сиёсат
ҶОМЕА. ФИРЕФТАИ НАҲЗАТИЁНИ ИФРОТӢ НАБОШЕМ!
Вазъи имрӯзаи ҷаҳон баҳри пурталотум, сербоду пуртуғёнеро мемонад, ки бо мавҷҳои обхезаш мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Аз як ҷониб куштору одамрабоӣ, дуздиву ғоратгарӣ бошад, аз ҷониби дигар, ҷангҳои таҳмилӣ, терроризму экстремизм даҳшатро дар дили халқи осоишта дучанд бинмудаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадафи асосии созмонҳои террористӣ на хизмат ба халқу Ватан, балки ба воситаи фиребу найранг, афкандани тарсу ҳарос, амалҳои нопокона ба даст овардани қудрату мавқеъ дар ҷомеа мебошад. Ин ташкилотҳо бо пайдо кардани хурдтарин имкон ҳуқуқи озодии эътиқодии мардумро поймол намуда, ормонҳои дили худро шикастан мехоҳанд. Яъне, орзуву омоли онҳо танҳо бо роҳи даҳшат афкандану нифоқ андохтан дар ҷомеа қудрат ба даст овардану соҳибмулк гардидан аст.
Созмонҳои ифротгаро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барномаву ҳадафҳои худро пайваста пахш мекунанд. Аз мушоҳидаҳои фаъолияти солҳои охири онҳо маълум мегардад, ки нохалафон ҳоло ҳам аз дасисабозиҳо даст накашидаанд. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки бадхоҳони миллати тоҷик бо барномаҳои дар хориҷа тарҳрезӣ намудаи худ сӣ сол пеш тӯфони ҷангу ҷидолро дар Тоҷикистон бархезонда, кишварро ба парокандашавӣ кашиданӣ буданду ҳоло ҳам ором нагирифтаанд. Бадхоҳони Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ниқоб дигар бинмудаанд, яъне, ҳамон шағолбачаҳое, ки Ватанро тарк бинмудаву дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд, алҳол ба сиёҳ намудани вазъи имрӯзаи кишвар машғуланд. Ҳаққо, ки ин нохалафон ба ҷуз душманиву ғарази нопок дигар ҳадафе надоранд. Аз ҷониби ана ҳамин душманони миллати тоҷик, ки пешравӣ ва осудаҳолии мардуми Тоҷикистонро дида наметавонанду дидан ҳам намехоҳанд, зеро тинати каждумиашон ба ин монеъ мешавад, бо суханҳои пучу гумроҳсозанда ҷавонони ноогоҳро фирефтаи амалҳои нопоки худ карданианд. Мехоҳанд онҳоро раҳгум занонда, афкору ақидаашонро дар либоси дини ислом дар майнаи онҳо ҷой диҳанд.
Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, ки аз рӯзи пайдоишаш дини муқаддаси Исломро барои рӯйпӯш кардани ҳадафҳои ғаразнокаш ниқоби мувофиқ интихоб намудааст, созмони сирф хурофотӣ асту аз роҳбар то аъзояш ҳама муртаду мунофиқанд. Далели мутмаини ин маъниро метавон дар макру ҳила, фитнаю дасиса, иғвоангезиву ҳарзагӯӣ, ҳангоматалабии наҳзатиёни хоин дарёфт.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷи-кистон хуб медонанд, ки ташкилоти мамнуи наҳзат барои амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш созмон дода шудааст. Мақсади асосии ин гурӯҳ ва ташкилкунандагони он, дар мисоли Кабирӣ, оромӣ ва ободии Тоҷикистонро халалдор кардан аст ва бо ин васила мехоҳанд фазои амни Ватани моро вайрон намоянд. Наҳзатиёни хоин пас аз амалҳои ваҳшиёна ва разилонаи хеш боз даъвои ватандӯстӣ мекунанд, ҳол он ки ин гуна ашхос ба номи фарзанди Меҳан лоиқ нестанд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки амали зишти чунин ҷиноятпешаҳо бо об ҳован кӯфтан аст. Дигар ба лофзаниҳои болохонадори онҳо дар Тоҷикистон касе бовар нахоҳад карду ба роҳи пешгирифтаи ӯ нахоҳанд рафт. Роҳи мо сулҳу субот, амну осоиштагиву ободии Ватану саодати халқ аст.
Шамил НАЗАРЗОДА, ДДХ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.08.2022 №: 153 Мутолиа карданд: 781