иҷтимоиёт
УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ. АЗ НАЗОРАТИ ИҶРОИ ҚОНУНҲО ТО ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРӢ
Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар назорати прокурориро вобаста ба риояи иҷрои қонунҳо дар қисму воҳидҳои ҳарбии ҳудуди гарнизон дар нимсолаи якуми соли 2022 бо назардошти ҳолати қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ амалӣ карда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
Ин нуктаро Наврӯз Тоҳирзода, прокурори ҳарбии горнизони Бохтар, зимни суҳбат бо хабарнигорони рӯзнома изҳор дошта, зикр кард, ки бо назардошти таҳлили вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақшаҳои корӣ ва нақша-чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, иҷроиши онҳо дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин гашт.
Ба гуфтаи Наврӯз Тоҳирзода, дар натиҷаи баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 83 нафар ба ҷавобгарӣ кашида, назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мавриди истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар қисму воҳидҳои ҳарбӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ ошкор ва зарари ба давлат расондашуда барқарор гардид.
Назорати риояи дақиқ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рухсат додани хизматчиёни ҳарбӣ дар давраи даъвати тирамоҳии соли 2021 ва баҳории соли 2022 нишон дод, ки дар заминаи санҷиш, таҳлилҳову назорати доимии прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар меъёрҳои қонун дар ин самт иҷро шуда, ин маърака аз тарафи комиссияҳои даъватӣ муташаккилона ҷараён гирифтааст. Шумораи муайяни шаҳрвандон дар асоси даъватнома ва ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шуда бошанд ҳам, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи даъват ба мушкилӣ иҷро гардид.
Прокуратураи ҳарбии гарнизон дар ин самт санҷишҳо гузаронда, ҷиҳати бартараф кардани қонунвайронкуниҳо 50 амр, ба санадҳои ғайриқонунӣ 17 эътироз оварда, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 10 пешниҳод ирсол гашт. Дар натиҷаи баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 14 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 10 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, зарари моддӣ ба маблағи 9815 сомонӣ барқарор, инчунин, нуҳ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид, ки шаш адади он ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта мебошад.
Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон дод, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар 35 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 адад кам мебошад. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои сабтшуда 18 ҷинояти умумӣ ва 17 ҷинояти ҳарбист.
Хушбахтона, дар қисмҳои ҳарбии минтақаи Бохтар дар ин давра ҳодисаҳои фавти сарбозону афсарон ба қайд гирифта нашудааст.
Сифату самаранокии назорати прокурорӣ дар самти тафтишу таҳқиқ беҳтар шуда, муфаттишони прокуратураи ҳарбии гарнизон 56 парвандаи ҷиноятиро ба пешбурд қабул кардаанд. Аз шумораи умумии парвандаҳои ҷиноятии тафтишоташон ба итмом расида, 35 парванда нисбат ба 45 нафар айбдоршаванда бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристонда шуд. Дар раванди тафтиши пешакии ин парвандаҳо дар ҳаҷми 232 983 сомонӣ зарари молиявӣ муайян шуда, 142 990 сомонии он барқарор гардид.
Коррупсия яке аз зуҳуротҳои ба ҷамъият хавфнок буда, таҳдиди он ба амният ва суботи ҷомеа, рушди устувори иқтисодиёт, сохти давлату давлатдорӣ, халалдоршавии арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, равандҳои демократикунонии ҷамъият, косташавии меъёрҳои ахлоқӣ, пайвастагии бевоситаи он ба ҷинояткории муташаккил боиси нигаронӣ ва ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Бо дарки ин нукта, кормандони прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар дар фаъолияти худ мубориза ба коррупсияро самти афзалиятнок ҳисобида, баҳри пешгирӣ ва ошкор намудани чунин ҷиноятҳо ва қонунвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд дар баробари дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расондаанд. Чунончи, прокуратураи ҳарбии гарнизон дар давраи ҷамъбастӣ 20 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро дар 15 ҳолат ошкор намуд. Аз натиҷаи санҷиш 14 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 19 нафар оғоз ёфта, як маводи санҷишӣ нисбат ба як нафар бинобар татбиқи санади авф дар асоси моддаи 27 қисми 1 сархати 4 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ рад карда шуд.
Бо вуҷуди ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар қисмҳои ҳарбии минтақаи Бохтар, дар маҷмуъ, коҳиш ёфтааст, ки ин, пеш аз ҳама, натиҷаи чораандешиҳои пурсамар ва мулоқотҳои саривақтии кормандони прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар мебошад.
– Мо ба ин қаноатманд нашуда, минбаъд корро боз ҳам беҳтар карда, ҷиҳати таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар қисму воҳидҳои ҳарбии гарнизон чораҳои дахлдор ва судманд меандешем,- гуфт Наврӯз Тоҳирзода.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.07.2022 №: 144 Мутолиа карданд: 593