logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»

 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»  аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 532; с. 2014,  №3, мод.156, №7, қ. 2, мод. 422; с. 2016, №3, мод. 148, №7, мод. 624; с. 2017, №№7-9, мод. 581; с. 2018, №5, мод. 278; с. 2020, №12, мод. 912; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 706) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1: 
- дар сархати бисту чорум калимаи «офияти» ба калимаи «тавонбахшии» иваз карда шавад;
- дар сархати  бисту панҷум калимаҳои «муассисаҳои томактабӣ» ба калимаҳои «муассисаҳои таълимии томактабӣ» иваз карда шаванд;
- ба сархати чилум пеш аз калимаи «томактабӣ» калимаи «таълимии» илова карда шавад.
2. Ба сархати сеюми моддаи 5 пас аз калимаҳои «идоракунии давлатӣ» аломат ва калимаҳои «, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» илова карда шаванд.
3. Ба қисми 2 моддаи 6 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Гирифтани таҳсилоти ройгон дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти касбӣ метавонад тибқи оинномаи муассиса ё қарори муассиси (муассисони) онҳо сурат гирад.».
4. Дар қисми 8 моддаи 11, сархати сеюми моддаи 35, сархати ҳафтуми моддаи 36,  сархати якуми моддаи 37, қисми 3 моддаи 39, қисми 9 моддаи 55 ва қисми 4 моддаи 64 калимаҳои «Муассисаҳои томактабӣ», «муассисаҳои томактабӣ» ба калимаҳои «Муассисаҳои таълимии томактабӣ» ва «муассисаҳои таълимии томактабӣ» иваз карда шаванд.
5. Ба моддаи 12 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Муассисаҳои таълимӣ фаъолияти худро тибқи тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, оинномаи муассиса ва қарори муассис (муассисон) амалӣ менамоянд.».
6. Дар моддаи 13:
- сархати якуми қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
- «- мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;»;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Субъектони дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда метавонанд муассисаи таълимии муштарак таъсис диҳанд.».  
7. Дар моддаи 14:
- дар қисми 1:
- аз сархати чорум калимаҳои «маълумот оид ба» хориҷ карда шаванд;
- дар сархати ҳаштум пас аз калимаи «ташаккули» калимаи «моликият» ба калимаҳои «молу мулк» иваз карда шавад;
- дар сархати ёздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул «;» иваз карда шавад;
- сархати дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
- «- дигар маълумотеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст;»;
- аз қисми 3 калимаҳои «муассиса таҳия намуда, онро» хориҷ карда шаванд.
8. Дар моддаи 15:
- дар қисмҳои 2, 3, 4, 5  ва  6  пас  аз калимаи «муассисаҳои» калимаи «таълимии» илова карда шавад;
- дар қисми  4 калимаи «модар» ба калимаи «модари» иваз карда шуда, пеш аз калимаҳои «тибқи қонунгузории» калимаи «тарбиягирандагон» илова карда шавад.
9. Дар қисми 18 моддаи 16 пас аз калимаи «Тайёрии» калимаи «ибтидоии» илова карда шавад.
10. Ба қисми 3 моддаи 17 пас аз калимаҳои «таҳсилоти касбӣ»  калимаҳои «ва марказҳои таълимии калонсолон» илова карда шаванд.
11. Дар моддаи 19:
- ба қисми 1 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Тартиби қабул ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, доираи (категорияи)  шаҳрвандоне, ки барои қабул шудан ба муассисаҳои мазкур имтиёз доранд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.»;
- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ ройгон мебошад. Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлатӣ пулакӣ аст.».
12. Қисми 9 моддаи 21 хориҷ карда шавад.
13. Дар қисмҳои 1, 3 ва 6 моддаи 22 калимаи «офияти» ба калимаи «тавонбахшии» иваз карда шавад.
14. Ба қисми 4 моддаи 24 пас аз калимаҳои «мутахассисони ҷавон» калимаҳои «, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ё тибқи фармоиши давлатӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро хатм кардаанд,» илова карда шаванд.
15. Ба қисми 9 моддаи 25 пас аз калимаи «новобаста» аломат ва калимаҳои «, ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст,» илова карда шаванд.
16. Аз моддаи 31 қисмҳои 3 ва 4  хориҷ карда шаванд.
17. Ба сархати ёздаҳуми моддаи 32 пас аз калимаи «шакли» калимаҳои «фосилавӣ ва» илова карда шаванд.
18. Дар моддаи 33:
- дар сархати шонздаҳум калимаи «аввал» ба калимаи «якум» иваз карда шавад;
- ба сархати бисту якум пас аз калимаҳои «ба муассисаҳои» ва «таълимӣ» мувофиқан калимаҳои «таълимии» ва «, Кодекси одоби корманди соҳаи маориф, намуна ва қоидаҳои пӯшидани сарулибоси расмии хонандагон, донишҷӯён, шунавандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ба истиснои муассисаҳои таълимии тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст» илова карда шаванд;
19. Дар қисми 2 моддаи 38:
- дар сархати даҳум калимаҳои «молиявию пулӣ» ба калимаҳои «моддӣ-техникӣ ва молиявӣ» иваз карда шаванд;
- сархати бисту якум хориҷ карда шавад.
20. Аз қисми 8 моддаи 44 калимаҳои «таълим ва» хориҷ карда шаванд.
21. Дар қисми 2 моддаи 46:
- дар сархати чорум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул  «;» иваз карда шавад;
- сархати панҷум  бо мазмуни зерин илова карда шавад;
- «- талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» риоя ва иҷро намоянд.».
22. Ба сархати якуми моддаи 47 пас аз калимаҳои «касби омӯзгорӣ» калимаҳои «ва одоби омӯзгор» илова карда шаванд.
23. Ба моддаи 48 қисми 9 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«9. Шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноят нисбат ба ноболиғон якумра аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳрум шудаанд, ба муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ба кор қабул карда намешаванд.». 
24. Дар сархати чоруми моддаи 49 калимаҳои «аломатҳои ҷинсӣ, мансубияти этникӣ» ба калимаҳои «мансубияти ҷинсӣ, этникӣ» иваз карда шаванд.
25. Сархати якуми қисми 1 моддаи 53 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъхир гузоштани  муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ;».
26. Дар қисми 4 моддаи 54 калимаи «лабораторӣ» ба калимаи «озмоишӣ» иваз карда шавад.
27. Аз қисми 3 моддаи 66 калимаҳои «бо ҳуқуқи моликият ба онҳо тааллуқ доранд ё» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон               Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2022, № 1905
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 22 июни соли 2022, № 781 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2022, № 300


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2022    №: 142 - 143    Мутолиа карданд: 2452
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед