logo

Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

 
ДУШАНБЕ
21346 ҷойи кор дар ним сол
- Ба ҳолати 1 июли соли равон аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии  мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр, қатъи назар аз шакли моликият, 21346 ҷойи корӣ таъсис ва барқарор шуд. Дар давраи ҳисоботӣ тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 5811 нафар шаҳрванди бекор, аз ҷумла 3006 зан, бо ҷойи кор таъмин гардид, - иттилоъ дод зимни нишасти хабарӣ Ҷамшед Табарзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе.
Тибқи иттилои мавсуф, аз ҳисоби ҷойҳои кории аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт бандшуда (квота) 770 шаҳрванди ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. 
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
 
 
 
“АМОНАТБОНК”
Пайвастшавии 18 ташкилоти қарзӣ ба низоми биллингӣ
Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар татбиқи сиёсати иқтисодиёти рақамӣ ва боз ҳам рушд додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, 679 нуқтаи қабули маблағҳои коммуналӣ ва 364 нуқтаи қабули маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиро роҳандозӣ намуда, 738 постерминалро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст, - иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Икромӣ, раиси раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”.
Бонк 18 ташкилоти қарзиро ба низоми биллингии худ пайваст намудааст, ки тавассути низомҳои дохилии корти бонкӣ, ҳамёни электронӣ ва мобилбонк ба муштариён дар самти пардохти ҳаққи қувваи барқ, об ва шабакаҳои гармидиҳӣ хизматрасонӣ намоянд. Дороиҳои бонк 5 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳо 4,4 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 7,1 ва 5,2 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади дастрасии васеи аҳолӣ ҷиҳати хариди манзили истиқоматӣ, бонк пешниҳоди қарзҳои ипотекиро барои муштариён  ҷорӣ намуд. Дар марҳилаи кунунӣ пешниҳоди қарзҳо ба муштариён дар доираи аз 18 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 4,5 то 10 фоизи солона бо асъори хориҷӣ муайян карда шудааст. 
- “Амонатбонк” бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими муомилоти нақдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, дар маҷмуъ, бо 7 995 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст - гуфт С. Икромӣ.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
 
 
 
ШУМОРАИ НАФАҚАГИРОН БА 761 312 НАФАР РАСИД
 
Ба иттилои Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, давоми нимсолаи аввали соли равон ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, ки манбаи ягонаи даромади буҷети ниҳод мебошад, 1 миллиарду 665,6 миллион сомонӣ ворид гардид. То моҳи июли соли равон шумораи умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ ба 761 312 кас расид, ки нисбат ба соли гузашта 16 527 нафар беш аст. Талаботи моҳонаи нафақа дар як моҳ 253,3 миллион сомониро ташкил медиҳад. 
Тамоми сохторҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати аз якуми июли соли равон андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятим ва ноболиғон, ки бинобар маҳрум шудан аз саробон ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақа таъин ва пардохт мегардад, ба андозаи 25 дарсад аз андозаи ҳадди ақали нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд намудан, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ кардаанд ва ҳоло бозҳисобии нафақаҳо ҷараён дорад. 
- Дар сохтори қисми хароҷот моддаи асосӣ пардохти нафақаву ёрипулиҳои иҷтимоӣ ва хароҷотҳо дар корхонаву ташкилот аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, тибқи ҳисобҳои пешакӣ талабот барои пардохти нафақа 1 миллиарду 612,5 миллион сомониро ташкил дода, то моҳи июли соли равон пурра маблағгузорӣ гардид, - афзуд Дилмурод Давлатзода.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 
 
 
ТОҶИКМАТЛУБОТ 
Даромади умумӣ 47,3 миллион сомониро ташкил дод   
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ даромади умумӣ ба 47,3 миллион сомонӣ расонда шуда, ба буҷети мамлакат аз ҳамаи манбаъҳо 15,4 миллион сомонӣ андоз пардохт шуд, - изҳор дошт Ҳусейн Идиев, раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот», зимни нишасти матбуотӣ. 
Зикр гашт, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли ҷорӣ «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 – 2023» ҳамаи анборҳо, сардхонаҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ то оғози мавсими захираи маҳсулоти кишоварзӣ таъмир гардида, корҳои безараргардонӣ анҷом дода мешаванд. Дар соҳаи кооператсияи матлуботи мамлакат барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ 47 анбор ва 3 сардхона фаъолият менамояд.
Самти дигари фаъолияти ҷамъият барои корҳои сохтмонӣ, ободонӣ, навсозӣ, таъмири бинову иншоот ва хариди воситаҳои асосӣ равона гардида, бо ин мақсад 4,8 миллион сомонӣ хароҷот шуд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ДАНҒАРА
Таъсиси 1 552 ҷойи нави кор
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара нишасти матбуотӣ доир гардид. Зимни нишаст, нахуст Киромиддин Хоҷазода, муовини аввали раиси ноҳия, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон нақшаи буҷет 101 дарсад иҷро гардида, 91,4 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шуд, ки нисбат ба нақша 755 ҳазору 800 сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Нақшаи қисми хароҷоти буҷет 72 миллиону 900 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шуда, 79 дарсади он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардид.  
К. Хоҷазода тазаккур дод, ки дар ноҳия музди миёнаи меҳнат ба 1771 сомонӣ баробар буда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешин 151 сомонӣ афзудааст. Тибқи иттилои масъулон, қарздории музди меҳнат дар ноҳия вуҷуд надошта, рухсатпулии омӯзгорон пурра пардохт гардидааст. Мавсуф гуфт, ки ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинони ноҳия 1 552 ҷои нави кор таъсис дода шуд. Номбурда зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 199 миллиону 200 ҳазор сомонӣ расида, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 179, 3  миллион сомонӣ афзудааст. Ӯ баён дошт, ки баъди эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 – Солҳои рушди саноат  дар ноҳия бо ҷалби соҳибкорон бунёди 20 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, истеҳсоли пойафзол, ресандагӣ, пӯст, маҳсулоти ширӣ, ҳасиб, орду макарон ба нақша гирифта шуда, то кунун 7 корхона, аз ҷумла 3-тои  он, бо иштироки Пешвои муаззами миллат мавриди истифода қарор гирифтааст.
Нишондодҳо дар самти кишоварзӣ низ, назаррас буда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи аввал 544 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил дод, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57 миллиону 500 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ба гуфтаи ӯ, то 14 июли соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 2 940 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ бо вусъат идома дорад.
 
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
 
 
ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Бунёд ва барқарорсозии 398 иншоот 
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, барқарорсозӣ, бунёд ва ба истифода додани 398 иншоот ба нақша гирифта шуд. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ин теъдод 33 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар ин бора Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Турсунзода, зимни нишасти матбуотӣ  иттилоъ дод. 
Соли ҷорӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр зиёда аз 21 км роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, то охири соли ҷорӣ боз 40 км таъмири асосӣ ва зиёда аз 100 км таъмири ҷории роҳҳо ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади гузарондани корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ дар ҳудуди шаҳр 13 983 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ороишию сояафкан, инчунин, 159 260 бех қаламчаи гули садбарг ва 119 883 бех гулҳои мавсимӣ шинонда шуд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
 
 
 
КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ
Нақшаи қабул иҷро намешавад. Чаро?
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторовро имсол 66 нафар хатм намуд, ки аз он 21 нафар соҳиби дипломи аъло шуд. Дар ин бора Миралӣ Достизода, ректори Консерваторияи миллӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
- Моҳи май бо иштироки ҳайати комиссия тақсимоти хатмкунандагон баргузор гардид, ки дар натиҷа онҳо тибқи дархост ва роҳхат бо ҷойи кор таъмин шуданд, - афзуд М. Достизода.
Миралӣ Достизода дар посух ба суоли хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт: «Консерватория тибқи нақша ҳамасола то 170 довталабро бояд ба таҳсил фаро гирад. Соли гузашта нақшаи қабул 66 дарсад иҷро шуд. Имсол Консерватория намояндагонашро барои дарёфт ва ҷалби истеъдодҳо ба тамоми навоҳии кишвар сафарбар намуд. Нафаронеро, ки истеъдоди хуб доранд, номнавис намуда, ҷиҳати идомаи таҳсилашон дар соҳа бо мудирони бахши фарҳанг ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  суҳбат оростанд. Бо вуҷуди ин ҳама, дар ин самт пешравиҳо ҳанӯз чашмрас нестанд. Имсол бошад, то ба имрӯз 40 нафар ба Консерватория ҳуҷҷат супурдааст. То оғози соли таҳсил ҳанӯз фурсат ҳаст, умедворам ин нишондод меафзояд». 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5303
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед