иқтисод
ВАХШ. НОҲИЯЕ ДАР МАСИРИ РУШД
Боиси ифтихор аст, ки сокинони сарбаланду меҳмондӯсти ноҳияи Вахш солҳои охир бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи худ дар ободиву пешрафти ин мавзеи зархези Тоҷикистони азиз ва дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои миллиамон саҳми арзишманди хешро гузошта истодаанд, ки ба ҳамаи онҳо дар ҷодаи вусъати амалҳои созандаашон барору комёбиҳо орзумандам.
Эмомалӣ РАҲМОН
БО ҚАДАМҲОИ УСТУВОР БАРОИ ИМРӮЗУ ОЯНДАИ НЕК
- Дар шаш моҳи соли равон дар ноҳияи Вахш ҷиҳати таъмини ҳадафҳои стратегии кишвар, ки ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, ташкили коргоҳҳои нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда, афзоиши содироти молу маҳсулоти гуногун, тараққии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, коммуникатсионӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва вусъатбахшии корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидаанд, чораҳои мушаххас андешида шуда, онҳо ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор гирифтаанд, - мегӯяд Қурбон Юсуфов, раиси ноҳия.
Зикр бояд кард, ки самари кор дар натиҷаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 18 июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара ҳангоми машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон садо доданд, вусъати боз ҳам тоза гирифт.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулони шаҳру ноҳияҳоро ба масъалаи истифодаи заминҳои обӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши кишти такрорӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо, риояи қоидаҳои агротехника, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, гирифтани 3 - 4 ҳосил ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ҷалб сохтанд.
КОРИ БОБАРОРИ КИШОВАРЗОН
Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳолати 1 июли соли 2022 самаранок заҳмат кашида, дар майдони 17 ҳазору 461 гектар зироат, аз ҷумла дар майдони 3 ҳазору 74 гектар ғалладонагиҳо ва лӯбиёиҳо, 230 гектар ҷуворимакка барои дон, 350 гектар картошка, 1 ҳазору 22 гектар сабзавот, 1 ҳазору 275 гектар полизӣ ва 1 ҳазору 988 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.
Ҷиҳати фаровонсозии бозорҳои мамлакат 27 ҳазору 708 тонна ғалладонагиҳо, 14 ҳазору 56 тонна картошка, 37 ҳазору 750 тонна сабзавот, 2 ҳазору 20 тонна мева, 19 ҳазору 546 тонна полизӣ, 2 ҳазору 158,9 тонна гӯшт, 10 ҳазору 77,8 тонна шир, 213,7 тонна пашм, 9,7 тонна пилла ва 28 ҳазору 405 тонна хӯроки чорво истеҳсол шуданд.
Барои таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир, маҳсулоти гӯштию ширӣ рушди соҳаи чорводорӣ муҳим буда, дар давраи ҳисоботӣ чорводорони ноҳия ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвою паранда афзуд. Наслгирӣ низ барзиёд иҷро гардид. Меҳнаткашон дар майдони 9 ҳазору 402 гектар пунба киштанд, ки алҳол рустаниҳо ғарқи шонаву гулу кӯраканд.
Мувофиқи ҳисоби оморӣ, дар майдони 8 ҳазору 111 гектар ё баробар ба 103,2 фоизи нақша кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузарондаанд, ки аз ин дар бахши ҷамъиятӣ ба ҷойи 1 ҳазору 998 гектари нақша 2 ҳазору 970 гектар кишт шудааст, ки 148,6 фоизро ташкил менамояд.
Иҷрои нақшаи содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар ин давра ба 4 ҳазору 309 тонна ё ин ки 100,2 фоиз расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 79 тонна зиёд аст.
Самаранок ва оқилона истифода бурдани замин, ки яке аз омилҳои пешрафт ва зиёд гардидани маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, дар ноҳия мувофиқи мақсад ҷараён дорад.
РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ
Пешрафти ҷомеа, аз ҷумла беҳбудии шароити зиндагии арзандаи мардум, ба соҳаи иқтисодиёт зич алоқаманд буда, истифода намудани ҳамаи имкониятҳо дар самти иҷрои нақшаи андозҳо муҳим мебошад.
Дар шаш моҳи соли 2022 ҷамъоварии андозҳои давлатӣ101 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 22 миллиону 657 ҳазору 555 сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 123 ҳазору 555 сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 174,6 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дар маҷмуъ, бо назардошти андози иҷтимоӣ иҷрои пардохти андозҳо ба 103 фоиз расида, ба буҷет 28 миллиону 972 ҳазору 476 сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 708 ҳазору 258 сомонӣ ва дар қиёс ба 1 июли соли 2021-ум 2 миллиону 568 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
САРМОЯГУЗОРӢ
Ба ҳолати 1 июли соли равон дар ноҳия 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мегардад, ки маблағи умумии азхудшуда 16,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкор Бароталӣ Юсуфзода бо маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ корхонаи нассоҷӣ, аз маблағҳои ҷумҳуриявӣ бо арзиши 48 миллиону 912 ҳазор сомонӣ коллеҷи аграрӣ, аз ҳисоби Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳёи Сомон” ба маблағи 8 миллион сомонӣ ва 800 ҳазор сомонӣ мактаб-интернат ва мактаби деҳаи Иттифоқ бунёд ёфта истодаанд.
ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ва соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони 150 иншоот дар шаҳраку деҳот дар нақша аст ва дар шаш моҳи соли равон 5 иншоот ба истифода дода шуда, 25 ҷойи корӣ ташкил ёфт. Гуфтанист, ки иншооти бунёдёбанда, таъиноти гуногун дошта, сар аз корхонаю коргоҳҳои саноатӣ то кашидани хатти оби нӯшокӣ, сангфаршу мумфарш кардани роҳҳоро дар бар мегиранд. Баъд аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо, фаъолияти дилхоҳ идора боз ҳам беҳтар ва сатҳи зиндагии сокинон ба талаботи рӯз мувофиқтар хоҳад гардид.
МАРДУМ ҚАНОАТМАНДАНД
Вобаста ба навгонию пешравиҳои ноҳия дар солҳои охир назари чанде аз ҳолдонҳоро манзур мекунем.
Муҳаммадшариф Ғоибов, сокини шаҳри Бохтар:
- Модар ва бародаронам дар Вахш ба сар мебаранд. Ҳар дафъае, ки баҳри аёдати онҳо вориди маркази ноҳия мешавам, тағйироти зиёди мусбатро мушоҳида мекунам. Ҳама ҷо тозаву озода, шабонгоҳон тираву тор не, равшану чароғон аст. Баҳри фароғати сокинон боғчаҳо, дуконҳои ғизофурӯшии шабонарӯзӣ амал мекунанд. Роҳҳо тахту ҳамвор ва равшан, аз ин рӯ кас хушҳол мешавад.
Райҳонгул Муродова, сокини ноҳияи Вахш:
- Солҳои пеш, агар ягон нафар аз аҳли деҳае бемор мешуд, маҷбур будем, ки ба муассисаҳои табобатии маркази ноҳия ё шаҳри Бохтар муроҷиат кунем. Ба шарофати сиёсати оқилонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳ мондани бунёди инфрасохтори муҳим, бахусус бунгоҳҳои тиббӣ дар маҳалҳо, ҳоло ин мушкили сокинон дар ҳамаи деҳот ҳал шудааст.
Диловар Ғуломов, донишҷӯйи ДДБ ба номи Носири Хусрав, сокини ноҳия:
- Хоҳ шаб, хоҳ рӯз мо дигар мушкили рафтуомад надорем. Зеро аксари роҳҳои дохилӣ ба ҳолати хуб оварда шуда, дар як шабонарӯз 24 соат нақлиёти мусофирбар пайдо кардан осон аст. Дар деҳот пешравиҳо зиёданд, ки ин ҳама бегуфтугӯ боиси шукргузориянд.
Шабафрӯз, шоираи Вахш:
Ба дидан Вахши моён зарнисор аст,
Замини Вахши моён файзбор аст.
Аҷаб неъмат диҳад, к-аз баҳри мардум
Зи шодӣ ашки чашмам нуқравор аст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.08.2022 №: 149 Мутолиа карданд: 753