logo

иқтисод

IRS. НИГОҲБОНИИ РОҲИ ДУШАНБЕ - ЧАНОҚ, ПЕШ АЗ ҲАМА, МАСЪУЛИЯТ АСТ!

Бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрону валангор гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест. 13 сол қабл, бо назардошти нақши боризи ин роҳ ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он механизми инноватсионӣ аз рӯи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе - Чаноқ мавриди амал қарор гирифта, тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд. 
 
ШИРКАТЕ, КИ АВВАЛИН ШУДА  МЕХАНИЗМИ ТОЛЛИНГИРО ҶОРӢ НАМУД
Лозим ба ёдоварист, ки интихоби ин ширкат тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, шартномаи зикршударо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонд. 
Бо гузашти 13 сол, бо хулосабарорӣ аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатовар, тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе – Чаноқ дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади мунтазаму бемонеа ва бехатари шаҳрвандон тариқи он дар тамоми фаслҳои сол таъмин аст.
Тавре директори филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Сафаров дар суҳбат ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» баён дошт, филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати байналмилалие мебошад, ки дар Осиёи Марказӣ аз аввалинҳо шуда, бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ, бо мақсади рушди устувор ва такмили инфрасохтори роҳ ва бо такя ба ҳайати кормандони соҳибтахассусу пуртаҷрибаи худ механизми толлингӣ (истифодаи пулакии роҳ) - ро ҷорӣ намуд. Бо таваҷҷуҳ ба ҳолати ҷуғрофии мавҷуда ва вижагиҳои робитаҳои байнидавлатӣ дар кишваре, ки қисми асосии онро кӯҳҳои баланд иҳота кардаанд ва дорои хатти ҳаракати мушкилгузару дастрасии маҳдуд ба воситаҳои дигари интиқол, механизми мазкур саривақтӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. Механизми ҷорикардаи ширкат, барои беҳтар шудани инфрасохтори роҳи автомобилгарди кишвар ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
 
ТАЪМИРИ ЗИЁДА  АЗ 2 МИЛЛИОН МЕТРИ МУРАББАЪ РОҲ ДАР 13 СОЛ
Аз аввали фаъолият «IRS», ки баъзе «дӯстон» рисолати филиали онро танҳо «пулчинӣ» медонанд, таъмири куллӣ ва ҷории роҳро шуруъ карда, дар муддати 13 сол зиёда аз 2 миллион метри мураббаъ роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру азнавсозӣ намуда, бо ин мақсад, зиёда 230595 тонна асфалт сарф кард. Соли ҷорӣ сарфи зиёда аз 40 ҳазор тонна асфалт дар назар аст.
Зикр намудан бамаврид аст, ки барои аҳолии шафати роҳ низоми гузариши имтиёзнок ҷорӣ шудааст, ки баробари 50-93%-и нархномаи муқарраргардида мебошад. Зиёда аз 90 фоизи убури автомобилҳо аз плазаҳои толлингӣ ба категорияи якум — мошинҳои сабукрав рост меоянд. Муқаррар шудани нархҳои пасттарин барои ин категория дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративи филиали ширкат далели он аст аст, ки «IRS» гирифтани фоидаи зиёдро мадди назар надорад. Вагарна, бояд баръакс бошад…
- Аз маълумоти воситаҳои ахбори омма, сомонаи филиали ширкат ва саҳифаи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон хулоса кард, ки ҳолати он хеле беҳтар аст. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе — Чаноқ нигоҳубини 24 - соатаро талаб менамояд. Табиист, ки дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он мушкилии зиёд рӯи кор меояд. Агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони «IRS» ба бартараф намудани тармаҳо, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади бориши борон, омадани сел, лағжиши кӯҳпора, соҳилбандӣ самти асосии фаъолият аст, - гуфт директори ширкат.
 
БАРТАРАФСОЗИИ 2816546 МЕТРИ МУРАББАЪ ТАРМА
Тули 13 сол нигоҳдорӣ ва азнавсозии 36 кӯпруки ин масир бо хароҷоти ниҳоят зиёд амалӣ шуд. Масалан, 3 пули калон, ки дарозии ҳар кадомаш аз 42 то 73 метр аст, пурра навсозӣ шуд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки ҳангоми таҷдиди роҳи Душанбе - Чаноқ аз рӯи лоиҳа деворҳои ҳимоявӣ (парпетҳо) вуҷуд надоштанд ва аз ин лиҳоз, сохта нашуд. «IRS» бо ташаббуси худ, баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон дар масофаи 15000 метри тулонӣ чунин деворҳоро бунёд кард, ки то ин вақт чандин ҳамватанонамонро аз марг наҷот додааст.
Дар масире, ки роҳи Душанбе – Чаноқ ҷойгир аст, ягон корхонаи истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонии барои бахши роҳсозӣ зарур вуҷуд надошт. Тули 13 сол дар минтақаи Варзоб 3 завод, Зарафшон 3, Суғд 4 завод, дар маҷмуъ, 10 корхона мавриди истифода қарор гирифт.
Бо мақсади таъмини фаъолияти муназзами заводҳои мазкур харидории битум ва бо тавсеа ёфтани таъмиру азнавсозии роҳ, бартарафсозии тармаҳо, соҳилбандӣ ва ғайра харидории сӯзишворӣ хеле афзуда, ҳар сол ҳаҷми зиёди ин мавод дастрас мешавад.
Афзудани  офатҳои табиат хароҷотро низ зиёд намуд. Соли  2012 - ум 551128 метри мураббаъ тарма бартараф шуда, ин нишондиҳанда соли 2013 - ум 216444, 2015 - 190564, 2016 - 126204, 2017 - 779730, 2018 - 103606, 2019 - 274030, 2020 - 241374 ва соли гузашта  85042 метри мураббаъ мебошад. Бартарафсозии тармаҳо, дар маҷмуъ, ба 2816546 метри мураббаъ баробар аст.
Бо назардошти дар минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ душвори кӯҳистон ҷойгир будани роҳи Душанбе — Чаноқ, коркарди он бо маводи зиддилағжиш мунтазам, аксар маврид шабона низ бояд амалӣ шавад. Бинобар ин, хароҷоти ин мавод низ сол ба сол афзуда, дар ин муддат маводи зиддилағжиши харҷшуда 96466 метри мукаабро ташкил медиҳад.
 
ЗИЁДА АЗ 50000 НАФАР МАНБАИ ДАРОМАД ДОРАД
Ҳоло «IRS» соҳиби пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, шумораи техникаву механизмҳо ба 218 адад расидааст. Дар оянда зиёд намудани он дар назар аст, зеро бе техникаву механизмҳои муосир, тибқи талабот, роҳандозӣ намудани фаъолият ғайриимкон аст.
Соли 2009 кормандони филиали ширкат ҳамагӣ 24 нафар буданд. Ҳоло бошад, 872 нафар фаъолият дорад. Дар маҷмуъ, зиёда аз 50000 нафар ба шарофати мавҷудияти филиали ширкат манбаи даромад дорад. Мутаассифона, дар 13 соли фаъолият 10 корманди «IRS» ҳангоми иҷрои вазифа, яъне таъмини ҳаракати бехатари истифодабарандагони роҳ ҳалок шуд.
Дигар мақсаде, ки филиали ширкат дошт, бароҳат намудани гузариши плазаҳо мебошад. Бо ин мақсад, дар плазаҳои толлингӣ паҳноии роҳ аз 7 метр ба 50 метр зиёд шуда, теъдоди хатҳои гузариш аз 2 ба 8-то расид. Муҳим он аст, ки дар ин раванд технологияи аврупоӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ёдрас мешавем, ки дар дигар давлатҳо ширкатҳои бо ин кор машғулбуда ба бунёди плазаҳои замонавӣ, умуман, таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.
 
БУНЁДИ 134 ИНШООТ
Бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият тули 13 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла пойгоҳ барои экспертҳо, анбори нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Месазад ёдрас шавем, ки ҳодисаҳои ғайричашмдошти табиӣ дар роҳи Душанбе — Чаноқ хеле зиёд буда, роҳи мавриди назар  мунтазам зери хавфи офатҳои табиат қарор дорад. Масалан, фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби дарёҳо зиёд буда, баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Аз ин лиҳоз, корҳои соҳилбандӣ дар муддати 13 сол хеле зиёд амалӣ шуда, дар маҷмуъ, нишондиҳандаи марбут ба соҳилбандӣ 50000 метри мураббаъ аст.
- Нуктаи охире, ки зикр намуданашро ҷоиз медонам он аст, ки дар муддати 13 сол «IRS» ҳамчун сармоягузор тамоми кӯшишро ба харҷ дод, то ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ ҷавобгӯи талабот бошад. Афсӯс, ки эродҳои беасос доир ба масъалаи мавриди назар, аллакай, фазои сармоягузории кишварро дар робита ба нигоҳдории инфрасохтор халалдор намуда, чунин муносибат ҷолибияти сармоягузорӣ дар мамлакатро тадриҷан коста мегардонад. Мо бояд сармоягузоронро ҳамчун сафирон барои ҷалби сармояи бештар ба мамлакат ва дар ин замина, таъмини рушди соҳаҳо ҷалб ва арҷгузорӣ намоем, - гуфт Нодирҷон Сафаров.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2022    №: 154    Мутолиа карданд: 997
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед