logo

ҳуқуқ

МАВОДИ НАШЪАОВАР. ТОҶИКИСТОН МИЛЛИОНҲО НАФАРРО АЗ МАРГ НАҶОТ МЕДИҲАД

Ҳарчанд дар нимсолаи аввали соли равон шумораи ҷиноятҳо вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар коҳиш ёфта бошад ҳам, мусодираи ин маводи марговар дар қиёс ба солҳои қаблӣ зиёд шудааст. Агар дар шаш моҳ 384 ҷиноят (446 ҷиноят дар шашмоҳаи аввали 2021) сабт гардида бошад, вале 2 тоннаю 578 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 882 килограмм бештар мебошад.
Ин далелҳоро Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати давлатии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳузури хабарнигорон тасдиқ намуда, афзоиши мусодираи маводи мухаддирро ба қочоқи он аз Афғонистон рабт дод. Ба гуфтаи ӯ, дар давраи ҳокимияти ҳаракати “Толибон” ба Афғонистон воридоти зиёда аз 3 тонна маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон пешгирӣ гардидааст, ки соли 2020 ин нишондод 1 тоннаю 185 килограммро ташкил медод. Гузашта аз ин, дар шаш моҳи соли равон 14 қочоқбари хориҷӣ дастгир шудааст, ки шаҳрвандони Афғонистон мебошад. Ин дар ҳолест, ки “Толибон” баъд аз ғасби ҳокимият бо судури як фармон кишт, тавлид ва хариду фурӯши маводи мухаддир дар Афғонистонро мамнуъ эълон намуданд. Вале, мо акси ҳол ва вазъи бисёр нигаронкунандаро мебинем.
Як нуктаро бояд таъкид кард, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад. Шоҳид будем, ки соли 2020 дар Италия полиси молиявӣ партияи рекордӣ – 14 тонна (84 миллион дона) ҳаби синтетикиро, мусодира намуд, ки арзишаш тақрибан як миллиард евро буд. Маводи мусодирашуда, тамғаи «каптагон» дошт, ки ин рамзи маводи нашъаовари истеҳсоли гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» мебошад. Тибқи маълумоти полис, он дар Сурия истеҳсол шуда, пулашро бояд ба маблағгузории фаъолияти террористӣ масраф мекарданд.
Аз лиҳози оне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади тулонӣ дорад, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷомеаи ҷаҳониро барои муборизаи дастаҷамъӣ бо ин зуҳуроти марговар даъват менамоянд. Чунончи, дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи “Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” (16 – 17 май, соли 2019, Душанбе) Пешвои миллат чунин зикр намуданд: “Маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастовардашуда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявии терроризм  мебошанд. Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари глобалии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар давоми солҳои тулонӣ  талошҳои худро ба мубориза бо ин зуҳуроти хатарбор равона намуда, дар ин самт таҷрибаи кофӣ низ касб кардааст”.
Бо мақсади коҳиш додан ва решакан намудани муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳанӯз соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони ҳамкории Шанхай доир ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе пешниҳод намуда буданд. 
Дар иртибот ба ин, Ҳабибулло Воҳидзода гуфт, ки ин масъала борҳо дар ҷаласаҳои СҲШ миёни роҳбарони кишварҳо ва коршиносон таҳлилу баррасӣ гардидааст. Барои таъсиси Марказ консепсияҳои муайян омода шудаанд ва тавре медонем, барои қабули қарори дахлдор оид ба созмон додани ниҳоди нав дар таркиби Созмони ҳамкории Шанхай ҳамраъйии кишварҳои аъзо зарур аст. 
Ин дар ҳолест, ки Руслан Мирзаев, директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, ки чанде пеш дар Тоҷикистон қарор дошт, саҳми кишвари моро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа назаррас хонд. Ӯ ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Таҳлилҳо ва нишондодҳои оморӣ баёнгари онанд, ки татбиқи барномаҳои давлатӣ, Стратегияи миллии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ, дар маҷмуъ, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар мубориза бо маводи нашъаовар натиҷаҳои чашмрас ба бор овардаанд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2022    №: 153    Мутолиа карданд: 2405
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед