logo

иҷтимоиёт

ДДЗТ. ШИНОХТИ МАСЪУЛИЯТ ДАСТОВАРДРО МЕАФЗОЯД

 
Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода алҳол дар миёни донишкада ва донишгоҳҳои кишвар мавқеи хосу сазовор дорад. Инчунин, бо дастовардҳои илмию таълимӣ ва тарбиявӣ мавқеи намоёну назаррасро соҳиб гардидааст. Дар ин ҳама, албатта, саҳми раёсат ва  омӯзгорону кормандони варзидаи таълимгоҳ зиёд мебошад. Интихоби бештари довталабон барои таҳсил дар ин макони маърифат маҳз ба ин хотир буда, бовар ҳосил кардаанд, ки чун мутахассиси ҷавобгӯи талаботи давр ва рақобатпазир тарбия меёбанд. Шумораи донишомӯзон аз рӯи 41 ихтисос ва 11 забон ба 5101 нафар расидааст. Дар зинаҳои магистратура 72 ва докторантура 30 нафар таҳсил мекунанд. Аз рӯйи натиҷаи қарори Комиссияи аттестатсионии хатм, соли таҳсили 2021-2022 Донишкадаро 933 нафар хатм кард.
Ҳайати омӯзгорони асосӣ иборат аз 193 нафар, ки аз ин 106 нафар зан ва ҳамкорони берунӣ 52 нафар, ки аз ин 21 нафар зан мебошад. Аз ин шумора 73 нафарро устодони дорои дараҷаи илмӣ ташкил медиҳад.
Шумораи умумии кормандон 434 нафар мебошад, ки аз ин 243 нафар ё худ 56 дарсад занонанд.
Дар Донишкада панҷ факултет: филологияи тоҷик, филологияи рус, забони англисӣ, забонҳои Осиё, забонҳои Аврупо ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 16 кафедра фаъолият дорад. Дар ин давра, яъне давраи ҳисоботӣ, 5 нафар шаҳрванди хориҷӣ фаъолияти омӯзгорӣ ва волонтёрӣ доштанд. Ҳамчунин, 648 нафар шаҳрванди хориҷӣ дар ин таълимгоҳ таҳсил намуданд. Ба ҷуз ин, 17 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба сифати шунавандаи забони тоҷикӣ ва русӣ дар назди кафедраҳо ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Донишкада бо 52 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ бастааст. Аз ҷумла, чанде пеш бо донишгоҳҳои Мусашино ва Скубаи Ҷопон муҳлати созишномаи табодули донишҷӯёнро ба муҳлати панҷ сол аз нав тамдид кард.
Вохӯрии донишҷӯён ва омӯзгорони таълимгоҳ бо сафирон ва консулгариҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин гуна чорабиниҳо муҳассилин бо забони ин давлатҳо суҳбат мекунанд, шеър мехонанд. Ташкили ин гуна чорабиниҳо ба афзудани масъулияти забономӯзии хориҷӣ мусоидат мекунанд.
Сол ба сол шумораи баргузории конференсияҳои илмӣ – назариявӣ ва илмӣ – амалӣ, семинарҳои илмӣ – методӣ ва мизҳои гирд меафзояд. Ин ҳама имкон фароҳам меоваранд, ки донишҷӯён ба риштаҳои пажӯҳишу таҳқиқи илмӣ бештар ва бо муҳаббат рӯй биёранд, ҳамзамон, масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд.
Омӯзгорон низ пайваста бо навбат аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд. Дар ин давра ё худ давраи ҳисоботӣ, аз ҷониби ҳайати омӯзгорон 220 мақолаи илмӣ, 7 номгӯй монография ва 12 номгӯй дастурҳои таълимӣ ва методӣ ба нашр расидаанд, ки ин дастоварди чашмрас маҳсуб мешавад.
Нахустин бор бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2022 дар назди Донишкада Шурои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси забоншиносӣ таъсис ёфт. Дар давраи ҳисоботӣ чор нафар унвонҷӯ ва омӯзгорони Донишкада рисолаҳои номзадиашонро дифоъ карданд. 11 нафар унвонҷӯ таълифи рисолаҳои илмияшонро ба анҷом расонданд ва барои дифоъ ба шуроҳои диссертатсионии кишвар пешниҳод намуданд.
Раёсати Донишкада ба ятимону бепарасторон ғамхории махсус зоҳир мекунад. Дар ин таълимгоҳ 11 нафар ятими кулл таҳсил менамояд ва ба ҳар кадоми онҳо ҳар моҳ дар ҳаҷми 250 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад.
Ба татбиқи қонунҳои миллӣ низ диққати махсус медиҳанд. Дар ин замина 37 чорабинӣ дар давраи ҳисоботӣ доир гардид. Барои тарбияи дуруст ва дар сатҳи баланди фарзандон ба 174 волидайн сипоснома дода шуд. Дар маҷмуъ, дар соли хониши нав185 чорабинии хусусияти тарбиявидошта баргузор гардид, ки нисбат ба соли хониши гузашта зиёд мебошад.
Дар Донишкада,- мегӯяд Жило Гулназарзода, сарвари таълимгоҳ, - ба таълим ва тарбия дар якҷоягӣ диққати махсус дода мешавад, зеро яке бе дигаре ноқис ба шумор меравад, ки ин ба нафъи худи мутахассиси оянда, шогирдони ӯ ва аҳли ҷомеа нест. Дар бинои иловагии Донишкада як синфхонаи муҷаҳҳаз бо 30 адад компютер ташкил ва мавриди истифода қарор гирифт. Онҳо, яъне донишҷӯён, инчунин, ба зебоӣ, ободӣ бояд дилбастагӣ дошта бошанд. Бо ин мақсад, дар замини назди ҳавлигии таълимгоҳ 600 адад гулҳои мавсимии зимистона ва дар фасли баҳор 1500 дона гули садбарг ва 3000 гули мавсимӣ шинонда шуданд.
Дар саҳифаҳои рӯзномаи «Паёми донишҷӯ» ва маҷаллаи «Машъалафрӯз»-и Донишкада муҳассилин бо навиштаҳо ва тарҷумаҳои бадеияшон баромад мекунанд. Махсусан, таъсиси маҷалла ин имконро фароҳам овард, ки донишҷӯён бо масъулият ва муҳаббати хосса ба тарҷумаи бадеӣ рӯ биёранд.
Бешак, ба ин васила, раёсат ва омӯзгорони Донишкада дар тарбияи мутахассисони забондону тарҷумонҳои асил муваффақ шудаанд ва ба дастовардҳои нав ноил гардида метавонанд.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2022    №: 145    Мутолиа карданд: 708
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед