ҳуқуқ
КОРРУПСИЯ. МОНЕАИ ҶИДДӢ ДАР РОҲИ РУШДИ БОСУБОТ
Коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яке аз масъалаҳои хатарзои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, содиршавии ҷиноятҳо дар ин самт ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он раъйи қавии ниҳоди ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию сиёсӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалби аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Перомуни ин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар талошҳо оид ба таҳияи механизм ва роҳҳои муассири мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб муташаккилона идома доранд.
Дар ин иртибот, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи нави зиддикоррупсионии кишвар – Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021 – 2025) тасдиқ шуд. Тибқи ин фармон, вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо вазифадоранд, ки нақшаву чорабиниҳои зидди коррупсионӣ тартиб дода, дар самти муқовимат ба ин зуҳуроти хатарзо саҳм гузоранд.
Кирдорҳои коррупсионӣ аз тарафи шахсони мансабдор ба иҷрои вазифаҳои давлатии ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз рӯйи ғараз бо мақсади ғайриқонунӣ ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани маблағҳои пулӣ, неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ содир мешавад. Мутаассифона, ҳастанд шаҳрвандоне, ки шахсони мансабдорро ба содир кардани кирдорҳои коррупсионӣ ҳавасманд ва моил мекунанд. Бояд донист, ки ин кирдор низ ҷиноят буда, барои чунин шахсон ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.
Тибқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», принсипҳои асосии муқовимат ба коррупсия чунин муқаррар шудааст: қонуният; адолат; афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; баробарии ҳама дар назди қонун; шаффофият ва ошкорбаёнӣ; ногузир будани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд; пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд; таъмини амнияти шахсӣ ва кафолати ҳуқуқии шахсе, ки дар муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд; ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Ҳамагон шоҳидем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриву мулоқотҳо ва чорабиниҳои сиёсӣ аз ин зуҳурот, изҳори нигаронӣ намуда, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас мегузоранд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар Паём (26.01.2021) ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид намуданд: “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад. Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд”.
Як нуктаро бояд гуфт, ки муқовимати беамон бо коррупсия ва омилҳои ба он мусоидаткунанда баҳри ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ фазои мусоид баҳри пешрафти диёрамон фароҳам меорад. Дар ин замина, дар мамлакат корхонаҳои калон ва хурди саноатӣ сохта мешаванд ва ҷавонон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шуда, баҳри осудагӣ ва некуаҳволии халқ хизмат мекунанд.
Воқеан, муқовимат ба коррупсия фаъолияти дастаҷамъист ва ҳамоҳангии имконияту талошҳои ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва, дар маҷмуъ, ҳамаи қишрҳои ҷамъиятро тақозо дорад.
Бинобар ин, ба роҳ мондани ташвиқу тарғиби зиддикоррупсионӣ миёни ҷомеа имкон фароҳам меорад, ки дар тафаккури ҷомеа мафкураи зиддикоррупсионӣ пайдо шавад. Зеро, боло бурдани савияи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ дар хусуси коррупсия, нишона ва пайомадҳои ҳуқуқии он низ як ҷанбаи муҳиму таъинкунандаи коҳиш додани зуҳуроти коррупсионӣ мебошад.
Н. КАРИМОВ, ҳуқуқшиноси ҶСК «Нафту газ»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.08.2022 №: 152 Мутолиа карданд: 2676