logo

сиёсат

НБО «РОҒУН» – КОМЁБИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИКИСТОН

 
Таҷдид ва эҳёи Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷумлаи тасмимгириҳои сарнавиштсозе буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли ҷасорату хирадмандӣ ва бо такя ба ихлосу иродати мардуми Тоҷикистон иқдоми нек намуданд. Ба истифода додани ҳамаи агрегатҳои НБО «Роғун» нишонаи дар ояндаи наздик ба кишвари бузурги тавлидкунандаи неруи барқ табдил ёфтани Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ дарак медиҳад. Ҳамаи ин бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ин иншооти муҳими стратегии мамлакат бунёд мегардад. Бунёди НБО “Роғун” дар таърихи давлатдории миллии муосири тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. 
Дар кишвари мо 98 дарсади неруи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашумин мамлакати пешсафи сайёра мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург ва як маркази барқу гармидиҳӣ, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва, дар маҷмуъ, 75 дарсади инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ гардид. Марҳалаи муҳим дар таърихи истиқлолияти энергетикии кишвар ба кор андохтани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва оғози бунёди хати баландшиддати CASA-1000 мебошад.
Қобили зикр аст, ки соли 2021 бори аввал дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон истеҳсоли неруи барқ ба 20,6 миллиард киловатт – соат расонда шуд. Ин дастоварди муҳиму назарраси соҳа ба ҳисоб меравад. 
Иқтидори умумии гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 миллиард кВт/соатро дар як сол ташкил медиҳад, ки нисбат ба талаботи ҳозираи кишварҳои Осиёи Миёна 3 маротиба зиёд аст. Хусусияти муҳими гидроэнергетика дар он аст, ки он энергияи потенсиалии обро истифода намуда, худи онро ҳамчун захираи масрафшаванда истеъмол намекунад. Ин амал ба ҳаҷм ва сифати табиии об таъсир намерасонад. Ҳамасола ҳудуди 30-35 мукааб об тавассути неругоҳҳои барқи обии кишвар гузашта, дар маҷмуъ, 19-20 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол мешавад, ки ба 3-4 дарсади иқтидори умумӣ баробар мебошад. 
 Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар соҳаи энергетикаи мамлакат консепсияи нав таҳия гардидааст, ки натиҷаи амалишавии он чунин нишон дода шудааст:
Рушди соҳаи электроэнергетика аз рӯи консепсияи 10/10/10/10 таъмин карда мешавад, аз ҷумла:
1) иқтидори лоиҳавии низоми электроэнергетикаи кишвар ба 10 гВт мерасад;
2) содироти солонаи неруи барқ ба кишварҳои минтақа ба 10 миллиард кВт/соат расонда мешавад;
3) диверсификатсияи иқтидорҳои низоми электроэнергетикаи ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани иқтидори дигар манбаъҳои энергия, аз ҷумла ангишт, нафту газ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, дар ҳаҷми на камтар аз 10 дарсад таъмин мегардад;
4) талафоти неруи барқ дар ҷумҳурӣ то 10 дарсад паст карда мешавад.
Дар маҷмуъ, мо метавонем, хулоса намоем, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетикии кишвар дар замони Истиқлоли давлатӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардида, бунёди силсиланеругоҳҳо дар кишвар идома меёбад. Бо боварии том гуфта метавонем, ки дар ояндаи наздик кишвари мо ба яке аз давлатҳои калонтарини содироткунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил меёбад. 
 
Комилбек Амид ЁРБЕК,
ректори Донишгоҳи 
давлатии Хоруғ ба номи 
Моёншо Назаршоев


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2022    №: 144    Мутолиа карданд: 1017
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед