logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

 
Махфират Каримова фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгор  аз соли 1941 оғоз менамояд. Баъдан, дар вазифаҳои мудири шуъбаи маорифи шаҳри Душанбе, муовини якуми вазири маорифи ҷумҳурӣ фаъолият кардааст. Соли 1961 муовини Раиси Шурои Вазирони  Тоҷикистон таъин шуда, солҳои зиёд дар ин вазифа пурмаҳсул кор мекунад.  
Махфират Каримова аз 29 апрели соли 1974  то 22 январи соли 1986 вазифаи раиси раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаҳои мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷиро ба уҳда дошт. Ӯ вақте раиси  Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаҳои мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ интихоб шуд, ки дар вазифаи масъули давлатӣ кор мекард. Баробари муовини Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон будан, дар корҳои ҷамъиятӣ низ иштироки фаъолона дошт. 
Он солҳо миёни давлатҳо рӯзҳои дӯстӣ, фарҳангӣ, конфронсу семинарҳо, намоишҳои рассомон ва дигар чорабиниҳо баргузор мешуданд. Барои ҷоннок кардани фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаҳои мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ Махфират Каримова аз донишу маҳорат,таҷриба ва имконоти доштааш истифода мебурд. Таҳти роҳбарии ӯ гурӯҳи дӯстӣ дар ҳайати адибон, ходимони театр ва намояндагони касбу кори гуногун ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Туркия, Эрон, Афғонистон, Полша,Чехословакия, Ҳиндустон ва ғайра, сафар намуда, фарҳангу забони тоҷикиро муаррифӣ мекарданд. Ӯ бо хабару мақолаҳои худ  дар нашрияҳои хориҷӣ маъруза дар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ,  аз пешрафту шукуфоии Тоҷикистон маълумот медод. Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаҳои мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ бо 200 ташкилоти ҷамъиятии прогрессивии 90 давлат ҳамкорӣ дошт. Давоми солҳои 1974-1975 аз ҳисоби Ҷамъияти мазкур ба ташкилотҳои хориҷӣ бештар аз 12 ҳазор китоб ва маводи чопӣ,15 ҳазор нусха варақаи иттилоотии ”Тоҷикистон”, ки бо 5 забон (русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва форсӣ) нашр мешуд, интиқол гардид. Дар он аз тарзи ҳаёти мардуми тоҷик, дастовардҳои кишвар маълумоти фаровон дода мешуд.
Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО садсолагии сардафтари адабиёти советии тоҷик,олими намоён Садриддин Айнӣ таҷлил гардид. Бо роҳбарии раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаҳои мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ Махфират Каримова ба ин муносибат корҳои зиёди тарғиботӣ анҷом дода шуд. Мувофиқи дархости дӯстони хориҷӣ  аз ҷониби Ҷамъияти мазкур оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устод ба зиёда аз 50 кишвар маводи чопӣ фиристода шуд.
Солҳои 1961–1986 Махфират Каримова депутати Совети Олии  РСС Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз соли 1950 узви  Комитети якдилии Осиё ва Африқо ба ҳисоб мерафт. 
Хизматҳои шоистааш  бо се ордени “Байрақи Сурхи Меҳнат”, ордени «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоиста дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945» ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ шуд. Барои саҳмгузорӣ дар мустаҳкам намудани дӯстии байни халқҳо бо медали тиллоии Хазинаи Сулҳи Иттифоқ сарфароз гардид. 
10 марти соли 2012 дунёро падруд гуфт.
 
Аъзам МӮСОЕВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2022    №: 144    Мутолиа карданд: 579
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед