фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
МУАММОИ «ОСОИШ»
1. Мошини пурқуввати ҷангӣ. 2. Навъи ранг. 3. Асбоби мусиқӣ. 4. «Кардам аз *** савол ин ки чӣ бошад имон». (Шамси Табрезӣ). 5. Кӯл дар Санкт – Петербург. 6. Ҳаммаънои фармон. 7. Ноҳия дар Тоҷикистон. 8. Воситаи бозӣ дар соҳаи варзиш. 9. Бо он менависанд. 10. Навъи санъат. 11. Ҷинси кӯҳӣ. 12. Ғалладонагӣ. 13. Хазанда. 14. «То ҳаст зи ҷонам ***е, кори ман ин аст» (Камол). 15. Шеъри Пайрав Сулаймонӣ. 16. Хӯроки миллӣ. 17. Қаҳрамони афсонаҳои тоҷикӣ. 18. Ноҳия дар Тоҷикистон. 19. Сухани пеш аз марг. 20. Ҷумҳурӣ дар қитъаи Осиё. 21. Авиаконструктори тайёраи «Як – 40». 22. Адиби шинохтаи Озарбойҷон. 23. Ҳарфи алифбои ниёгон. 24. Аз оилаи лӯбиёгиҳо. 25. Қаҳрамони «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 26. Нобино бо арабӣ. 27. «***и ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст» (Ҳофиз). 28. «Аблаҳонро ҳама *** зи гулобу қанд аст» (Ҳофиз).
Мураттиб Муҳаммадсафар ЯТИМОВ,
сокини шаҳри Ваҳдат
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
БИЁЕД АЗ ХУДАМОН ШУРУЪ КУНЕМ!
Ҳунарманди машҳури Ҳолливуд Ричард Гир барои дарки эҳсоси одамони бенаво бо либосҳои чиркину нимбараҳна як рӯзро қатори онҳо дар хиёбонҳои Ню – Йорк гузаронд. Давоми рӯз танҳо як хонум бо ӯ меҳрубонӣ карду каме хӯрок ҳам дод, дигарон бошанд, на танҳо кумак накарданд, балки борони нигоҳҳои нафратомез ба сараш рехтанд. Ҳунарманд субҳи дигар бо чеҳраи аслии худ ба хиёбон баромада, ба ҳар як бечорае, ки ӯро пеш омад, хӯроку 100 –долларӣ пул дод ва гуфт:
«Бо он чи дорем, мо аксар вақт чӣ қадар хушбахт будани худро фаромӯш мекунем. Хушбахтӣ як чизи муқаррарӣ нест, ба қадри он бояд расид. Агар имкони дасти фитодаеро гирифтан дорем, бояд сидқан ин амалро анҷом диҳем. Биёед, он тағйиротеро, ки дар дигарон дидан мехоҳем, аз худамон шуруъ кунем».
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
АЗ ГАНҶИНАИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
ТОҶИКОН 1000 СОЛ ПЕШ ШОҲМОТ БОЗӢ МЕКАРДАНД
Яке аз ёдгориҳои Қасри Ҳулбуки пойтахти асримиёнагии Хуталон муҳраҳои шоҳмот мебошад, ки таърихи 1000 - сола дорад. Ин муҳраҳо, ки шумораашон 32 ададро ташкил медиҳад, аз ёдгории таърихии Қасри Ҳулбук ва яке аз шаҳрҳои пешрафтаи Давлати Сомониён пайдо гардидаанд. Онҳо аз оҷ - устухони фил сохта шудаанд, ки аз рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни Давлати Сомониён ва қитъаи Африқову Ҳинд гувоҳӣ медиҳанд.
Аз ин минтақаҳо устухони фил ба ҳудуди кишвар оварда шуда, баъдан аз он ашёҳои гуногуни рӯзгор омода мегардад. Бозёфти ин донаҳои шоҳмот аз ҳудуди имрӯзаи кишвар баёнгари он аст, ки ниёгони тоҷикон ҳанӯз 1000 сол муқаддам шоҳмотро барои ташаккули зеҳнияти хеш истифода менамуданд.
Зимнан, дар “Шоҳнома” - и Абулқосим Фирдавсӣ дар ҳаҷми 84 байт қиссаи бозии шоҳмот омадааст.
Фаридун КЕНҶАЕВ,
корманди Осорхонаи
миллии Тоҷикистон
ҚУДРАТИ ИНСОН
26. ОСКАР - ДАВАНДАИ БЕПОЙ
Оскар Писториус тибқи хулосаи таҳлилгарон варзишгари нодир аст. Ӯ маъюбест, ки дар риштаи варзиши сабук на танҳо ҳамтоёни худро ба ҳайрат овардааст, балки ба варзишгарони ҷисман солим даъвати сабқат намудааст. Писториус ҳанӯз кӯдак буд, ки бо иллати бемории устухон ду пойи ӯро аз зону поён мебуранд. Бо вуҷуди ин, аз хурдӣ шайдои варзиш буд, регбиву теннис ва оббозиро хеле дӯст медошт.
Ба машқи варзиши сабук ҷиддан аз соли 2004 машғул шуд ва тобистони ҳамон сол дар Бозиҳои параолимпии Афина иштирок кард ва аввалин медали тиллои худро барои ғолибият дар дави дусадметра ба даст овард. Ҳарчанд хурсанд буд, вале ин муваффақиятро нокифоя хонд ва омадагӣ мегирифт барои давидан ба масофаи 400 метр. Бовар нокарданист, вале чанд сол пайи ҳам дар ин масофа ҳам миёни маъюбони ҳампешааш ғолиб омад ва даъвои сабқат бо варзишгарони ҷисман солим намуд. Албатта, пайдо шудани Оскари маъюб дар сафи давандагони солим гапу калоча ва шубҳаҳоеро миёни ҷомеа ва, бахусус Федератсияи байналмилалии варзиши сабук, ба миён овард. Ҳатто масъулон бо баҳонаи оне, ки гӯё протези пружиндори Оскар суръати дави ӯро баланд мекунад, барои иштироки варзишгар дар мусобиқоти олимпии Пекин зид баромаданд. Вале иродаи Оскар, ки пӯлодин буд, бо ҷалби олимону мутахассисон даъворо ба суди варзишии арбитраж бурд ва исбот кард, ки он асоси воқеӣ надорад. Ҳарчанд хулосаи суд ба манфиати Оскар бароварда шуд, вале ин марҳила вақту қуввати зиёди варзишгари бе пойро бо худ бурд. Маҳз бо ҳамин сабаб, Оскар меъёрҳои муқарраршударо ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои олимпии Пекин иҷро карда натавонист. Озурдагии варзишгари номвару маъюбро дида, масъулон барои дилбардории ӯ пешниҳод карданд, ки номзадияш ба дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ шомил карда шавад. Вале боз ҳам Федератсияи байналмилалии варзиши сабук бо баҳонаи он, ки протезҳои Оскар метавонанд ҳам худи ӯ ва ҳам варзишгарони дигари дастаро захмӣ созанд, пешниҳоди масъулонро рад намуд. Ин зарбаи аз пешина сӯзонтар ба қавле ба пушти Оскари оламгир буд. Бовар нокарданист, вале ҳамаи ин саддҳо иродаи Оскарро шикаста натавонистанд. Ӯ Федератсияро маҷбур кард, ки барои ноадолатиҳояш узр пурсад. Имрӯз ҳам Оскар бовариро барои иштирок дар олимпиадаҳои муқаррарӣ аз даст надода, шабу рӯз машқ мекунад.
- Орзуи иштирок дар Олимпиадаи Лондонро дорам. Айни ҳол барои сабқат дар дави параолимпии Пекин омодагӣ мегирам, - мегӯяд Оскар.
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
КАШФИЁТ
Баъди таҳқиқоти бисёрсола ниҳоят олимон сабаби кал шудани мардонро кашф карданд. Тибқи хулосаи охирин, муаяйн шуд, ки мӯйи сар вақте оҳиста - оҳиста мерезаду дигар намебарояд, ҷабрдида кал мешавад. Гурӯҳи дигари олимон бар ин назаранд, ки агар мабодо мӯйи сар рехта, аз нав инкишоф ёбад, мард метавонад аз калшавӣ эмин монад!
Ёдовар мешавем, ки барои анҷоми чунин як кашфиёти нодир ҳамагӣ сею ним миллион доллар сарф шудааст.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
РОЗИ ГУЛҲО
* Сабзондани гулҳоро одамон 4 ҳазор сол қабл оғоз намудаанд.
* Гулзорҳо маротибаи аввал дар Мисри Қадим барпо шудаанд.
* Ҳар як иёлати Амрико навъи алоҳидаи гули рамзии худро дорад.
* Гулҳои ниҳоят хурдтарини қутрашон на беш аз 1 миллиметрро дар ҳавзчаҳо дидан мумкин аст.
* Гули калонтарини қутраш 90 сантиметр, вазнаш 11 килограмм дар Индонезия месабзад.
* Гули қиматтарини дунё орхидеяи тиллоии Малайзия дар 15-сол як маротиба гул мекунад.
Тарҷимаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
ШИКОЯТИ ҒАЙРИОДӢ
Дар шимоли Ҳиндустон як ҷуфти куҳансол аз болои писари ягона ва арӯси хонавода бо далели он ки шаш сол боз издивоҷ кардаву ба онҳо набера тақдим накардаанд, ба суд шикоят бурданд.
Ин ҷуфти солманд даъво доранд, ки ҳама маблағҳои ҷамънамудаашонро сарфи таҳсили писар ва баргузории тӯйи бодабдабаи ӯ кардаанд, то соҳиби набера шаванд. Дар номаи шикоятӣ омадааст, ки агар дар зарфи як сол соҳиби набера нашаванд, 650 ҳазор доллар ҷубронпулӣ мехоҳанд. Асоси ин шикояти ғайриодиро «Озор ва азияти равонӣ» унвон карданд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ФУТБОЛИ ТОҶИК
«РАВШАН»-И КӮЛОБ
Дастае, ки дар таърихи футболи кишвар ва қора саҳифаи навро рақам зад
Клуби футболи «Равшан» (Кӯлоб) пас аз ғолиб омадан дар Ҷоми Тоҷикистон – 2020 на танҳо дар таърихи футболи кишвар, балки дар таърихи Конфедератсияи футболи Осиё саҳифаи навро сабт кард. Тими Кӯлобшаҳр аввалин бошгоҳи намояндаи лигаи аввал шуд, ки дар таърихи Ҷоми Тоҷикистон барандаи он гардид.
Тибқи арзёбии Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS), «Равшан»- и Тоҷикистон дар таърихи қораи Осиё ва Конфедератсияи футболи Осиё аввалин клубест, ки аз лигаи аввал роҳхати ширкат дар мусобиқаи Осиёиро (Ҷоми КФО) ба даст овардааст.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
ДАЪВОҲОИ ҒАЙРИОДӢ БА СУД
САРВАЙРОНӢ Ё МОҶАРОИ РОМАН БО «ЯНДЕКС» ВА «ОСТАНКИНО»
Директори агентии «PR»-и Москва Роман Масленников барои рехтани мӯйи сараш пойгоҳи ҷустуҷӯйи “Яндекс”-ро айбдор кард. Ӯ соли 2016 аз болои маъмурияти пойгоҳ ба суд шикоят кард, ки сабаби бемӯйшавиаш хабарҳои бади саҳифаи асосии “Яндекс” аст...
Зимнан, ин ягона даъвои ғайриодии Роман Масленников ба суд набудааст. Вай охири ҳамон сол шабакаи телевизионии «Останкино»-ро низ ба додгоҳ кашида, аз он 988 000 рубл ҷуброни зарар ба саломатӣ талаб намуд. Роман дар аризаи даъвогиаш навиштааст, ки агар рӯзе ҳадди ақал ним соат ин шабакаро тамошо накунад, иштиҳо каму таъбаш хира мешавад. Баъд аз тамошо бошад, савияи зиракӣ паст ва хотирааш заиф мегардад. Аммо, дар ҳар ду ҳолат Роман баҳси судиро бохт ва ҳеҷ қароре ба манфиати ӯ қабул нашуд.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
ФАРШИ ТАР
Ду милиса дар ҳолати изтироб ба шуъбаи ҷиноятҳои махсусан вазнин занг мезананд:
- Ало, ман сержант Кузнетсов ҳамроҳи сержанти калон Мартинов. Дар минтақаи мо куштор рух дод.
- Чӣ хел куштор, муфассал гап занед.
- Як модар писарашро, ки болои фарши навшуставу тар бо пойафзол баромад, 6 корд зад.
- Модарро дастгир кардед?
- Не.
- Чаро?
- Фарши хона ҳанӯз тар ҳасту пойафзолҳои мо ифлос.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
АВСТРИЯЮ АВСТРАЛИЯ ЯК КИШВАРАНД?
Дар натиҷаи омӯзишҳои зиёд, коршиносон ба хулоса омаданд, ки сайёҳон дар аксар ҳолат фарқ байни Австрия ва Австралияро дарк намекунанд. Маҳз бо ҳамин сабаб, дар роҳҳо ва армуғонҳои Австрия навиштаҷоти «Дар Австрия кенгуру нест» ба назар мерасад.
Аҷибаш он аст, ки чунин иштибоҳ дар ҳамоишҳои барпонамудаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ низ рух медиҳад. Чуноне агентии «Рейтер» хабар медиҳад, соли 2008 Австрия номзадии худро ба узвияти муваққатии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард. Тавре ҳангоми ҷамъбасти раъйҳо маълум гашт, яке аз овозҳо ба фоидаи Австралия дода шудааст, ҳол он ки номзадии ин кишвар дар рӯйхат набуд.
Аз русӣ тарҷимаи Ш. ШОКИР
Тавсия
ИЛОҶИ РАҲОӢ АЗ ТАНБАЛӢ
23. ИМРӮЗРО ДАРЁБЕД
Бештари мо дар орзуи оянда ва таассуфи гузашта имрӯзро қурбонӣ мекунем. Лаҳзаҳои хуби зимистонро дар орзуи расидан ба баҳор аз даст медиҳем. Роҳи сафарро нодида мегирем ва фақат аз охири масир меандешем. Дар ҳоле ки арзиши лаҳзаҳо бештар аз онест, ки тасаввур мекунед. Барои раҳоӣ аз танбалӣ боз кардани дарвозаҳои фикр ба самти уфуқҳои равшан ҳатмист. Пас, аз имрӯз шуруъ кунед, то талаф нашавад.
Таҳияи Кароматулло АТО
ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ?
Аввалин пойтахти Россия шаҳри Ладога буд.
* * *
Масофаи кӯтоҳтарин аз Россия то ИМА 4 километр аст.
* * *
Дар кишвари Форс шоҳмот ҳадияи ҳатмӣ барои тӯй буд.
* * *
Малахҳо метавонанд 40 маротиба зиёдтар аз дарозии баданашон биҷаҳанд.
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА
МАВЗЕЪҲОИ СЕРБИНАНДАТАРИНИ САЙЁҲӢ
ТЕАТРИ ОПЕРАИ СИДНЕЙ (АВСТРАЛИЯ)
Ҳамасола беш аз 8 миллион нафар ба дидани ин санъати меъморӣ, ки дар шаҳри Сиднейи Австралия ҷойгир аст, ташриф меоранд. Вале экскурсияҳои пулакиро тақрибан 350 ҳазор меҳмон анҷом медиҳад.
Бинои театр соли 1973 сохта шуда, ба макони тамошои сайёҳон табдил ёфтааст. Он соли 2007 ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
РАНГ БА ДЕВОР ЗАДУ ДОРО ШУД
Ба девор лавҳаи ҳаҷман калонтари холии расмкаширо овезон кунед, бо даст, рангпош, мӯйқалам ва ҳар чизе, ки мехоҳед, ба он ранг пошед. Мисли расмкашиҳои нахустини кӯдакон доғҳо, чакраҳо, хатҳои рангини ба ҳам пайваставу ҳамдигарро бурида пайдо мешаванду бас.
Сай Твомбли, мусаввири ғайриодии амрикоӣ, аз ҳамин шева кор гирифт ва аз доротарин санъатварони ин соҳа гардид. Тасвирҳояш дар бузургтарин намоишҳои ҷаҳон рӯнамоӣ шуда, бо арзиши аз 2 то 75 миллион доллари амрикоӣ ба фурӯш рафтанд.
Гурӯҳе агар асарҳои Сайро «шедевр» гӯянд, гурӯҳи дигар «масхараи кори рассомӣ» пиндоштаанд. Дар рангзанию рангбозиҳои ӯ аксарият фалсафае дарёфтанд. Худи Сай Твомбли гуфта буд: «Кори ман дар чанд лаҳза анҷом мепазирад, аммо омодагии руҳӣ ба он шояд то як сол тул кашад».
Бузургмеҳри БАҲОДУР
ЧАНД КИТОБИ СУДМАНД БАРОИ РУШД
БРАЙАН ТРЕЙСИ
«Баро аз мавзеи фароғат. Тағйир бидеҳ ҳаётатро. 21 усули баланд бардоштани сифат дар худ»
Китоби Брайан Трейси, нависанда ва тоҷири канадагӣ, ба таҳқиқи мушкилоти банақшагирии вақт ва баланд бардоштани сифат дар худ бахшида шуда, аз серхонандатаринҳост.
Муаллиф дар назди хонанда роҳи ягонаро пешниҳод мекунад, ки чунин аст: муносибат ба корро тағйир деҳ, ба раванди уҳдадориҳои ҳамарӯзаву беохири хеш назари тозаю навҷӯёна андоз ва ба вақти худ соҳибӣ кун. Асолати китоби «Баро аз мавзеи фароғат. Тағйир бидеҳ ҳаётатро. 21 усули баланд бардоштани сифат дар худ» ин гуфтаи ҳикматноки Галилей Галилеоро таҷассум мекунад: «Ба инсон ҳама чизро омӯзондан ғайриимкон мебошад, фақат мумкин аст, ёрӣ расонем, то чизи ниёздоштаашро дар худаш дарёбад».
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.08.2022 №: 151 Мутолиа карданд: 1474