маориф
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОД. НУФУЗИ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ БОЛО МЕРАВАД
Соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд. Муассиси таълимгоҳ Вазорати молия буда, мақсад аз ташкили он, пеш аз ҳама, татбиқи сиёсати молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ омода сохтани мутахассисони соҳаи молияву иқтисод мебошад.
НАТИҶАҲО НАЗАРРАСАНД
Бо назардошти ташаккули заминаи хуби техникӣ, захираи лозимии мутахассисони соҳибунвон ва имконияти дар сатҳи баланд тайёр намудани мутахассисони соҳаи илму маориф ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гашта, дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи молия, андоз, хадамоти гумрук, ҳуқуқи иқтисодӣ, технологияи инноватсионию коммуникатсионӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодии кишварамон саҳмгузор мебошад.
Тавре Ҳакимбек Абдуалимзода, ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дар суҳбат ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иброз дошт, онҳо фаъолияти худро дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, қарорҳои мушовараи Вазорати молия, Вазорати маориф ва илм ва Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 ташкил ва ба роҳ монда, дар ин давра ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Фаъолияти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ, байналмилалӣ, ташкилию тарбиявӣ ва молиявию хоҷагидории Донишгоҳ дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шуда, дар самти баландбардории сифати таълим ва тақвияти сатҳи касбияти устодон чораҳои мушаххас андешида шуданд.
БА РОҲ МОНДАНИ ШАШ ИХТИСОСИ НАВ
Масъалаҳои илму маориф, хештаншиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ ҳамеша дар сархати паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қарор доранд, зеро масъалаҳои мазкур тақдирсоз ва шарти муҳимтарини суботи сиёсӣ ва таҳкими асолати миллат ҳастанд.
Раванди таълим дар Донишгоҳ дар асоси қонунгузорӣ, Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тибқи талаботи ҳадди ақали мазмуну мундариҷаи стандартҳои давлатии таҳсилот ба роҳ монда шудааст.
Айни замон дар Донишгоҳ 6 факултет, 19 кафед-раи тахассусӣ ва 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ фаъолият намуда, аз рӯи самтҳои гуногун мутахассисони соҳаи молия, иқтисод, технологияи инноватсионию коммуникатсионӣ ва ҳуқуқи иқтисодиро омода месозад.
Таъминоти кадрии раванди таълим аз ҷумлаи масоили марказии такмили сифати таълим ба ҳисоб рафта, айни замон дар Донишгоҳ 21 доктори илм, 151 номзади илм, 199 муаллими калон ва ассистентон, дар маҷмуъ, 371 нафар устод ба фаъолияти таълимӣ ҷалб шудааст.
Бо мақсади ташкили раванди таълим ва таъмини методии ҷараёни таълим дар Донишгоҳ барои 39 ихтисоси бакалаври шакли таҳсили рӯзона, 20 ихтисоси бакалаври таҳсилоти фосилавӣ, 8 ихтисоси бакалаври таҳсилоти олии дуюм ва 13 ихтисоси магистратура нақшаи нави таълим ва барномаҳои нави таҳсилотии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ таҳия ва барои тасдиқ ба маркази таълимӣ-методии Вазорати маориф ва илм пешниҳод ва тасдиқ гардида, мавриди истифода қарор доранд.
Тибқи нақшаи қабули довталабон дар Донишгоҳ аз рӯи 6 ихтисоси нав: иқтисоди рақамӣ, бехатарии иқтисодӣ, идораи давлат ва ҳуқуқ, амнияти компютерӣ, кибернетикаи иқтисодӣ ва идораи давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
МАҚОМИ ЧОРУМ ДАР РЕЙТИНГИ МУАССИСАҲОИ ОЛӢ
Маврид ба зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки ҳамасола аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад, мақоми худро дар зинаи 4-ум нигоҳ дошт.
Дар Донишгоҳ роҳандозии технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ имконият фароҳам овард, ки раванди таълим фаъол, маълумотҳои зарурӣ ғанӣ гардида, шаффофият ва дараҷаи донишазхудкунии донишҷӯён ба меъёрҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофгардидаи низоми кредитии таҳсилот мутобиқ бошанд.
Дар Донишгоҳ зиёда аз 2300 таҷҳизоти муосири информатсионию коммуникатсионии навъи гуногун харидорӣ ва насб шудааст. Дар баробари ин, 10 синфхонаи компютерӣ, аз ҷумла 2 маркази интернетӣ ва 1 китобхонаи электронӣ мавриди истифода қарор доранд. Инчунин, 10 синфхонаи лингофонии дорои 147 компютери фардӣ мавҷуд аст, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ махсус гардонда шудаанд. Як синфхонаи компютерӣ бо техникаи навтарини истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи дунё, барои гузарондани дарсҳои онлайн муҷаҳҳаз шудааст. Дар баробари ин, 150 моноблоки замонавӣ дар озмоишгоҳу синфхонаҳои муосири компютерӣ барои истифода насб ва пешниҳод шудаанд. Донишгоҳ дорои 4 бинои таълимӣ буда, дар биноҳои таълимӣ барои як басти донишҷӯён 5400 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Дар соли таҳсили 2021-2022 донишҷӯён аз рӯи ду дараҷаи зинаи таҳсилот-бакалавр ва магистр Донишгоҳро хатм намуданд. Теъдоди умумии хатмкунандагон аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо 1436 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 784 нафар аз шуъбаи рӯзона, 652 нафар гирандаи таҳсилоти фосилавӣ ва маълумоти олии дуюм мебошад. Дар маҷмуъ, аз теъдоди умумии хатмкунандагон 83 донишҷӯ ба гирифтани дипломи аъло мушарраф шуд.
Натиҷаи сессияи имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили 2021 - 2022 баёнгари он аст, ки дараҷаи донишазхудкунии донишҷӯён ба меъёрҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофгардидаи низоми кредитии таҳсилот мутобиқ гардида истода, сатҳу сифати таҳсилот дар муқоиса ба нишондиҳандаҳои солҳои қаблӣ беҳтар гардиданд.
ЁРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ
Соли ҷорӣ ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён нисбат ба солҳои гузашта дар пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ нисбатан беҳтар фаъолият намуданд. Дастовардҳо дар самти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷойдошта баёнгари онанд, ки таваҷҷуҳ ба корҳои илмӣ сол ба сол зиёд мешавад.
Сифати таълим аз фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва инноватсионӣ вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби устодон 94 мавод, 12 китоби дарсӣ, 21 монография, 33 васоити таълимӣ ва 26 дастури методӣ ба нашр расидаанд. Дар баробари ин, аз ҷониби устодон, унвонҷӯён, доктор PhD аз рӯи ихтисос, магистрантон ва донишҷӯён, дар маҷмуъ, 1224 маводи илмӣ-таълимӣ дар маҷаллаҳои гуногуни илмӣ рӯи чоп омад.
Барои харидорӣ намудани китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ аз ҷониби раёсати Донишгоҳ 47630 сомонӣ ҷудо шудааст. Дар самти дастгирии шахсоне, ки дар шаш моҳи аввали соли 2022 рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд, раёсати Донишгоҳ ба маблағи 18133 сомонӣ кумаки молиявӣ расондааст.
Дар ин давра 4 нафар устод рисолаҳои номзадии худро дар шуроҳои диссертатсионии дохили кишвар бомуваффақият ҳимоя намуд. Хотирнишон бояд сохт, ки дар баробари ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дар давраи ҳисоботӣ 9 нафар устоди дигарро муяссар гардид, ки аз пешдифои назди факултет барои дарёфти дараҷаи доктори илм ва номзади илм гузашта, ба Шурои диссертатсионӣ пешниҳод намудан, омодагӣ мебинад. Инчунин, 7 устод, унвонҷӯ ва доктор PhD аз пешдифои назди кафедра гузаштанд.
1500 СОМОНӢ БАРОИ МАҚОЛАИ ИЛМӢ
Раёсати Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки устодон мақолаҳои илмияшонро дар маҷаллаҳои SCOPUS ва WEB of METRIC чоп мешаванд, минбаъд ба ҳар як мақола ба маблағи 1500 сомонӣ (агар муаллифон танҳо аз ДДМИТ бошанд) ва дар ҳаммуаллифӣ бо дигар устодони беруна бошанд, ба маблағи 500 сомонӣ, хариди китоби дарсӣ то 7000 сомонӣ, барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 5000 сомонӣ ва ҳимояи рисолаи докторӣ бошад, ба маблағи 20000 сомонӣ ҳавасманд гардонда шаванд.
Соли равон танҳо аз ҷониби кафедраи таҳлили иқтисодӣ як мавзуи (лоиҳа)-и фармоишӣ бо номи «Такмили механизмҳои минтақавии рушди бозори озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид. Арзиши лоиҳаи мазкур 450 000 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, якчанд лоиҳаи дигар пешниҳод шуда, мавриди баррасӣ қарор доранд.
Вобаста ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» зикр намудан ба маврид аст, ки аз 4 то 9 апрели соли равон озмуни мазкур дар факултетҳо гузаронда шуда, ба даври донишгоҳии он 250 нафар роҳ ёфт. Ҳамин тавр, донишҷӯён аз рӯи ҳафт номинатсия: (математика, арифметика, алгебра, геометрия, физика ва астрономия, химия, биология, ботаника, зоология, анатомия, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ) байни ҳам сабқат намуданд.
Пас аз анҷоми даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” 3 нафар устод ва 15 донишҷӯ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 36 донишҷӯ ва устод аз рӯи 4 номинатсия фаъолона иштирок намуда, 11 нафар барои иштирок дар даври ноҳиявӣ роҳхат гирифт.
Ҳамасола бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» баргузор мегардад. Дар озмуни мазкур 1 донишҷӯйи курси 3-и факултаи менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Фирдавс Раҳимзода сазовори ҷойи дуюм ва диплом гашт.
Моҳи майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳ озмуни “Китобхони беҳтарин” баргузор гардид, ки мақсад аз баргузории он ҷалби бештари устодон ва донишҷӯён ба китобхонӣ мебошад.
Дар баргузории давраи ниҳоии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни Донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, 3 нафар сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардида, бо диплом ва ифтихорнома сарфароз шуд.
ОМӮЗИШИ МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Яке аз самтҳои калидии фаъолияти Донишгоҳ корҳои тарбиявӣ ба ҳисоб меравад. Дар давоми шаш моҳи сол аз ҷониби раёсати корҳои тарбиявӣ як қатор корҳои назаррас ба сомон расонда шуданд. Фаъолияти раёсати корҳои тарбиявӣ дар ин давра аз омӯзиши муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 21 декабри соли 2021 шуруъ гардид.
Вобаста ба ҳамин самти фаъолият 48 соат дарси кушоди сиёсӣ бо фарогирии беш аз 3540 нафар устоду донишҷӯён баргузор шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба донишҷӯёни ятими кулл ва маъюб ба маблағи 50400 сомонӣ дастгириҳои молиявӣ расонда шуданд. Ҳамзамон, 34 донишҷӯй пас аз хатми Мактаби омӯзишии Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» соҳиби диплом гардид. Инчунин, 12 донишҷӯдухтар пас аз хатми Мактаби муштараки «Зан - сарвар»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барандаи диплом гашт. Дар ҳамин давра Манижа Солеҳова, донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисод ва бизнес, сазовори ҷоизаи «Беҳтарин волонтёри сол» гардид.
ИМЗОИ 3 СОЗИШНОМАИ НАВ
Дар сатҳи байналмилалӣ низ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодро ҳамчун муассисаи таълимии пешрафтаи Тоҷикистон эътироф намудаанд. Робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ фаъолияти худро барои ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот, гирифтани аккредитатсияи байналмилалӣ, ташкили курсҳои бозомӯзии забонҳои русӣ ва англисӣ, ташкили таҳсилоти дудиплома ва фосилавӣ, инчунин, баланд бардоштани нуфузи Донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ нигарондааст.
Дар давраи ҳисоботӣ шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ 3 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда, айни замон шумораи онҳо ба 126 адад мерасад.
Дар ин давра татбиқи 2 лоиҳаи грантие, ки дар доираи Барномаи Эразмус+ татбиқ мешавад, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи судманд бо донишгоҳҳо ба роҳ монда шуданд.
То ба имрӯз 13 барномаи корӣ ва 13 курси лексияҳо аз фанҳои алоҳида таҳия шуда, ба таври пилотӣ ба нақшаҳои таълимии магистрон ворид шудааст. Ҳамчунин, дар рафти татбиқи лоиҳа 36 нафар устод аз курсҳои такмили ихтисоси донишгоҳҳои хориҷӣ гузашт, магистрону донишҷӯён бо принсипҳои асосии ташкили таҳсилоти инклюзивӣ ошноӣ пайдо карданд. Дар Донишгоҳ озмоишгоҳи таълимию таҷрибавии «Иқтисодиёти рақамӣ» ифтитоҳ ёфт, ки бо таҷҳизоти муосири информатсионию коммуникатсионӣ ва дастгоҳҳои сабти видео ва аудиолексияҳо муҷаҳҳаз буда, мавриди истифода қарор доранд.
Айни ҳол беш аз 800 донишҷӯи хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Россия дар гурӯҳҳои рӯзона ва фосилавӣ таҳсил доранд. Дар самти робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ ташкил гардидани маркази таҳияи лоиҳаҳо ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳои аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ таҳиягардида, ҳамзамон, дар доираи ин тарғибу ташфиқи Донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад.
ОБОДКОРӢ ДАР АВҶ
Раёсати маъмурию хоҷагии Донишгоҳ тибқи нақшаи кории тасдиқгардида дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри ободу зебо гардондани гирду атрофи таълимгоҳ, хобгоҳҳо ва дигар иншооти ба он вобасташуда фаъолият намуда истодааст.
Барои боз ҳам зебо ва хуррам гардондани атрофи биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо зиёда аз 16 000 гули лола, 3000 садбарг, 6525 салвя, 2000 астра, 500 пахтагул, 4800 питуния ва 70 буттаи ороиши серена шинонда шуданд.
Феълан дар Донишгоҳ як қатор синфхонаҳои лабораторӣ, толори бинои таълимии №2 таъмир гардида, сохтмони бинои нави таълимии №3 бо мизу курсиҳои замонавӣ муҷаҳҳаз ва то оғози соли таҳсили 2022 - 2023 мавриди истифода қарор дода мешавад.
- Ҳамин тавр, дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, раёсат ва коллективи устодону кормандон дар оянда низ дар самтҳои зикршуда фаъолияти самаранокро идома медиҳанд, - илова кард ректори Донишгоҳ дар охири суҳбат.
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.08.2022 №: 152 Мутолиа карданд: 2794