сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
27 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар рафти он сарварони ду давлат аҳамияти пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмуи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар маҷрои ҳусни ҳамҷаворӣ ва созандагӣ таъкид намуданд. Дар зимн, ҷиҳати тақвият бахшидани ин раванд, алалхусус дар ҷанбаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба, бар асоси саъю талошҳои муштарак изҳори умед карданд.
Миёни ҷонибҳо оид ба масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.07.2022 №: 145 Мутолиа карданд: 1121