иқтисод
КӮЛОБ. ШАҲР ОБОД, ЗИНДАГӢ РАНГИНТАР МЕШАВАД
Шаҳри бостонии Кӯлоб давоми солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагии Ватан бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳибкорони ҳимматбаланду шахсони саховатманд ва сокинони ватандӯсташ ободу зебо гардида, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои бесобиқа ба назар мерасанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи барномаву нақшаҳо бо мақсади рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва беҳбуди зиндагии сокинон, аз ҷумла дар нимсолаи якуми соли 2022 ба дастовардҳои қобили ситоиш, комёб гардидааст.
ТАЪМИНИ БЕШ АЗ 110 ДАРСАДИ ҚИСМИ ДАРОМАДИ БУҶЕТ
Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳр, дар суҳбат ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт, ки мувофиқи маълумоти раёсати молия ва нозироти андоз дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ нақшаи андозҳо 116,9 дарсад таъмин ва ба буҷет 61 миллион сомонӣ ворид гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 8,8 миллион сомонӣ зиёд аст. Нақшаи андозҳо якҷоя бо андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 110,8 дарсад таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 67 миллиону 127 ҳазор сомонӣ, 74 миллиону 376 ҳазор сомонӣ ворид шуд.
Бақияпулиҳои андоз 16,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 91 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Бо дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети шаҳр ба 16,1 миллион сомонӣ ё 100 фоиз маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо гашт.
Дар маҷмуъ, қисми даромади буҷет 110,9 фоиз иҷро ва қисми хароҷоти он 96 фоиз таъмин гардид. Аз ҳисоби музди меҳнат қарздорӣ ба қайд гирифта нашудааст. Инчунин, рухсатпулии омӯзгорон сари вақт ва пурра пардохт гардид.
Боиси қаноатмандист, ки тибқи дастури муҳтарам Пешвои миллат дар шаҳр филиали Корхонаи воҳиди давлатии саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» таъсис ёфт ва айни замон фаъолият дорад.
Нақшаи пешниҳоди қарз аз тарафи филиали мазкур дар соли ҷорӣ 27,7 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ба ҳолати 1 июл ба маблағи 5,9 миллион қарз ба соҳаҳои саноату сохтмон, кишоварзӣ ва савдо равона гардида, бо фоизҳои нисбат ба бонкҳои дигар пасттар дода шудаанд.
Аз ин ғамхории навбатии муҳтарам Пешвои миллат мардуми шарифи Кӯлоб ва соҳибкорон хело хушнуданд.
44 ЛОИҲА АМАЛӢ ВА ДАР 32 ЛОИҲА КОРҲО ОҒОЗ ШУДААНД
Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 16 лоиҳаи инвеститсионии мутамарказ дар соҳаҳои маориф, коммуналӣ ва кишоварзӣ татбиқ шуда истода, 27,9 миллион доллари амрикоӣ аз худ шудааст.
Тибқи қарори раиси шаҳр оид ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон” 113 нафар бо шаҳодатнома таъмин гардид.
Дар доираи амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020 - 2025, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 тасдиқ шудааст, 44 лоиҳаи пешбинишудаи соҳаҳои гуногун дар давраи солҳои 2020 - 2021 амалӣ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Инчунин, дар 32 лоиҳа корҳо оғоз шуда, бомаром идома доранд. Рафти амалишавии лоиҳаҳо зери назорати доимӣ қарор дошта, бо иҷрои саривақтии онҳо аксари мушкилоти ҷойдошта бартараф мегардад.
ФАРОГИРӢ БА ШУҒЛ ТАВСЕА МЕЁБАД
Дар ин давра бо роҳхати мақомоти шуғли аҳолӣ 585 нафар, аз ин 343 зан бо ҷойи кории доимӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун таъмин гардиданд. Тавассути корҳои фардӣ бошад, 19 нафар аз он 10 зан соҳиби кор шуданд, ки айни ҳол бо тиҷорат, нигоҳубини чорвои хонагӣ ва дӯзандагӣ машғуланд.
Инчунин, 9 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронда шуда, 119 нафар ба кори доимӣ таъмин ва 40 кас ба касбомӯзӣ роҳхат гирифт. Дар баробари ин, 160 шаҳрванди бекор, аз ҷумла 100 зан, тариқи худмаблағгузорӣ соҳиби касбҳои гуногун ва шаҳодатнома шуд.
Дар шаҳру деҳот 1148 ҷойи нави корӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, савдо, саноат ва ғайраҳо таъсис ёфт.
2022 - СОЛИ РУШДИ САНОАТ ВА РОҲҲОИ ОБОД
Бо назардошти эълон гардидани солҳои 2022 - 2026 Солҳои рушди саноат ва амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба рушди соҳаи саноат ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисодӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Соли ҷорӣ тибқи қарори раиси шаҳр Соли рушди саноат ва роҳҳои обод эълон гардида, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва дар нимсолаи аввал корҳои муайян амалӣ шуданд.
Барои таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхона ва коргоҳҳои нав ҳар ҳафта вохӯрии раиси шаҳр бо роҳбарону соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкороне, ки қитъаи замин барои бунёди корхонаҳо гирифтаанд, доир мегардад.
Мақсади асосии вохӯриҳо, бартараф намудани мушкилиҳои мавҷуда, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, вусъати бунёди корхонаҳои нав, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави кор ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба шумор меравад.
Ба ҳолати 1 июл корхонаи коркарди сангу шағали ҶДММ “Махсус” ва ҶДММ “Оби навруша” (истеҳсоли сафолаку хишти сементӣ) ба истифода супурда шуда, дар ин замина 20 ҷойи нави кор таъсис ёфт. Инчунин, дар ҶДММ “Комбинати хонасозии шаҳри Кӯлоб” се коргоҳи нав, бахусус коргоҳи истеҳсоли сафолак, хишти сабук ва сангҳои ороишӣ бо 20 ҷойи кор ва коргоҳи истеҳсоли сангреза дар ҶДММ “Мелиоратор” бо 10 ҷойи кор ба истифода дода шуданд.
Дар ин давра 28 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуда, ҶДММ “Ҳомид-2018” ва ҶДММ “Мустафо-2009”, ки соли гузашта фаъолият надоштанд, ба кор шуруъ карданд. Дар баробари ин, ҶДММ “Маъфар”, ки се сол боз аз фаъолият бозмонда буд, ба фаъолият оғоз карда, 4 нафарро ба кор ҷалб намуд. Ҳамчунин, коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикан дар ҶСК “Нидои Кӯлоб” баъди чанд соли бефаъолиятӣ моҳи июн ба фаъолият оғоз бахшид.
Ин буд, ки моҳҳои январ - июн ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 142,2 миллион сомонӣ баробар шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Корхонаҳои саноатии шаҳр, алалхусус ҶДММ “Сино 2013” бо муассисаҳои таълимӣ шартнома баста, 33290 либос дӯхтанд. Дар корхона 16 нафар занону духтарон фаъолият доранд. Дар бахши хусусӣ бояд 36 ҳазор дона либосҳои мактабӣ дӯхта шаванд.
Дар минтақаи саноатии шаҳр ба 11 соҳибкор қитъаи замин барои бунёди корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ҷудо гардид. Барои сари вақт ба истифода супурдани иншоот корҳо тибқи нақша идома доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарияти маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ лоиҳаҳои бунёди 10 корхонаи саноатиро омода намуда, барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ бо мактуби расмӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол намуд. Ҳамзамон, тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ба маъмурияти шаҳрҳои Кунияи Туркия, Ҳамадонии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Намури Шоҳигарии Белгия, ки бо шаҳри Кӯлоб бародаршаҳранд, мактуб ирсол ва аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки соҳибкорони худро ҷиҳати бунёди корхонаву коргоҳҳо ба МОИ “Кӯлоб” сафарбар созанд.
Айни замон дар МОИ “Кӯлоб” 5 субъект қайд шуда, бунёди корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомошинаҳо, коркарди намак, истеҳсоли равғани рустанӣ ва набот идома доранд.
60 КМ РОҲИ МАҲАЛЛӢ ТАЪМИРИ ҶОРӢ ШУД
Дарозии роҳҳои автомобилгарди шаҳру деҳот ҳамагӣ 344 км буда, аз ин аҳамияти байналмилалидошта 18 км, ҷумҳуриявӣ 26,1 км, маҳаллӣ 182,9 км, дохилишаҳрӣ 117 км, истифодаи умум 50 км ва дигар роҳҳо 67 километрро ташкил медиҳанд.
Дар ин давра муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр 60 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаро таъмири ҷорӣ намуд. Аз тарафи Вазорати нақлиёт 79,3 ҳазор сомонӣ барои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳо ҷудо гардид.
Барои таъмини ҳаракати бехатари нақлиёт ва пешгирии тамбашавӣ дар хиёбони марказии шаҳр, роҳи алтернативӣ дар кӯчаи Чармгарони Поён бо дарозии 850 метр ва бо маблағгузорӣ аз буҷети маҳаллӣ таъмиру навсозӣ шуда истодааст. Айни замон корҳои мумфаршкунӣ дар арафаи анҷомёбист.
Дар баробари ин, барои танзими ҳаракати нақлиёт ва таъмини бехатари пиёдагардону нақлиёт 5 чароғаки рақамӣ дар кӯчаҳои шаҳр насб шуд. Дар канори хиёбони И. Сомонӣ таваққуфгоҳ барои 50 автомошина сохта шуд. Аз ҷониби соҳибкорон тариқи ҳашар 2,6 км роҳ сангфарш гашт.
35 ИНШООТ ДАР 6 МОҲ
Дар соҳаи сохтмон сармояи асосӣ 93,1 миллион сомонӣ, корҳои сохтмонӣ - васлгарӣ 76,9 миллион сомонӣ, пудратӣ 40,3 миллион сомонӣ ва фондҳои асосӣ 90,7 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд.
Дар шаш моҳ 35 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Айни замон сохтмони 150 иншоот, аз ҷумла 25 иншооти истеҳсолӣ, 7 бинои истиқоматӣ, 10 муассисаи таълимӣ, 2 муассисаи тиббӣ, 6 иншооти варзиш, 5 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 4 иншооти кашидани хати об, 27 иншооти хизматрасонӣ, 23 нуқтаи савдо ва ғайра идома дорад.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилоташ ба забони русӣ барои 1224 хонанда, воқеъ дар хиёбони Сомонӣ, айни замон корҳои андовакунии дохили бино, шинондани дару тирезаҳо идома дошта, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хати барқ, алоқа ва обу ташноб то иншоот кашонда шуд. Дар иншоот сокинони маҳаллӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба корҳои сохтмонӣ машғуланд. Тибқи нақша, муассиса моҳи сентябри имсол мавриди истифода қарор мегирад.
ВУСЪАТИ КИШТИ ТАКРОРӢ
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 209,5 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 104,1 дарсадро ташкил дод. Истеҳсоли пилла ба 1332 килограмм расид, ки 53 фоизи нақша мебошад.
Аз 1050 тонна нақшаи пешбинигардида, 270 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд. Аз майдони умумии 10606,8 гектар замини нақшавӣ, дар 10665 гектар кишт гузаронда шуд. Дар маҷмуъ, дар майдони 1613 гектар, дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва бахши аҳолӣ кишти такрорӣ гузаронда шуда, ин тадбир бомаром идома дорад.
Нақшаи ниҳолшинонӣ ва сабзкорӣ 103,6 дарсад иҷро гардид. Дар ин муддат 12 маротиба аксияҳои “Тозагии соҳил”, 28 аксияи “Тозагии маҳал”, “Тозагии роҳҳо” бо иштироки 6235 нафар доир ва 17254 м3 партовҳо безаррар гардонда шуд.
Самаранок истифода бурдани замин ва пешгирии қонуншиканӣ зери назорати доимӣ қарор дорад. Дар ин давра аз тарафи кумитаи идораи замин 68 қонуншиканӣ вобаста ба замин дар майдони умумии 3,3 гектар ошкор ва 30,3 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, 19,5 ҳазор сомонӣ рӯёнда шуд.
БЕШ АЗ 62 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ СОҲИЛБАНДӢ
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин чораҳои заруриро амалӣ кард. Аз ҷумла, 14,6 км заҳбуру заҳкашҳо ва 23,8 км шабакаҳои обдиҳиро тоза намуд. Дар натиҷа, ҳолати 38 гектар заминҳои корам беҳтар гардид. Инчунин, 3 истгоҳи обкашӣ, ки дар онҳо 4 пойгоҳи обкашӣ насб гардидааст, аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, дар ҳолати корӣ қарор гирифт.
Корҳои соҳилбандӣ дар сойҳои Тебалай, Шураксой, Девонасой дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2021 оғоз гардида, тибқи харҷнома маблағи он 62,1 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, аз ин дар соли ҷорӣ 27,4 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.То ҳол аз маблағи ҷудогардида зиёда аз 25 миллион сомонӣ бо ин мақсад масраф шудааст.
МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
Теъдоди умумии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр 75-то ва шумораи омӯзгорон 3652 нафар (аз ҷумла занон 2509), бо таҳсилоти олӣ 2883 (1898 зан), олии нопурра 320 нафар, миёнаи касбӣ 449 нафарро ташкил медиҳанд. Шумораи хонандагон 52810 нафар буда, шумораи тарбиятгирандагон дар муассисаҳои томактабӣ ба 2423 кас расид.
Дар муассисаҳои таълимӣ давраи якуми қабули донишҷӯён ба муассисаҳои олӣ тибқи Квотаи президентӣ доир гашта, дар даври дуюм 114 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, дар даври сеюм, яъне ҷумҳуриявӣ, 23 нафар, аз ҷумла 12 духтар тибқи Квотаи президентӣ дар соли ҷорӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шуданд.
Дар олипиадаҳои ҷумҳуриявӣ 118 хонандаи синфҳои 5 - 11 ғолиб омада, 10 нафар сазовори ҷойи якум, 28 ҷойи дуюм, 65 ҷойи сеюм ва 15 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Соли ҷорӣ 170 хонанда дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 15 нафар ҷойи якум, 58 кас ҷойи дуюм ва 97 нафар ҷойи сеюм гардиданд.
Дар асоси Барномаи давлатии рушди муассисаҳои маорифи вилояти Хатлон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, сохтмони муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи Абдушукурова, сохтмони муассисаи таълимӣ барои 320 ҷойи нишаст дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ ва сохтмони муассисаи таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Гулистони деҳоти Зарбдор аз ҳисоби маблағҳои Фонди саудии рушд идома дорад.
Ҳамзамон, дар доираи амалигардонии лоиҳаи муштараки Бонки исломии рушд шарики глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи рушди маориф дар шаҳру деҳоти Кӯлоб сохтмони биноҳои иловагӣ дар 7 муассисаи таълимии №№ 36, 14, 13, 28, 42, 21 ва 49 барои 1680 ҷойи нишаст оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Сохтмони муассисаи томактабӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 низ оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар ҷараёнанд.
Имсол дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора”, ки дар ноҳияи Муъминобод қарор дорад, аз таъмир бароварда шуда, теъдоде аз хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд.
ТАШРИФИ 48887 САЙЁҲИ ДОХИЛИВУ ХОРИҶӢ
Дар шаҳр ва деҳот 384 чорабинии оммавӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ, аз ҷумла озмунҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, конфронсҳо, мизҳои мудаввар, варзишию омӯзишӣ доир ва дар онҳо 29,8 ҳазор нафар ҷавонон иштирок намуданд. Ба онҳо дар мавзуъҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронда шуданд.
Барои ҷалби ҷавонон ба варзиш 15 мусобиқа бо иштироки 780 нафар баргузор гардид.
Муассисаи давлатии мактаби варзишии кӯдакону наврасони шаҳр фаъолияти худро аз рӯи 12 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки 4560 кӯдаку наврас аз тарафи 23 мураббӣ ба тамрин фаро гирифта шудаанд.
Дар ҳудуди шаҳр 38 ёдгории таърихӣ, 19 меҳмонхонаи замонавӣ, 7 мавзеи сайёҳӣ, 4 осорхонаи таърихию фарҳангӣ, 3 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 5 зиёратгоҳ ва як хонаи сайёҳон мавҷуд мебошад.
Теъдоди сайёҳони хориҷии ба шаҳр воридшуда дар ин давра 414 ва сайёҳони дохилӣ 48473 нафарро ташкил дод.
МУШКИЛИ ОБИ НӮШОКӢ АЗ БАЙН МЕРАВАД
Бо дастгирии Пешвои миллат аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи 16,2 миллион евро лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” оғоз гардида, барои хариди техникаҳои соҳавӣ, обченкунакҳо ва дигар таҷҳизотҳои зарурӣ тендер эълон ва 4 техникаи махсусу 10,2 ҳазор обченкунак ворид шуд.
Дар натиҷаи татбиқи пурраи лоиҳаи зикргардида, масъалаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳр ҳалли худро ёфта, баъди таъмиру таҷдиди лӯлаҳои корезӣ вазъи санитарию гигиенӣ беҳтар мешавад.
Соли ҷорӣ равшаннамоии 14 кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр дар доираи амалишавии лоиҳаи таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳрӣ беҳтар гардид.
Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» идома дошта, 12 техникаи махсус ва ёрирасон ва 660 қутии оҳании партов оварда шуд. Аз 10 қарордоди ба имзо расида, 7 қарордод амалӣ гардида, 3 қарордоди сохтмонӣ идома дорад.
ПЕШСАФӢ ДАР ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ БА АРТИШИ МИЛЛӢ
Имсол дар маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Масаллаҳ шаҳр пеш аз муҳлат нақшаро ба итмом расонд. Ҳамзамон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат аз ҷониби мақомот ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо иштироки роҳбарият, водидайни сарбозон, собиқадорон, ҷавонон ва аҳли илму фарҳанг дидорбинии сарбозону афсарон дар қисмҳои низомии шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Кӯлоб Восеъи вилояти Хатлон, Ашт, Гулистон, Бӯстон, Конибодоми вилояти Суғд ва шаҳри Хоруғи ВМКБ сурат гирифта, волидон аз шароити мусоиди хизмати фарзандони худ дар Артиши миллӣ дидан карданд. Ба онҳо дастархони идона ороста, кумаки яквақтаина, инчунин, барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод шуданд.
ТАЪМИРУ НАВСОЗИИ 462 ИНШООТИ ҶАШНӢ
Бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311, “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори раиси шаҳр аз 30 марти соли 2022 ба тасвиб расида, корҳои омодагӣ бомаром идома доранд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бунёд, таъмир ва навсозии 462 иншооти гуногун пешбинӣ гардидааст. Ба ҳолати 1 июл 35 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, ба истифода додани 25 иншоот то таҷлили 31-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назар аст.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб минбаъд ҳам ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои худ дар масъалаи таъмини рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешидаву амалӣ менамояд. Сокинони шаҳр дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ободонии бештари шаҳр, беҳбуди зиндагӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз тамоми имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат мақсаднок истифода хоҳанд бурд, - гуфт дар охири суҳбат раиси шаҳр.
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.08.2022 №: 147 Мутолиа карданд: 1028