Хабарҳо
НИШАСТИ МАТБУОТӢ
СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ
Беш аз 380 миллион сомонӣ маблағи зарар ва қарзҳои бонкиро рӯёндаанд
Рустам Мирзозода, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 дар судҳои иқтисодӣ 1803 парванда баррасӣ гардидааст. Дар суди марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ 319 парванда баррасӣ шуд.
Ба маълумоти раиси Суди Олии иқтисодӣ, мақомот 380 218 730 сомонӣ маблағи зарар ва қарзҳои бонкиро рӯёндаанд. Баҳри таъмини иҷрои санадҳои судӣ бо тартиби муқарраргардида варақаи иҷро дода шудааст.
Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои санадҳои судӣ оид ба рӯёндани маблағҳои боҷи давлатӣ ва зарару қарзҳои кредитӣ, ҷамъ ба маблағи 111 304 484 сомонӣ таъмин шудааст.
Оламбегими НЕКҚАДАМ, «Ҷумҳурият»
ТАНЗИМ
Ҳолатҳои риоя нагардидани қонун зиёд шудааст
Бар пояи иттилои Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дар ним сол 416 ҳолати риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт шудааст.
Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи як соли пеш 58 ҳолат зиёд мебошад. Аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон (165 ҳолат) қонуншиканӣ ошкор гаштааст.
Дар посух ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият» Абдураҳмон Ваҳобзода, муовини раиси Кумита, чунин гуфт: «Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз ҷониби Кумита дар марҳилаи аввал як филми кӯтоҳмуддат бо номи «Пушаймонӣ» омода ва дар Интернет пахш гардид. Дар марҳилаи дуюм пахши боз се филми кӯтоҳмуддат (видеоролик) дар мавзуи мазаммати ифротгароӣ дар назар дошта шудааст».
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
МИНТАҚАИ КӮЛОБ
Варзиш дар ҳоли рушд
Маҳмуд Хоҷазода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар минтақа дар маҷмуъ, 430 ҳазору 180 ҷавон буда, аз ин теъдод 227 ҳазору 10 нафараш духтар мебошад. Шумораи гирандагони стипендия дар минтақа ба 464 нафар расидааст.
Ба гуфтаи М. Хоҷазода, дар минтақа 8 ҳазору 142 варзишгар мебошад, ки 860 нафари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Дар нимаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи бахш 47 мусобиқаи минтақавӣ аз рӯи 13 намуди варзиш баргузор гардида, дар он 1752 варзишгар иштирок кард. Барои гузарондани мусобиқаҳо наздикӣ 100 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.
Номбурда баён дошт, ки тамринкунандагони тими мунтахаби минтақаи Кӯлоб дар 45 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва ҳафт байналмилалӣ ширкат варзида, 559 медал ба даст оварданд, ки 53 адад нисбат ба нимаи аввали соли қаблӣ зиёд аст.
Дар ин дарва барои фиристодани варзишгарон ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ҷониби бахш 320 ҳазору 765 сомонӣ масраф гардидааст. 16 мактаби варзишӣ ва бахшҳои минтақа бо харҷи 661 ҳазор сомонӣ бо сарулибоси варзиш, молҳои конселярӣ, ашёҳои лозима таъмин шуданд.
Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар минтақа, аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ 9 майдончаи варзиш ва 2 толори варзиш мавриди истифода қарор гирифт.
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5535