logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Идомаи сафари корӣ
 
БОЗДИД АЗ АНГУРЗОРИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ДӮСТӢ” 
9 август  ҳангоми  сафари  корӣ дар  вилояти  Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ангурзори хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.
Хоҷагиро оилаҳои Муҳиддиновҳо ва Тоҳировҳо бунёд намуда, имрӯз зиёда аз даҳ нафар аъзои ин оилаҳо ба ангурпарварӣ машғуланд. Тавре бунёдгузорон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, хоҷагии ангурпарварӣ соли 2015 дар ҳамкорӣ ва бо истифода аз таҷрибаи бойи токпарварони шаҳри Турсунзода таъсис ёфт.
Масоҳати хоҷагӣ 3 гектарро ташкил дода, дар он 1000 бех ниҳоли ангури навъҳои “Ҳусайнӣ”, “Шоҳона”, “Победа”, “Ҳусайнии Сиёҳ” ва ғайра барои таъмини бозори дохилӣ ва содирот парвариш мешавад. Хоҷагидорон аз он изҳори қаноатмандӣ доранд, ки, аллакай, ду сол инҷониб ҳосили фаровони ангур ба даст меоваранд. Соли гузашта ҳосили аввали токзори навбунёд 25 тоннаро ташкил дод. Имсол бошад, меваи ангур фаровон буда, интизор меравад, ки ангурпарварон дучанд ҳосил мегиранд.
 Бояд гуфт, ки парваришу нигоҳубини ангур дар хоҷагии “Дӯстӣ” аз рӯи таҷрибаву анъанаҳои миллии халқи тоҷик бо истифода аз талаботи агротехникии пешрафта ва муосир, аз ҷумла усули интенсивӣ, ба роҳ монда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти ангурпарварон ва ҷамъоварии ҳосил изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам зиёд кардани майдони токзор, ташкили ҷойҳои нави кор ва ба роҳ мондани парвариши навъҳои ҳосилхези ангур ба масъулони хоҷагӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
 
ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА “БОҒИ МИЛЛИИ ВАҲДАТ” 
9 август дар идомаи сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз боғҳои себ ва бодоми Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дидан намуданд.
Боғи себ 5,21 ғектарро ташкил дода, дар он, асосан, навъи «Семеренко», ки маъмултарин намуд ба ҳисоб меравад, парвариш меёбад. Дар ин масоҳат ниҳолҳои себ 1400 бех буда, бо андозаи 6 бар 6 шинонда шудаанд. Ин тарзи анъанавии бунёди боғ мебошад. Алҳол боғи себ ғарқи ҳосил аст ва мевааш  моҳи сентябр мепазад. Гуфтан ба маврид аст, ки боғи себ соли 2008 ташкил шуда, аз соли 2013 самар медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо хоҷагидорону боғдорон таъкид доштанд, ки боғу боғдорӣ аз самтҳои муҳиму афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳа, афзоиши истеҳсоли меваҳои шаҳдбор, ки дар баробари таъмини бозорҳои ватанӣ аз иқтидорҳои содиротии кишвар ба ҳисоб меравад, тадбирҳо меандешад. Дар ин мавзеъ соли 2008 боғи бодом (4 ғектар) низ бунёд гардида, дар масоҳати 6 бар 4 1200 бех ниҳоли бодом шинонда шудааст.
Давраи пухта расидани бодом моҳҳои июлу август арзёбӣ мегардад. Ҳосилбандӣ собит менамояд, ки иқлиму обу хоки минтақа ба парваришу истеҳсоли бодом мувофиқ аст. “Лангедок”, “Десерти”, “Пистабодом” аз навъҳои асосии бодоми боғ мебошанд. Умуман, дар “Боғи миллии Ваҳдат” дар 33,21 гектар боғи себ бо фарогирии навъу намудҳои “Ҳусни Юсуф”, “Ренет”, “Розмарин” ва “Семеренко” ва дар 12,14 гектар боғи бодом мавҷуданд.
 
БОЗДИДИ САРВАРИ ДАВЛАТ АЗ  НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои гуногуни меваю сабзавот боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ кишоварзони меҳнатқарини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, самараи мехнати худро ба маъраз гузоштанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҳсули заҳмати сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истеҳсолу захираи кофии маводи ғизоӣ, хӯроки чорво, афзоиши иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳо, таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тозаи босифат ва содироти он ба хориҷи кишвар дастуру тавсияҳо доданд.
Кишоварзони вилояти Суғд соли ҷорӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, баҳри татбиқи барномаҳои давлатӣ софдилонаю муташаккилона фаъолият намуда, дар 279 ҳазору 768 гектар зироатҳои гуногун  мепарваранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин зиёд мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаровонии асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот ва полизию лӯбиёиҳо, ки аксаран маҳсулоти содиротӣ мебошанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди он дар корхонаҳои саноатӣ бояд афзун гардад ва аз ин ҳисоб иқтидори содиротии кишвар боло бардошта шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ арзёбӣ карданд.
Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, соҳибкор аз Ӯзбекистон Муминҷон Юлдошев лоиҳаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд – Фарғона Агрокластер”-ро муаррифӣ намуд. Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта ва то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани он бо истифода аз заминҳои бекорхобидаи ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашт 20 ҳазор гектар замин дар амалишавии лоиҳа фаро гирифта мешавад. Барои татбиқи лоиҳа маблағгузории 52 миллион доллари ИМА пешбинӣ гардида, дар марҳалаи якум 5 ҳазор нафар ва дар марҳилаи дуюм то 20 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Дар марҳилаи аввал 5000 гектар замин тариқи обёрии қатрагӣ ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад. Нақшаҳои оғози ҳамкориҳоро бо ҷалби сармояҳои мустақим дар самти истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан нахи пахта ва коркарди минбаъдаи онро дар коргоҳу корхонаҳои бунёдшаванда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми наҷиби соҳибкор маънидод намуданд.
 
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ БИСЁРСОҲАВИИ САНОАТИИ ҶДММ “ШАРАФИ РӮЗ”
10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.
Дар шаҳри Истаравшан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, корхонаи бисёрсоҳавии саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарафи рӯз”-ро ба истифода дода, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот шинос шуданд. 
Корхонаи муосири саноатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ  Ислом Азимов ва Алишер Сабуров бо харҷи зиёда аз 6 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо дастгоҳу технологияи муосир муҷаҳҳаз шудааст. Масоҳати корхонаи муосири саноатӣ 7135 метри мураббаъро ташкил дода, биноҳои истеҳсолии он дар майдони 1850 метри мураббаъ доман густурдаанд.
Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ивазкунандаи воридот буда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он 100 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону духтарони хонашин, бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин гардид.  Иттилоъ дода шуд, ки оянда шумораи коргарон ба 200 нафар мерасад.  
Корхонаи нави бисёрсоҳавии “Шарафи рӯз” аз коргоҳҳои истеҳсоли бомпӯшҳои пластикӣ, лӯлаҳои зангназананда, ранги равғанин, қуттиҳо барои ранг, қуттиҳои пластикӣ, кафкҳои сохтмонӣ, герметик ва анборҳо барои маҳсулоти хому тайёр иборат мебошад. Роҳандозии истеҳсоли бомпӯшҳои пластикӣ дар корхонаи нави саноатӣ нахустин дар ҷумҳурӣ буда, тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ пешниҳоди мизоҷон мегардад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки бунёди чунин корхонаҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот замина гузошта, бо ин роҳ метавон иқтидори содиротии мамлакатро боз ҳам боло бардошт. Дастгоҳҳо ва хатҳои истеҳсолӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Россия ва Чин, ворид шуда, аз ҷониби мутахассисони ватанӣ идора мешаванд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 6500 метри мураббаъ бомпӯши пластикӣ, 6 тонна ранги равғанин, 4500 қуттии хушбӯй, 18 ҳазор қуттии пластикӣ барои меваю сабзавот ва 2500 қуттии кафки сохтмонӣ буда, маҳсулот дар марҳилаи аввал, асосан, барои таъмини бозори дохилӣ равона мегардад. 
Роҳбарияти корхона мувофиқи дастуру маслиҳатҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом гирифтанд, ки оянда бо боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ содироти маҳсулоти босифати ватаниро зери тамғаи “ТаҷФикс” ба кишварҳои ҳамсоя ҳам ба роҳ монанд. Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот аз хориҷа ва қисман аз корхонаҳои ватанӣ дастрас шуда, қабл ва баъди коркард дар озмоишгоҳи назди корхона, ки бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз мебошад, мавриди санҷиш қарор мегирад. Дар корхона барои кормандон тамоми шароит муҳайё буда, дорои маҷлисгоҳ ва ошхонаи барҳаво мебошад. Ҳамчунин, дар назди корхона се гармхона мавҷуд буда, дар онҳо парвариши сабзавот, аз ҷумла бодиринг бо усули муосир ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар коргоҳҳои корхона аз гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёр дидан намуданд.
 
КОРХОНАИ НАССОҶӢ ВА ДӮЗАНДАГИИ ҶДММ «НУРИ ИСТАРАВШАН» ФАЪОЛ ШУД 
10 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Самти асосии фаъолияти он ба истеҳсоли ҷуроб, либосҳои мактабӣ ва фармоишӣ равона гардида, аз ҷониби муассис ва роҳбари ҶДММ “Нури Истаравшан” Исроил Яқубов дар доираи дастгириҳои доимии роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон бунёд ёфт. Биноҳои истеҳсолӣ дар масоҳати  зиёда аз 96 ҳазор метри мураббаъ бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ доман паҳн карда, бо дастгоҳу технологияи муосири бофандагию дӯзандагӣ муҷаҳҳазанд. Дар коргоҳи нассоҷӣ 60 дастоҳу таҷҳизоти ҷуроббофӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб гардида, дар он 40 нафар занону духтарони хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ 800 ҳазор ҷуфт ҷуроб дар як сол буда, ба иттилои масъулон, оянда бо васеъсозии фаъолият ин нишондод боз ҳам боло хоҳад рафт.  Ашёи хом, аз ҷумла ресмон барои омода намудани ҷуроб, аз дохили кишвар ва қисман аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гашта, дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот омода мешавад. Ҷуробҳои корхона, баробари таъмини бозори дохилӣ, ба кишварҳои хориҷ низ содирот мегардад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки талаботи солона ба ҷуроб дар ҷумҳурӣ 70 миллион ҷуфт мебошад ва иқтидори амалкунандаи корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ 73 миллион ҷуфтро дар бар мегирад. Дар коргоҳ дӯхтани либоси ягонаи мактабӣ ба роҳ монда шуда, навтарин технология аз кишварҳои тараққикардаи дунё  ворид ва бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб гаштаанд. Дӯхти либоси мактабӣ ва дигар сарулибос дар асоси фармоиши мизоҷон дар ин коргоҳ бо истифода аз 55 таҷҳизот сурат хоҳад гирифт. Дар коргоҳи дӯзандагӣ 60 нафар занону духтарони маҳаллӣ, ки аксаран хонашин буданд, ба кор ҷалб гардиданд. Иқтидори истеҳсолии солонаи коргоҳ 60 ҳазор ҷуфт либоси ягонаи мактабӣ мебошад.
Дар маҷмуъ, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии “Нури Истаравшан” 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2022    №: 154    Мутолиа карданд: 2460
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед