Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
RT. Вазири иқлим ва муҳити зисти Лаҳистон Анна Москва изҳор дошт, ки кишвараш ба пешниҳоди Комиссияи Аврупо газро бо дигар давлатҳои аврупоӣ тақсим карданӣ нест.
ТАСС. Теъдоди мубталоёни нави сирояти коронавирус ҳафтаи охир дар ҷаҳон аз 7,2 миллион нафар гузашт, ки нисбат ба ҳамин давраи қаблӣ 0,7 миллион нафар бештар аст. Дар баробари ин, фавт, баръакс, коҳиш ёфт.
INTERFAX.RU. Намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистон Томас Уэст ва фиристодаи вижаи Амрико оид ба кори занон, духтарон ва ҳуқуқи башари Афғонистон Рина Амирӣ дар Конфронси байналмилалии Афғонистон, ки имрӯз дар Тошкент баргузор мегардад, ширкат меварзанд, - хабар медиҳад департаменти давлатии ИМА.
РБК. Дар мусоҳиба бо ТАСС Иван Волинкин, директори департаменти консулии Вазорати корҳои хориҷии Россия, гуфт, ки Россия дар бораи содагардонии раводид бо ҳукуматдорони 18 кишвар музокира мекунад.
CentralAsia (UZ). Хадамоти матбуоти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки дар кишвар бар асари гармии ғайримуқаррарӣ, истифодаи неруи барқ ба баландтарин сатҳ дар 5 соли охир расид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4173