logo

фарҳанг

ДАР САРГАҲИ ФАРҲАНГШИНОСИИ ТОҶИК

 
Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, профессор Меҳрубон Назаров, дар радифи иҷрои вазифаҳои масъул, ҳамвора ба таҳқиқу тадқиқи масоили мубрами соҳаи фарҳангшиносӣ ва санъатшиносӣ, ки ҳалли онҳо тақозои замон буд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекард. Саҳми ӯ ҳамчун ходими давлатӣ, режиссёр, драматург, олим ва омӯзгор дар рушди фарҳанги миллии кишвар хеле бузург аст. Меҳрубон Назаров тули фаъолияти бисёрсолаю пурсамари илмию эҷодии худ 295 китобу рисола ва мақолаҳои пурарзиш таълиф намудааст, ки аксари онҳо то ба имрӯз дар таҳқиқу асоснок намудани масоили назарию методологии илми фарҳангшиносӣ ва санъатшиносии тоҷик чун раҳнамои бунёдӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Фаъолияти пажӯҳишӣ ва таҳқиқотии Меҳрубон Назаров ҳамчун санъатшинос аз соли 1945 оғоз меёбад. Худи ҳамон сол аввалин мақолаи ӯ дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба табъ мерасад, ки дар он мулоҳизаҳои ҷолиб перомуни ба саҳнаи Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хоруғ гузошта шудани намоиши «Қишлоқи тиллоӣ»-и Мирсаид Миршакар арзёбӣ шудааст. Солҳои минбаъда низ Меҳрубон Назаров оид ба муаммоҳои рушду такомули санъати миллии тоҷик, масоили мубрами мероси фарҳангию бадеӣ ва нақши он дар ташаккули маданияти миллӣ, такмили фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, бахусус театр, клубу китобхонаҳо, дастаҳои ҳунарӣ, маҳфилҳои худфаъолиятии бадеӣ, асару мақолаҳои пурарзиш иншо намуд. Мақолаҳои «Эҷодкорони ҷавон» (с. 1946), «Корҳои маданӣ -равшаннамоӣ» (с. 1947), «Театр дар Помир» (с. 1948), «Тараққиёти эҷодии санъати Помир» (с. 1949), «Санъати тоҷик боз ҳам тараққӣ мекунад» (с. 1954), «Кори театрҳои маҳаллиро беҳтар намоем» (с. 1955), «Барои театрҳо бисёртар асарҳои замонавӣ эҷод намоем» (с. 1959), «Театр дар Афғонистон» (с. 1961), «Инкишофи маданият дар республика», «Китоб ба ҳар як оила», «Кори китобхонаҳо – ба дараҷаи вазифаҳои нав» (с. 1962) «Ҳунарҳои зебо дар Тоҷикистон» (с. 1964) ва дигар асарҳои олим аз нигоҳи тақозои ҳамон айём кӯшиши аввалин дар тадқиқу таҳқиқи муаммоҳои мубрами соҳаи фарҳангшиносӣ ва санъатшиносӣ маҳсуб мешаванд.
Нимаи дуюми солҳои 50 – уми асри гузашта ва солҳои 60 – уми он давраи муҳим ва пурбортарин дар фаъолияти илмию пажӯҳишии Меҳрубон Назаров мебошад. Ӯ ҳамчун аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (солҳои 1956 - 1959) дар омӯзишу таҳқиқи масоили муҳиму мубрами соҳа ҷиддӣ ба баҳсу мунозира даромад ва маҳз дар ҳамин давра беш аз 100 асару мақолаҳояш рӯи чопро диданд. Соли 1961 аввалин монографияи ӯ  таҳти унвони «Санъати халқи тоҷик» ба табъ мерасад, ки дар он паҳлуҳои мухталифи рушд ва ташаккули навъҳои гуногуни санъати миллӣ, аз қабили мусиқӣ, театр ва синамо мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Натиҷаи тадқиқоти зикршуда ва пажӯҳишҳои дигари Меҳрубон Назаров ба ӯ имкон дод, ки соли 1966 доир ба мавзуи «Инкишофи санъати касбии театрӣ - мусиқӣ дар Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ дифоъ намояд. Тавассути ин тадқиқот олим тавонист ба бештари масоили назарӣ, таърих ва амалияи илми санъатшиносии тоҷик равшанӣ андозад.
Андешаҳои олим перомуни инкишофи робитаҳои мутақобилаи фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамҷавор, бахусус Афғонистону Эрон ва ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар китобҳои «Братство культур русского и таджикского народов», «Наш солнечный край» (с. 1968), «Искусство сближает людей» (с. 1973) ва 35 мақолаи дигар инъикоси воқеӣ пайдо карданд. Инчунин, Меҳрубон Назаров тавассути силсилаи мақолаҳои пурарзишаш оид ба масоили консепсияи маданияти Тоҷикистон, рушду такомули маданияти бадеӣ ва истеъдодҳои бадеӣ, комёбиҳои драматургияи тоҷик, ташаккул ва нашъунамои театрҳои ҷумҳурӣ, дурнамои инкишофи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва донишкадаҳои санъат мулоҳизаҳои ҷолиб баён кардаанд. 
Драманависӣ паҳлуи дигари фаъолияти эҷодии Меҳрубон Назаров мебошад. Асарҳои драмавии Меҳрубон Назаров «Орзу», «Дасти дӯст», «Ҳалокати одат», «Пайроҳаҳои оташин», «Ақида», «Бахти ман, бахти шумо» рӯйи саҳна омада, дар театрҳои ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шуданд. Асоси ғоявии асарҳои саҳнавии Меҳрубон Назаровро тасвири ҳодисаву воқеаҳои муҳими таърихӣ, тарғиби некию накукорӣ, дӯстиву бародарӣ, ҳақиқату адолат ва парвариши фазилатҳои сутудаи инсонӣ – мардумнавозию башардӯстӣ ташкил медиҳанд.
Заҳмату хизматҳои Меҳрубон Назаров дар таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон ва кормандони варзидаи соҳаи фарҳанг қобили мулоҳизаи амиқ мебошанд. Тайи 10 соли роҳбарӣ ба фаъолияти Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баҳри такмили раванди таълим, фаъол гардондани самтҳои умдаи тадқиқоти илмию услубии кори кафедраҳои тахассусӣ, таҳияву танзими нақшаҳои нави таълимӣ, таълифу чопи китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, созмон додани ансамблҳои гуногуни ҳофизону раққосон, тайёр намудани кадрҳои илмӣ, муҳайё сохтани шароит ва муҳити самарабахши корӣ кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Таҳти назари ӯ дастурҳои таълимӣ ва маҷмуаҳои илмии «Проблемаҳои актуалии кори клубҳо», «Проблемаҳои ташкилнамоӣ ва баландгардонии самаранокии хизмати китобхонавию библиографӣ ба аҳолии Тоҷикистон», «Кори маданию маърифатӣ ва роли он дар тарбияи интернатсионалӣ» рӯйи чопро диданд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки паҳлуҳои мухталифи фаъолияти илмию эҷодӣ ва ҳунарии олими бозаковат ва фарҳангшиноси маъруфи тоҷик Меҳрубон Назаров аз ҷониби муҳаққиқони ҷавони соҳаҳои таъриху фарҳангшиносӣ ва санъатшиносӣ мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирад. 
 
Шариф КОМИЛЗОДА,номзади илми педагогика
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2022    №: 153    Мутолиа карданд: 1112
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед