logo

иҷтимоиёт

НАҚШИ ГАНДУМ – НАҚШИ НОНУ ЗИНДАГӢ

Зиёвиддини Нақшбанд дар кишвар танҳо нафаре мебошад, ки аз хаси гандум мусаввара омода мекунад. Ин кор, воқеан ҳам, нозукиҳо ва мушкилиҳои зиёд дорад. На ҳар рассом тобу тавони бардошти ин меҳнати тоқатфарсоро дорад. Ӯ бо асарҳои “Маликаи Саразм”, "Мурғи мусиқор", «Нурафшон», «Тирамоҳи кӯча», «Ҷӯйи Мӯлиён», «Нақши аввалин», «Меҳргон»-аш миёни мардум маҳбубу машҳур шудааст. Бо ин усул мақбараҳоро оро дода, онро дар жанрҳои автопортрет, пейзаж васеъ истифода мебарад. Дар мусаввараҳояш акси парандаҳо мавқеи муҳим доранд. Ҳоло ба офаридани силсилаи расмҳо дар асоси достонҳои “Шоҳнома” машғул аст.  «Ҳафт хони Рустами Дастон» аз ҳамин қабил мебошад. 
Тасвирҳои ҳунарманд рамзӣ буда, гоҳе таърихи гузаштаамонро ба қалам мекашанду гоҳи дигар нигоҳи ғайримаъмулии худро ба олами атроф наққошӣ ва гоҳе қаҳрамонҳои худро аз адабиёти куҳан пайдо намуда, рассомӣ мекунанд. Асарҳои таърихиаш ба боло бурдани ҳисси меҳанпарастӣ нигаронида шудааст.  
Зиёвиддин Мирзоев, маъруф ба Зиёвиддини Нақшбанд фаъолияти эҷодиашро баъди хатми Омӯзишгоҳи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови  шаҳри Душанбе дар фабрикаи “Армуғон”  оғоз менамояд. Дар баробари фаъолияти корӣ дар фабрикаи мазкур, инчунин, бо нашриёти “Ирфон”, Иттифоқи нависандагон  ва Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ба ҳайси рассом ҳамкорӣ мекунад. Солҳои 1983 - 1986 дар Комбинати хонасозии шаҳри Душанбе чун рассом фаъолият дошт. Аз соли 1987 то 1992 дар Хоҷагии деҳқонии ба номи Рӯдакии шаҳри Панҷакент низ чун мусаввир фаъолият мекунад.
- Пас аз 35 соли хомӯшӣ, ки аз эҷод дур ва ҳам дилхунук гашта будам, дубора ба он рӯ овардам. Ба он ташаббуси оқилонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соли 2018 - ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудан  такони ҷиддӣ бахшид. Бо умеди нав боз даст ба қалам задам. Ҳунармандон ва санъаткорон дар эҷодиёташон бояд навоварие дошта бошанд, аз ин рӯ, ман ҳам ин дафъа хостам бо навгоние вориди олами санъат гардам. Бинобар ин, корро бо хаспояи ҷав ва гандум оғоз намудам, - мегӯяд З. Нақшбанд.
Барои аксари мо ин навъи ҳунар навгонӣ аст. Махсусан, рафти тайёр кардани маҳсулот барои мусаввараҳо. Чӣ гуна омода кардани он, чӣ миқдор вақт сарф кардан барои омода шудани маҳсулот ва дигар суолҳое, ки диққати ҳар як мутахассисро ба худ ҷалб мекард, таҷриба ва таҳқиқро талаб дошт. "Аввал дар вақти дарави гандум, хасҳои пухта ва пуррашударо интихоб намуда мегирам, ки ҷилои зебо дошта, тиллоранг мебошанд. Хаспояро аз буғум то буғум ба шакли найча мебурам ва дар об меҷӯшонам. Дар вақти ҷӯшондан бо хоҳиши худ ба он рангҳои дилхоҳ илова менамоям. Баъзе хасҳоро беранг меҷӯшонам. Пас аз нарм шуданашон ҳар як хасро аз паҳлуяш чок карда уту мезанам, ки ин амал вақти зиёдро мегирад.  Як хаспоя аз реша то хӯшааш 4 - 5 буғум дорад.  Барои ҳар асар нахуст эскизи он (тарҳашро) тайёр мекунам, баъд аз он материал ва картонро тайёр намуда, ба буридану часпондани хасҳо оғоз менамоям. Ин амал аз 1 то 2 моҳ давом мекунад"-иброз медорад рассом. 
Офаридани як мусаввара то се моҳ тул мекашад ва то 3000 сомонӣ арзиш дорад, вале муаллиф намехоҳад мусаввараҳояшро ба фурӯш гузорад. Ӯ ният дорад дар намоиши шахсӣ онҳоро ба маъраз гузорад.
Аз муҳаббати зиёд ба касб Зиёвиддин Мирзоев ба худ тахаллуси эҷодии Нақшбандро интихоб мекунад ва ҳоло ӯро гоҳе Зиёвиддини Нақшбанд ва гоҳи дигар фақат Нақшбанд мегӯянд. 
З. Нақшбанд давоми таҳсил ва кор чаҳор маротиба намоиши шахсиашро дар Омӯзишгоҳи рассомии ба номи Олимови шаҳри Душанбе гузарондааст, ки ҳар яке барояш дари наве сӯйи таҷрибаи нав ва олами рангини санъату ҳунар боз карданд. 
Моҳи апрели соли 2020 дар Фестивали ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар бахши беҳтарин ҳунари мардумии наққошӣ, зиёда аз 40 намунаи корҳои эҷодии рассом ба намоиш гузошта шуда, сазовори ҷойи намоён низ гардид.
Худи ҳамон сол намоиши мусаввараҳои рассом дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 5500 - солагии Саразм баргузор гардид.
Намоиши асарҳои рассом дар Арт - галлереяи «Сомониён»-и шаҳри Хуҷанд ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар намоиши мазкур асарҳои “Тирамоҳи кӯча”, “Нақши аввалин”, “Гавазн”, “Нурафшон”, “Садбарг”, “Фарҳанг”, ”Шӯхоб”, “Рӯди кӯҳӣ”, “Роҳи Аглук”, “Ҷӯйи Мӯлиён”, “Гулдаста”, “Санги лағжон”, “Маликаи Саразм”, “Меҳргон”, “Зарафшон”, “Баландкӯҳ”, “Ангур”, “Кӯли диёр” ва “Пулча” пешниҳоди тамошогарон гардонда шуд.
Соли 2021 дар арафаи Ҷашни Сада, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, намоиши асарҳои рассом ташкил шуд. Маврид ба зикр аст, ки дар ҷашни мазкур 35 номгӯи асарҳояш манзур гардиданд.
Соли 2022 дар ҷашни 85 - солагии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов намоиши мусаввараҳояш доир гардид.
Ӯ мегӯяд, ки бо вуҷуди хатмкардаи омӯзишгоҳи рассомӣ будан ба маслиҳати ҳамкасбон ниёзманд аст. «Баъзеҳо аз  меҳнати пурмашаққат ҳаловат бурда, хурсандона зиндагӣ доранд. Қисми дигаре аз муфту беранҷ зиндагӣ доштанашон хурсанданд. Мояи шодии ман касбу ҳунарам аст, ки бо доштани он худро комил, ба ҷомеа лозим ва хушбахт мешуморам», - мегӯяд Зиёвиддини Нақшбанд. 
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2022    №: 144    Мутолиа карданд: 664
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед