сиёсат
ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАШҚГОҲИ ҲАРБИИ ФАХРОБОД
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи десантчиёни тоҷик ва бо мақсади шиносоӣ аз вазъи будубоши ҳайати шахсии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ ба машқгоҳи ҳарбии Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод вазири мудофиа, генерал-полковник Шералӣ Мирзо истиқбол гирифт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, дар ҳудуди машқгоҳ бо намунаи як қатор техникаҳои вазнини муосири ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҷангӣ ва бинову иншооти ёрирасони ҳайати шахсии ин ҷузъи низомӣ шинос гардиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.08.2022 №: 148 Мутолиа карданд: 1044