маориф
МАОРИФ. БАРДОШТ АЗ МУАССИСАЕ, КИ ФАЪОЛИЯТАШ ИБРАТОМӮЗ АСТ
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 19 ноябри соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, дар кӯтоҳтарин муддат бо сифати таҳсилот, шароити таълим ва омӯзгорону хонандагони болаёқат миёни муассисаҳои таълимии пойтахт номвар гардид.
ҶОЙИ АВВАЛ ДАР МИҚЁСИ КИШВАР
Соли ҷорӣ дар олимпиадаи даври сеюм (шаҳрӣ) 103 хонандаи муассиса иштирок намуда, 27 ҷойи ифтихориро ба даст овард. Аз ин 7 медали тилло, 14 нуқра ва 6-то биринҷӣ. Дар олимпиадаи даставӣ байни хонандагони синфҳои 9 – 10 боз 7 ҷойи ифтихорӣ насиби хонандагони муассиса гардид. Дар натиҷаи қарори кумитаи тадорукотии олимпиада, муассиса аз рӯйи номинатсияи “Беҳтарин дастаи ҳаракати олимпии муассисаи таълимии шаҳри Душанбе” дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи пойтахт, бо гирифтани 34 ҷойи ифтихорӣ сазовори ҷойи аввал шуд.
Дар даври ҷумҳуриявии олимпиада муассиса 56 ҷой (11 ҷойи I, 13 ҷойи II, 32 ҷойи III) ва 5 ҷойи ифтихориро ба даст оварда, дар миқёси кишвар ҷойи аввалро гирифт.
Ба ҷуз аз ин, 7 хонанда бо гирифтани ҷойҳои якуму дувум дар олимпиадаҳои байналмилалии “Анталия – 2022” (Туркия) ва ISI JUNIOR (Россия) шарафи Тоҷикистонро боз ҳам баланд бурданд.
Аз ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ва хоҳишмандон дастаи олимпии муассиса таъсис ёфт. Дар давраи таътили тобистона низ машғулиятро давом дошта, барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 200 толибилм омодагӣ мебинад. Ҳоло дар муассиса 5 хонанда гирандаи Стипендияи президентӣ ва 11 хонанда гирандаи стипендияи раиси шаҳри Душанбест. Хонандагони муассиса Бурхвалӣ Қурбонов дар даври ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” соҳиби ҷойи I ва Юсуфҷон Наҷмуддинов дар даври шаҳрии ин озмун соҳиби ҷойи III шуданд.
СОҲИБИ АКАДЕМИЯИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ
Равшан Каримов, директори муассиса, изҳор медорад, ки яке аз сабабҳои пешрафт, пур кардани вақти холигии хонандагон, бахусус хонандагони баистеъдод аст. Мувофиқи завқу салиқа, онҳоро ба гурӯҳҳои махсус, физикон, математикон, кимиёгарон, рассомон ва варзишгарони ҷавон ҷудо карда, кори пайваста бо омӯзгорро таъмин намудем. Устодони донишёр бо гузарондани семинарҳои фаннӣ толибилмонро ба моҳияти омӯзиш наздик меоранд. Шурои мутахассисони ҷавон таҳти роҳбарии устоди пуртаҷриба Рустам Ҳамедов омӯзгорони ҷавонро ба сарпарастӣ гирифта, робитаи онҳоро бо омӯзгорони собиқадор, ҳамчун мураббӣ таъмин мекунад. Ин даргоҳи адаб аз камшумортарин муассисаҳои таълимии мамлакат аст, ки дар назди худ Академияи фанҳои дақиқ дорад.
- Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Сарвари кишвар ба омӯзиши фанҳои дақиқ авлавият додаем. Таъсиси академия бо фарогирии 15 омӯзгори ботаҷрибаву забондон ҳамин ҳадафро пайгир аст. Устодони мо ҳоло бо навиштани силсилаи китобҳои фанҳои дақиқ ва омодагӣ ба олимпиадаҳо машғуланд. Китобҳо барои омодашавандагон, иштирокдорон ва ширкаткунандагони сабқатҳои байналмилалӣ нигаронда шуда, ба онҳо таҷрибаву малакаи варзиши ақлу заковатро талқин мекунанд, - гуфт Равшан Каримов.
АЗ ҲАМКОРӢ БО ВОЛИДОН ТО ҲУҶРАИ РАВОНШИНОСИИ RELAХ
- Мо бояд амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи кӯдакону наврасон бидуни пайвастагӣ бо оила ба мақсад расидан мумкин нест. Ҷараёни ташаккули хислатҳои неку бади инсон, асосан, аз хонавода ибтидо мегирад. Хушбахтона, ба дарки ин масъала падару модарони хонандаҳои мо мерасанд ва таълиму тарбияи фарзандро танҳо ба дӯши омӯзгор намегузоранд. Дар ҳолати ногувории вазъи руҳии хонандагон ва дар баъзе маврид омӯзгорон муассиса дар назди худ ҳуҷраи ёрии психологии Relaх-ро фаъол кардааст. Ин ҳуҷра аз асбоби аёнӣ, оромибахш ва манзараҳои табиат саршор буда, мутахассиси кордон, равоншиноси ботаҷриба, раиси занҳои муассиса Маҳбуба Бозорова бо корафтодагон суҳбатҳои психологӣ ва семинарҳо мегузаронад. Ҳатто, баъзе хонандагони аз ҷиҳати равонӣ мушкилдошта, ҳамроҳи волидони худ, фориғ аз дарс ба маслиҳати равоншинос номнавис мешаванд, - афзуд директори муассиса.
Китобхонаи ин дабистони замонавӣ бо фарогирии 10 ҳазор нусха китобҳои бадеӣ, илмӣ, варзишӣ ба талабот ҷавобгӯст. Азбаски соли 2022 дар шаҳри Душанбе “Соли мутолиаи китоб” эълон шудааст, ҳамарӯза хонандагони муассиса ба китобхона барои гирифтану мутолиа намудани китобҳои бадеӣ муроҷиат мекунанд. Озмоишгоҳи фаннӣ низ бо навтарин асбобу афзор ва моддаҳои кимиёӣ, физикӣ ва биологӣ таъмин аст.
Ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022 айни замон дар кабинети технологияи информатсионӣ 25 компютер васл аст, ки ба сари ҳар хонанда як компютер рост меояд. Бештари хонандагон бо роҳбарии омӯзгори ҷавону боистеъдод Нилуфар Раҷабова дарси барномасози (С++)-ро аз худ кардаанд. Дастпарварони ин омӯзгор чун барномасозони оянда дар миқёси ҷумҳурӣ муаррифӣ шудаанд, зеро онҳо ғолибони озмунҳои шаҳриву ҷумҳуриявианд.
Кабинети технология (таълими меҳнат) низ барои духтарон ва писарон дар алоҳидагӣ сохта шуда, бо асбоби коркунӣ, пухтупаз ва сохтани ҳар гуна ашё таъмин мебошад.
Бино ба гуфтаи директор, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва донишандӯзӣ, инкишофи зеҳнии хонандагон, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон бо назардошти ислоҳоти соҳа ва пешравии босуръати ҷомеа ҳадафҳои ҳамешагии омӯзгорону масъулони муассиса боқӣ мемонад. Таъкидҳо, ҳидоятҳо ва фармудаҳои Сарвари давлат дар мавриди маориф зарҳалқаи гӯши мост ва дар партави онҳо зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.08.2022 №: 151 Мутолиа карданд: 2722