Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Росбалт. «The Sunday Times» хабар медиҳад, ки Борис Ҷонсон, Сарвазири истеъфододаи Британияи Кабир, ният дорад, дар оянда дубора мақоми сарвазириро ба даст орад.
Известия. Думаи давлатӣ метавонад тирамоҳ тарҳи қонун дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”- ро қабул намояд. Дар санад пешниҳод шудааст, ки ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорон ҳуқуқи ба таъхир андохтани даъват ба хизмати ҳарбӣ дода шавад.
Мир 24. Дар аксар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ва Ҷанубӣ дар давоми 150 соли охир чунин тобистони гарм ба мушоҳида нарасида буд. Ҳарорати ҳаво аз 40-45 дараҷа боло меравад.
RT. Қотили Сарвазири собиқи Ҷопон Синдзо Абэ Тетсуя Ямагами барои ташхис ба маркази боздошти пешакии Осака интиқол ёфт. Тетсуя Ямагамии 41-сола ба гуноҳаш комилан иқрор шудааст.
Газета.ру. Гармои маргборе, ки қисми зиёди Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро фаро гирифтааст, суръати нав касб кард,- менависад CNN. Дар минтақаҳои шимолу шарқӣ ва ҷанубӣ ҳарорат аз 40 °C зиёд мешавад. Зиёда аз 90 миллион амрикоиҳо ба ҳарорати баланд дучор мегарданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4185