logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЭНЕРГЕТИКА»

 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» аз 29 ноябри соли 2000 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №11, мод. 504; с. 2005, №12, мод. 633; с. 2007, №6, мод. 436, №7, мод. 672; с. 2009, №№9-10, мод. 549; с. 2011, №6, мод. 440; с. 2013, №7, мод. 526, №12, мод. 898) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Ба моддаи 2 сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика - мақомоти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи энергетика амалӣ менамоянд;».  
2. Аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад. 
3. Моддаи 51 бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«Моддаи 51. Самтҳои дастгирии давлатӣ дар соҳаи энергетика 
Дастгирии давлатӣ дар соҳаи энергетика дар самтҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- мусоидат ба ҷалби сармоягузорӣ;
- мусоидат ба тарҳрезӣ ва истифодаи технологияҳои муосир;
- маблағгузории барномаҳои мақсадноки давлатӣ; 
- мусоидат ба таъмини фаъолияти иттилоотӣ;
- мусоидат барои ташкил ва иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию технологӣ;
- самтҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
4. Ба ном ва матни моддаи 6 пас аз калимаи «дар» калимаи «соҳаи» илова карда шавад.
5. Дар қисми сеюми моддаи 15 калимаҳои «мақоми ваколатдор» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ» иваз карда шаванд.
6. Моддаҳои 181 ва 182 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 181. Барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар соҳаи энергетика 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои мақсадноки давлатиро дар соҳаи энергетика тасдиқ менамояд.  
Барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар соҳаи энергетика мутобиқ ба афзалиятҳои дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика таҳия ва татбиқ карда мешаванд. 
Моддаи 182. Таъминоти илмию техникӣ дар соҳаи энергетика  
Таъминоти илмию техникӣ дар соҳаи энергетика дар доираи барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва амалии илмию таҳқиқотӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳо оид ба иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию технологӣ, ки маблағгузории онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад, ба амал бароварда мешавад.».  
7. Моддаи 191 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 191. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи энергетика  
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи энергетика тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон эътироф кардааст, ба роҳ монда мешавад. 
Самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи энергетика аз инҳо иборатанд:
- мубодилаи тарафайн бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ оид ба дастовардҳои илмию технологӣ;
- иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии энергетикӣ; 
- мубодилаи таҷриба оид ба истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия; 
- таълим ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи энергетика дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ;
- ташкил ва иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо ва семинарҳо.». 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2022, № 1909
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» қабул карда шавад. 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 июни соли 2022, № 738
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2022, №305
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2022    №: 142 - 143    Мутолиа карданд: 2349
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед