logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН. 146 ШАҲРВАНД АЗ КИШВАРҲОИ ҶАНГЗАДА БА ВАТАН БАРГАРДОНДА ШУД!

 
25 июл 146 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд. Ин иқдоми башардӯстона бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. 
Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, аз ин теъдод 42 нафар зан ва 104 нафар кӯдак мебошанд. Дар се соли охир ин бори дувум аст, ки Ҳукумати мо шаҳрвандонашро аз мамлакатҳои ҷангзадаи арабӣ берун меорад ва ба ҷаҳониён собит мекунад, ки Роҳбарияти олии мамлакати мо ягон сокинашро дар буҳрони моливу руҳӣ танҳо намегузорад. 
Ба қавли коршиносон, Тоҷикистон дар байни садҳо давлатҳо аз камшумортарин кишварҳоест, ки ин ибтикори инсондӯстонаро пиёда мекунад. Бисёре аз ҳукуматдорон аз шаҳрвандони дар Сурия қарордоштаи худ даст кашиданд ва эълон доштанд, ки онҳо аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум шудаанд. Бавижа, ҳукми онҳо сари кӯдакони фариштахисол бераҳмона аст. Ба андешаи онҳо, беху бунёди тифлон маълум нест ва оянда кӣ шуданашон зери савол меравад. Ҳол он ки барои чунин сарнавишти фоҷиабор кӯдакон гуноҳ надоранд ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо барои башар фарзу қарз боқӣ мемонад.
- Ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардондани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта мебошад, - омадааст дар номаи иттилоотӣ.
Гуфта мешавад, ки барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осоишта тамоми чораҳо амалӣ шуда, Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардондани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Сурия дар ояндаи наздик саъю талош менамояд.
Қаблан, 21 июл дар Димишқ мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Ҷаъфарӣ баргузор гардид.
- Тибқи супориши Сарвари давлат мо пурра дақиқ кардем, ки вазъият чӣ хел аст, кӣ рафтан мехоҳад, кӣ рафтан намехоҳад. Мо онҳоро муайян карда, барои бурданашон ҳама саъю кӯшишро ба харҷ додем. Ин кор таҳти назорати Роҳбари давлат ва Вазорати корҳои хориҷӣ қарор дошт, - гуфтааст Зубайдулло Зубайдзода.
Ҳанӯз 27 апрели соли равон ҳайате аз Тоҷикистон занону тифлони тоҷикро дар он кишвар номнавис кард, то аз паноҳгоҳҳои Сурия онҳоро баргардонанд. Албатта, ин гуфтушунид ва додуситадҳои дипломатӣ солҳо боз рӯйи даст аст ва ниҳоят самар меоранд. 
Маврид ба зикр аст, ки 15 феврали соли 2021 вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин хабар дода буд, ки ҳоло дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавл ва Ар-Равҷи Сурия 260 занону кӯдакони Тоҷикистон қарор доранд. Вазорат дар ин самт ба сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, ки ӯ, ҳамзамон намояндаи Тоҷикистон дар Сурия низ мебошад, ваколат дода буд.
Бино ба гуфтаи ӯ, бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргардондани занону кӯдакони тоҷик аз кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ба Ватан дипломатҳои тоҷик моҳи декабри соли 2020 ба Сурия, аз ҷумла ба урдугоҳҳои Ал-Ҳавл ва Ар-Равҷ сафари корӣ анҷом дода, зимни он бо шаҳрвандони кишвар вохӯрданд. 
Ёдамон ҳаст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ  30 апрели соли 2019 ҳаштоду чор кӯдакро тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе оварда буд.
Пас аз соли 2019, ки ҳайати ёдшудаи тифлакон ба кишвар оварда шуд, борҳо барои овардани боқимондагон талошҳо сурат гирифтанд, вале паҳншавии коронавирус то имрӯз ин амали хайрро ба қафо мекашид.
Ин иқдоми неку наҷиб давоми бозгардондани гурезагони ҷанги таҳмилии шаҳрвандист, ки солҳои 90-уми асри ХХ Ҷаноби олӣ роҳандозӣ карданд. Бори дигар собит мешавад Сарвари хирадоини мо пайваста дар ғами ҳамватанони хешанд ва дар ҳама ҳолат пуштибони ҷомеа боқӣ мемонанд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2022    №: 145    Мутолиа карданд: 739
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед