иқтисод
КИШОВАРЗӢ. АГАР АЗ ҲАР ВАҶАБ ЗАМИН САМАРАНОК ИСТИФОДА БАРЕМ...
Истифодаи самараноки заминҳо, бахусус заминҳои обӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле маҳдуд мебошанд, зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Сарвари давлат аз самаранок истифода набурдани заминҳо изҳори нигаронӣ намуда, зикр карданд: «Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бисёр ҷойҳо заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ солҳои дароз бекор мемонанд. Ин нишонаи фориғболӣ ва ношукрист. Ҳол он ки аз чунин заминҳо барои таъмин намудани оилаи худ бо картошка ва дигар навъи зироатҳо, яъне маҳсулоти ғизоӣ гирифтан мумкин аст».
Вобаста ба ҳамин масъалаи ҳаётан муҳим зарур донистам, ки андешаҳои худро дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба ҷалби одамон ба меҳнат ва истифодаи самараноки заминҳо, аз ҷумла заминҳои ба шаҳрҳо вобасташуда, яъне заминҳои назди идораҳои маъмурӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва баландошёна иброз намоям.
Ҳамаи мо воқиф ҳастем, ки ҳадафи якуми стратегии мамлакат ин таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад ва баҳри иҷрои ин ҳадаф бояд аз тамоми захираву имкониятҳо истифода барем. Дар ин раванд заминҳои ба шаҳрҳо вобасташударо низ, бояд бекор намонда, самараноку мақсаднок истифода намоем.
Дар пойтахти кишвар истифодабарии заминҳои вобасташударо манъ накардаанд. Дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза, ноустувории иқлим ва гармшавии ҳаво, ки ба парвариши зироатҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонанд, бояд ҳар як ваҷаб замини обӣ сарфи назар аз шакли моликияту хоҷагидорӣ ва мавқеи ҷойгиршавиаш самаранок истифода шавад ва заминҳои ба ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ вобасташуда низ, ба ҳамин қатор дохил мешаванд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки истифодабарии қитъаҳои замин дар як қатор ташкилоту муассисаҳо дурусту мақсаднок мебошад. Аксар ташкилотҳо дар ин заминҳо дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонда, атрофи онро бо гулу буттаҳои зебо ороиш медиҳанд, ҳатто, дар баъзе заминҳо зироатҳои гуногун парвариш карда, ошхонаи худро бо сабзавоту кабудиҳои тару тоза таъмин менамоянд.
Мутаассифона, дар аксарияти қитъаи заминҳои ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, кӯдакистонҳо ва дигар муассисаҳо вобасташуда, истифодаи самараноки замин мушоҳида намешавад. Дар заминҳои онҳо, аслан, дарахтони беҳосили сояфкан ва ё ороишӣ шинонда шудаанд. Аз чӣ сабаб бошад, ки дар ин заминҳо дарахтону буттаҳои мевадиҳанда ба назар намерасанд, гарчанде дарахтону буттаҳои мевадиҳанда аз қабили хурмо, чормағз, олу, гелос, олуболу, себ, нок, анор, бодом, зардолу, шафтолу, қоти сиёҳ, хуч ва амсоли онҳо ҳам аз ҷиҳати зебоӣ ва ҳам аз ҷиҳати фоиданокӣ нисбат ба дарахтони беҳосил бартарӣ доранд ва ба шароити иқлими шаҳри Душанбе мутобиқ мебошанд. Вақте аз кормандони ин муассисаҳо сабабашро мепурсӣ, мегӯянд, ки дарахтони мевадиҳандаро кӯдакон мешикананд, хому норасида мечинанд ва заминро ифлосу кори фаррошонро зиёд менамоянд. Агар имрӯзҳо мо ҳам дар кӯчаҳо ва ё назди хонаҳои истиқоматӣ, ё заминҳои ташкилоту муассисаҳо дарахтони мевадиҳанда шинонем, меваи онро хоҳ хому хоҳ пухта фарзандони худамон мехӯранд, на аз хориҷа. Ақидаи гӯё заминро дарахтони мевадиҳанда нисбат ба дарахтони беҳосил бештар ифлос мекарда бошанд, мутлақо нодуруст мебошад, чунки фақат тоза намудани барги дарахти чинор аз тобистон то фасли тирамоҳу зимистон ва, ҳатто, баҳор давом мекунад, вале баргу меваи дарахтони мевадиҳанда дар фасли тирамоҳ, аллакай, тамом мешаванд.
Ба ғайр аз дарахтони мевадиҳанда, дар қатори гулҳои гуногуни яксола, ки имрӯзҳо дар бештари кӯчаҳо ва гулгаштҳо шинонда мешаванд, шинондани гулҳои хайрӣ ва озаргун (календула), ки гулҳои ниҳоят зебо ва гуногунранг дошта, нисбат ба гулҳои дигар муддати гулкуниашон 2-3 моҳ зиёд давом мекунад, мувофиқи мақсад мебошад. Илова бар ин, дар ин қитъаҳои замин парвариши сабзавоту кабудиҳои ҳархела, ба мисли кашнич, шибит, ҷаъфарӣ, карафс, пудина, райҳон, шалғамча (редиска), шулха (щавел) ва дигар намудҳо, ки ҳам зебову ҳам хушбӯй буда, ҳамзамон, хусусияти табобатӣ низ доранд, ба андешаи мо хеле манфиатовар мебуд. Мақсад аз пешниҳоди чунин андешаҳо вобаста ба шинондани дарахтони мевадиҳанда, кишти сабзавоту кабудиҳо ва рустаниҳои доруворӣ аз он иборат аст, ки онҳо, аз як тараф, ҳамчун рустаниҳои зебову дилкаш, аз тарафи дигар, ҳамчун маводи озуқа истифода мешаванд, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар каме ҳам бошад, таъсири мусбат мерасонанд.
Дар баробари он ки қисме аз заминҳои назди хонаҳои истиқоматӣ мақсадноку самаранок истифода мешаванд ва аз дидани ин манзара руҳияи кас болида мегардад, мутаассифона, аксарияти заминҳои назди хонаҳои истиқоматӣ дар ҳолати ногувор ва ташвишовар қарор дошта, қисме аз онҳо дар натиҷаи тоза накардану ба тартиб надаровардан ба харобазор табдил ёфтаанд. Дар қисми дигари заминҳо бошад, бо ҳамин сабаб дарахтону буттаҳо ба ҷангал мубаддал гаштаанд. Дар бисёр ҷойҳо ин гуна дарахтон роҳҳои мошингард ва одамгузарро банд намудаанд, ки аз дидани чунин манзараҳо табъи кас хира мешавад. Мутаассифона, масъулон чунин ҳолатҳои ногуворро мебинанд ва ба ҷои ислоҳи он мавқеи бетарафиро ишғол менамоянд.
Боз як ҳолати ташвишовар дар самти ҷалб намудани ҷавонон ба меҳнат мебошад. Боиси таассуф аст, ки донишҷӯёни макотиби олӣ ва коллеҷҳо ҳангоми таҳсил ба истеҳсолот аз наздик шинос намешаванд ва чи будани меҳнатро дарк намекунанд. Солҳои пеш қариб донишҷӯёни тамоми донишгоҳ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникиро ба пахтачинӣ ва отрядҳои донишҷӯӣ мебурданд. Ин сафарбаркунӣ ҳам ба донишҷӯён ва ҳам ба давлат фоида меовард. Дар ин маъракаҳо донишҷӯён ба меҳнат, истеҳсолот, шароити кор, мушкилиҳо аз наздик шинос шуда, ба ихтисоси интихобкардаашон шавқу рағбат пайдо менамуданд. Аз як тараф, дар ҳамон синни ҷавонӣ худашон ба ивази меҳнаташон пул кор мекарданд. Вақте одам мустақил подоши заҳмати худро мебинад, муносибаташ ба кор дигар мешавад ва ба қадри меҳнату пул аз синни ҷавониаш мерасад. Аз ҷониби дигар, онҳо бо ҳам наздиктар мешуданд, дӯстиву рафоқат дар байни онҳо меафзуд, ҳамдигарро дастгирӣ менамуданд. Вале, ҳайҳот, ин анъанаҳои нек қариб аз байн рафтаанд ва донишҷӯён ҳамдигарро дуруст намешиносанд. Ба ман як хатмкардаи факултаи агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон иброз намуд, ки пахтаи маҳиннах ва сафедро фақат дар лаборатория дидем, онҳоро дар замини кишт надидем, дар бораи чиндани онҳо бошад, ҳоҷати сухан гуфтан нест. Дар гӯшаи хаёли баъзе ҷавонони имрӯза намеояд, ки ман бояд меҳнат кунам, ба варзиш ба таври ҷиддӣ машғул шавам ва ба рӯзгори оила ёрдам расонам, баръакс то хатми мактаби миёна пурра аз ҳисоби падару модар зиндагӣ намуда, ягон масъулияти шахсӣ барои пешбурди рӯзгор надоранд. Дар ин бора ҳикмати ҷопоние аст: «Вақте ки волидайн меҳнат мекунанд ва фарзандон кайфу сафо менамоянд, наберагон талбанда мешаванд».
Бо мақсади дар оянда саҳм гузоштан дар таъмини иҷрои барномаи амнияти озуқавории мамлакат, ободу зебо гардондан, тозаву озода ва сабзу хуррам нигоҳ доштану самаранок истифода намудани қитъаи заминҳои ба ташкилоту муассисаҳо вобасташуда, ҳамчунин, заминҳои назди хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷумла хонаҳои баландошёна ва дар ин замина ба кори фоиданок ҷалб намудани одамон, бахусус ҷавонону наврасон ва занон, мувофиқи мақсад меҳисобем, ки истифодаи заминҳои мавҷуда минбаъд таҳти назорати қатъии намояндагони мақомоти маҳаллӣ қарор дода шаванд. Дар ин бора аз ҷониби онҳо қабул намудани қарори дахлдорро ҷиҳати ба таври мушаххас вобаста намудани заминҳо ба сокинони хонаҳои истиқоматӣ ба манфиати кор меҳисобем.
Дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза, бахусус танқисӣ ва болоравиии нарху навои маводи озуқа, моро зарур аст, ки хоҳ дар деҳот зиндагӣ кунем хоҳ дар шаҳр, аз ҳар як ваҷаб замину ҳар қатраи об пурсамар истифода намоем.
Ҷ. САФАРОВ, муовини директори Муассисаи
давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию
тадқиқотии хоҷагии ҷангал»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.08.2022 №: 153 Мутолиа карданд: 1020