logo

туризм

БАДАХШОН. ТАШРИФИ 911 САЙЁҲИ ХОРИҶӢ ДАР ШАШ МОҲ

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ, табиати зебо, манзараҳои дилфиреб ва маконҳои таърихиаш  имконияти хуби рушди сайёҳӣ дорад. Тибқи тадқиқоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, Бадахшон барои рушди сайёҳӣ мувофиқ ва инкишофёбанда муаррифӣ шудааст.
Ба гуфтаи Мирзонабот Алишер, раиси вилоят, солҳои охир таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон ба Бадахшон бамаротиб афзудааст. Айни ҳол ҳамарӯза ба ҳудуди вилоят бо мақсади сайру саёҳат ба ҳисоби миёна то 60 нафар сайёҳони хориҷӣ ворид мешаванд, ки ин нишондиҳанда бесобиқа аст. Ин минтақа бо кӯҳҳои сарбафалак, кӯлҳо, пиряхҳо, чашмаҳои гарму шифобахш, ривоятҳо ва ёдгориҳои таърихиву табиати нотакрори худ ҳамчун яке аз мавзеъҳои нодири сайёҳиву кӯҳнавардӣ, шикор ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш дар ҷаҳон эътироф гардидааст. 
- Вобаста ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иншооти сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони хориҷию дохилӣ ба кишвар ва дар заминаи он табдил додани Бадахшон ба яке аз мавзеъҳои беҳтарини сайёҳӣ дар ҷаҳон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд, – зикр кард Шомурод Муродов, мудири шуъбаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва афзуд, ки омӯзиши нозукиҳои хизматрасонии сайёҳӣ аз ҷумлаи он чорабиниҳо мебошанд, ки солҳои охир вусъат ёфтаанд. 
Тибқи омор, ҳамасола ба вилоят садҳо нафар сайёҳони хориҷию дохилӣ ташриф меоранд. Имрӯз дар вилоят зиёда аз 245 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд буда, як субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, 49 ширкати сайёҳӣ, 33 меҳмонхонаи хурду калон, 6 осоишгоҳ ва 164 ҳостел (меҳмонсарой) дар хизмати сайёҳон қарор доранд. Баҳри беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳии бахши хусусӣ чораҳои амалӣ андешида, дар шоҳроҳи Зиғар - Қалъаихумб – Хоруғ  25 ошхона, 49 нуқтаи таъмири мошинҳо ва дигар иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд. Бо маблағгузории Ҳукумати Финляндия ва дигар шарикони рушд дар назди меҳмонхонаҳои хурди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқалъа иншооти ёрирасони сайёҳӣ сохта шуданд. 
Сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо ҳунармандӣ пеш меравад. Ин аст, ки дар вилоят айни ҳол  43 нуқтаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ амал мекунад. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят нуқтаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ фаъоланд, ҳунармандон дар чорабиниҳои фарҳангӣ, дар рӯзҳои ташрифи меҳмонони олиқадр ба Бадахшон ва дигар чорабиниҳо дастранҷи хешро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд. Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ноҳияи Роштқалъа ва водии Бартанги ноҳияи Рӯшон сехҳои коркарди мӯина фаъолият мекунанд, ки маҳсулоти онҳо аз мӯина ва пашми  тоза омода гардида, бештар дар хориҷа ба фурӯш бароварда мешавад.
Шомурод Муродов зикр кард, ки танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон, мувофиқи омори расмӣ 911 сайёҳи хориҷӣ ба вилоят ташриф овардааст. Моҳи июл бошад, шумораи сайёҳони хориҷӣ дар вилоят ба 480 нафар расид. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин рақам нисбат ба имконоти вилоят бамаротиб кам мебошад. Имрӯз дар шаҳру деҳоти вилоят меҳмонхонаву меҳмонсаройҳо дар як шабонарӯз метавонанд то 2400 сайёҳро қабул ва ба онҳо мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ хизматрасонӣ намоянд. 
Дар маҷмуъ, шуъба дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Кумитаи рушди сайёҳӣ, дигар мақомоти дахлдор кӯшиш ба он дорад, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда корҳоро дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ беҳтар ба роҳ монда, барои ҷалби бештари сайёҳон ба вилоят заминаи мусоид фароҳам оварда шавад. 
  
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2022    №: 154    Мутолиа карданд: 2553
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед