logo

иҷтимоиёт

ГАРМИИ ҲАВО ТО 28 ИЮЛ ИДОМА МЕЁБАД. САБАБ ЧИСТ?

Дар ҷумҳурӣ давоми чанд рӯзи ахир ҳарорати ҳаво то 47 дараҷа баланд аст. Обуҳавошиносон идома ёфтани чунин гармиро то 28 июл пешгӯӣ менамоянд, ки дараҷаи рекордӣ арзёбӣ мешавад. Яъне, ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон аз 42 то 47, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 40 то 44, вилояти Суғд то 43 ва, ҳатто, дар водиҳо - Дарвоз то 42 дараҷа гарм хоҳад шуд. 
Дар ин бора Ҷамила Байдуллоева, муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ дод. 
Ба гуфтаи номбурда, сабаби асосии гарм шудани ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ аз тарафи шимоли Африқо, ки самти анбуҳи ҳаво кушода буд, пайдарпай дохил шудани гармӣ мебошад. Чунин вазъи обу ҳаво на танҳо дар кишвари мо, балки дар қисми зиёди минтақаи Осиёи Марказӣ - кишварҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, қисман Қирғизистон, инчунин, Қафқоз ва Аврупо низ ба амал омадааст. Аз 16 июл то имрӯз ҳаво ниҳоят хушк ва дар маҳалҳо хеле гарм шудааст. Асосан, дар се минтақа баландтарин ҳарорат ба назар мерасад, ки дар тули 80 сол мушоҳида нашуда буд. Ин минтақаи Кӯлоб бо гармии то 44 дараҷа, Дарвоз то 42 ва шаҳри Душанбе  44 дараҷа гарм мебошад. Дар дигар минтақаҳо ҳарорати ҳаво ҳарчанд гарм бошад ҳам, на зиёда аз 40 дараҷа аст. 
Мутахассисон гармии имсоларо нисбат ба солҳои пешӣ фарқкунанда меҳисобанд ва тафовут дар он аст, ки имсол гармӣ бисёр тул кашида, хавфи зиёд ба бор дорад. Соли гузашта низ, чунин анбуҳи ҳаво аз минтақаҳои болозикр ворид шуда буд, аммо он танҳо аз се то панҷ рӯз давом кард. Анбуҳи ҳавои имсола фақат гарм аст. Онро обуҳавосанҷон сиклоне бе фронти атмосферӣ ном мебаранд. Яъне, ҳар минтақа дорои сиклонҳои ба худ хос буда, таркиби онҳо аз ҳавои намнок, ҳаракат кардани фронтҳои атмосферӣ (фронт, яъне аз ҳамдигар ҷудо шудани ҳавои гарм ва хунук) ва пайдо гаштани шамолу боридани жола, раъду барқ ва боронҳо иборатанд. Сиклони бе фронти атмосферӣ - сиклони баръакси инҳо мебошад, ки дар фасли тобистон аз ҷануб ва қисман аз ғарб ҳаракат карда истодааст ва эҳтимоли паст шудани чунин ҷараён баъди 31 июл вуҷуд дорад. Бинобар ин, дар давраи баланд гардидани ҳарорати ҳаво сокинони кишварро зарур аст, тамоми маслиҳату тавсияҳои мутахассисони соҳаи обуҳавошиносӣ, тандурустӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кишоварзиро ба инобат гирифта, онҳоро дуруст ва ҳатман иҷро намоянд. Масалан, барои ҳифзи саломатии аҳолӣ тавсияи табибон оид ба муваққатан худдорӣ кардан аз оббозӣ ва безарурат набаромадан аз хона бояд риоя гардад. Барои беталаф парвариш кардани маҳсулоти кишоварзӣ низ, роҳҳои пешгирии он тариқи обёрии бештар тавсия дода мешавад ва ғайра. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2022    №: 144    Мутолиа карданд: 598
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед