logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

 
ТАЪЛИМИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ 
Ҷазои домулло ва падари ноболиғон барои қонуншиканӣ
Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сокини ноҳия Насриддин Ҳалимовро барои сарфи назар намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷарима кард.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ дар ин бора хабар дод, ки Н. Ҳалимов бар хилофи талаботи моддаи 8 Қонуни мазкур амал карда, фарзандони ноболиғаш – Абдураҳим ва Абдукарим Ҳалимовҳоро, ки хонандагони синфҳои 2 ва 4 мебошанд, барои дар назди шаҳрванд Маҳмадулло Абдизода гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ иҷозат додааст. 
Вобаста ба ин ҳолат, прокуратураи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нисбат ба Н. Ҳалимов бо моддаи 90 (иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон) ва алайҳи М. Абдизода бо моддаи 474 қисми 1 (барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои динӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъумурӣ оғоз карда, ба суд ирсол намуд, ки бо қарори суд нисбат ба ҳар ду ҷазо дар намуди ҷарима таъин шуд.
 
 
 
РИШВАХӮРӢ
ё қаллобӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ
Маҳмуд Саидов, мутахассиси раёсати барӯйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор, бо ҷурми қаллобӣ ва тасарруфи маблағҳои шаҳрвандон ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
 
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, номбурда зимни фаъолияташ дар ин мақом аз шаҳрвандон “А” ва “Б” барои тайёр карда додани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қитъаи замин 13000 сомонӣ гирифта, аз ин маблағ 12426 сомониро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Дар робита ба ин амал, нисбат ба Маҳмуд Саидов бо моддаи 247 қисми 2, бандҳои “в, г” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шуд.  
 
 
АВБОШӢ
Ҷавони кордбадаст ба дасти милитсия афтод
Кормандони мақомоти милитсия дар ноҳияи Сангвор ҳолати авбошиеро мавриди тафтиш қарор додаанд, ки дар содир намудани он ҷавони 18-сола гумонбар мешавад.
 
Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, шахси гумонбар 22 июли соли ҷорӣ аз ҳиссиёти авбошӣ бо ноболиғи 15-солаи сокини ҳамин ноҳия муноқиша карда, бо зарби корд ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расондааст. 
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятӣ  (авбошие, ки дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудааст) оғоз шуда, феълан тафтишот идома дорад.
 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2022    №: 153    Мутолиа карданд: 2459
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед