова карда шаванд.
2. Ҷумлаи якуми қисми 2 моддаи 29 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Аз рӯзи ба суд барои баррасӣ ворид гардидани шикоят иҷрои фармоиши (қарор ва амрномаи) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ то санаи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд боздошта мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2022, № 1912
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 22 июни соли 2022, № 779
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2022, № 308
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.07.2022 №: 142 - 143 Мутолиа карданд: 2385