logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. ПАЙОМАДИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БА СОҲАИ ИҚТИСОДСОЗ ЧӢ ГУНА ХОҲАД БУД?

Соҳаи кишоварзӣ сарчашмаи даромади сеяки аҳолии сайёра аст. Тибқи иттилои мутахассисон, дар як қатор кишварҳои Осиё ва Африқо беш аз нисфи аҳолӣ ба зироаткорӣ машғуланд. Айни ҳол дар саросари дунё, бар асари тағйирёбии иқлим, соҳа дучори мушкилӣ гардидааст. Коршиносони Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ ба хулосае омаданд, ки маҳз бо сабаби тағйирёбии иқлим пас аз соли 2030 дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳосилнокӣ паст мешавад. Баландшавии ҳарорати ҳаво, сатҳи оби дарёҳо ва хушкиву офатҳои табиӣ аз таҳдидҳои асосӣ ба шумор мераванд ва табиист, ки дар ин ҳолат таъмини амнияти озуқаворӣ зери суол қарор мегирад. 
 
МИНТАҚАРО БУҲРОНИ ИҚЛИМ ФАРО МЕГИРАД Ё ҲИНДУСТОНУ ПОКИСТОН ДАР ЧӢ ҲОЛАНД? 
 
Гармои тулонӣ ва шадид дар аксар минтақаҳои Ҳиндустону Покистон ҳаёти садҳо миллион нафарро зери хатар гузошта, камчинии ғизо ва неруи барқро ба вуҷуд овардааст. Ба андешаи коршиносон, минтақаро буҳрони иқлимӣ фаро гирифтааст. Имсол гармии шадид ба Ҳиндустон аз ҳарвақта дида, барвақттар омад. Ҳарорати ҳаво дар пойтахти кишвар шаҳри Деҳлии Нав ва қисмате аз Покистон то ба 50 дараҷа расида, зиндагии муқаррарии аҳолиро дигаргун сохт. Чунин вазъ, хусусан ба деҳқонон, таъсири ногувор расонд. Бо ҳамин сабаб, майдонҳои кишт хушк шуданд. 
"Соҳаи кишоварзӣ зери таҳдид қарор дорад. Дар ин раванд, хушксолӣ шадидтар ва дастрасӣ ба об мушкилтар мегардад. Ин, албатта, ба таъмини амнияти озуқаворӣ мушкил эҷод менамояд ва бояд гуфт, ки минтақа, аллакай, бо норасоии ғизо дучор омадааст",- иброз дошт мутахассис оид ба мутобиқшавии молиявӣ ба тағйирёбии иқлими Барнома оид ба муҳити зисти СММ Сумали Ҳосла. 
Сомонаи СММ аз Ҳиндустон ҳамчун дуюмин кишвари истеҳсолгари гандум дар ҷаҳон ном мебарад, ки ба хотири пешгирии камбуди маҳсулот дар дохил, содироти онро манъ кард. Як сабаби камчинии маҳсулот ва ҷаҳиши якбораи нархҳо дар ҷаҳон низ ҳамин омил мебошад.
 
МИНТАҚАРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
 
Ба андешаи Марк Радка, сардори шуъбаи энергетика ва иқлими СММ, гармшавии сайёра маънои онро дорад, ки талабот ба сардӣ (бахусус, истифодаи кондитсионерҳо) зиёд мешавад. Дар ин сурат, системаи энергетикӣ заиф гашта, ба қатъ шудани неруи барқ ва ба амал омадани садамаҳо оварда мерасонад. Одамон маҷбур мешаванд ба генераторҳои дизелӣ гузаранд, ки партовҳои газҳои гулхонаӣ афзоиш ёфта, буҳрони иқлим ва ифлосшавии ҳаворо шадидтар мекунад.
Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ба ин назаранд, ки дар ҳоли наандешидани чораҳои мутобиқшавӣ, таъсири тағйирёбии иқлим дар Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ харобиовар хоҳад буд. 
Тибқи таҳлилҳо, офатҳои табиӣ дар минтақа рушди солонаи иқтисодиро як – ду дарсад коҳиш медиҳад ва интизор меравад, ки баробари гарм шудани ҳавои сайёра, ин падидаҳо бештар ва шадидтар мешаванд.
Тибқи маълумотҳо, ҳарорати ҳаво дар минтақа тайи сӣ соли охир 1,5 дараҷа боло рафтааст. Аз ин кишварҳои иқлимашон гарм зарари чашмрас мебинанд. Гузашта аз ин, дар панҷ кишвари гармтарин (Баҳрайн, Ҷибути, Қатар, Мавритания ва Амороти Муттаҳидаи Араб) як дараҷа боло рафтани ҳарорати ҳаво афзоиши иқтисодиро тақрибан ду дарсад коҳиш медиҳад.
 
ҲАМ ҲАҶМ ВА ҲАМ СИФАТИ МАҲСУЛОТ ПОИН РАФТ 
 
Мутахассисон бар ин назаранд, ки дар натиҷаи хушксолии бесобиқа, туфону фурӯравии замин таъмини аҳолии кишварҳои Африқо бо ғизо ба яке аз масъалаҳои ҳалталаби даҳсолаи оянда мубаддал мегардад. Дар Мексика бар асари хушкӣ майдонҳои кишти ҷуворӣ сол ба сол коҳиш меёбанд, ки бахши асосии хоҷагии халқи кишвар ба ҳисоб меравад. Аҳолии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бошад, асосан, дар резишгоҳи дарёҳо шолӣ мекоранд. Вале бо назардошти он ки сатҳи оби уқёнусҳо баланд шуда истодааст, ин заминҳо шӯр гашта, кишт низ дар онҳо ғайриимкон мегардад. Махсусан, дар резишгоҳи дарёи Меконги Ветнам, ки яке аз марказҳои асосии парвариши биринҷ ба ҳисоб меравад, чунин ҳолат пеш омадааст. 
Қаҳва аз маҳсулоти асосии истеҳсолии Бразилия, Индонезия ва Коста-Рика маҳсуб меёбад. Танҳо дар Бразилия солона 2 миллион тонна қаҳва истеҳсол мешавад, ки дар натиҷаи вазъи баамаломада ҳам ҳаҷм ва ҳам сифати маҳсулот поин рафт. Бояд гуфт, ки парвариши қаҳва иқлими махсусро талаб менамояд. Дар кишварҳои тропикӣ, асосан, дар баландкӯҳҳо онро кишт мекунанд. Вале хароҷоти ин заминҳо нисбат ба заминҳое, ки дар ҳамвориҳо ҷойгиранд, хеле гарон аст… 
 
ТО СОЛИ 2050 МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?
 
Вазъи ҷаҳон нишон медиҳад, ки мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад ва дастгирии байналмилалиро тақозо дорад. Тибқи пешгӯии Фонди байналмилалии асъор, дар сурати наандешидани чораҳои дахлдор, оқибатҳои тағйирёбӣ барои кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ногувор хоҳад буд. Эҳтимол меравад, ки дар Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Қафқозу Осиёи Марказӣ ва Покистон боришот камтар шуда, ба вуҷуд омадани хушксолӣ низ дар назар аст. Аз ин ҷараён, мутаассифона, Тоҷикистон низ дар канор намемонад. 
Дар гузориши Барномаи рушди СММ зикр мешавад, ки то соли 2030 дар Қазоқистон ҳосилнокии гандум, тақрибан, аз 13 то 37 дарсад коҳиш меёбад ва то соли 2050 ин рақам шояд то ба 50 дарсад расад. Кам шудани истеҳсоли гандум дар Қазоқистон, ки яке аз кишварҳои пешсафи содиркунандаи он дар ҷаҳон аст, метавонад зарба ба таъмини амнияти озуқаворӣ занад. 
 
ВАЗЪИ ҶАҲОН БОЗ ҲАМ ВАЗНИНТАР МЕШАВАД, ЧӢ БОЯД КАРД?
Ҳамин тавр, кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, ки аз вазъи иқлим вобастагии калон дорад. Тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзии кулли кишварҳои олам таъсири ногувор мерасонад. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон бо ишора ба ин нукта баён доштанд, ки тибқи арзёбии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ вазъи ҷаҳон имсол ва соли оянда боз ҳам вазнинтар шуда, шумораи одамоне, ки ба гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар баробар мегардад. Ҳамзамон, тибқи пешгӯии ин Созмон мавсими солҳои 2022 – 2023 тавлидоти ғалла дар ҷаҳон кам мешавад. Дар ин давра истеҳсоли он нисбат ба соли гузашта 16 миллион тонна, аз ҷумла гандум 6 миллион тонна ва биринҷ 1,3 миллион тонна, коҳиш меёбад. Бинобар ин, Сарвари давлат аз тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оила  даъват намуданд, ки ба истифодаи самарноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ, ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ, диққати аввалиндараҷа диҳанд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2022    №: 149    Мутолиа карданд: 1074
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед