logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

(Идомаи сафари корӣ)
 
ИФТИТОҲИ ШУЪБАИ РАЁСАТИ КДАМ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН 
10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи шаҳри Истаравшани раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд.
Таъкид гардид, ки бино дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қомат афрохт.
Сохтмони иншооти сеошёна бо ҷалби 40 сокини маҳаллӣ соли 2021 оғоз ёфта, бо сифати баланд ва тарҳи муосир ба анҷом расид. Барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзили зист дар ошёнаи сеюми бино чор хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зиндагонӣ муҳайё шудааст, ки аз таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати баланд бардоштани шароити хизматчиёни ҳарбӣ шаҳодат медиҳад.
Инчунин, бинои наву замонавӣ дорои маҷлисгоҳ барои 90 нафар, китобхона, ошхона ва толори варзиш мебошад.
Ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар шароити зарурӣ муҳайёанд.
Бино бо шабакаи гармидиҳии бо ангишт ва қувваи барқ фаъолияткунанда таъмин аст.
Саҳни бино чароғон ва роҳравҳои гирду атрофи он сафолак ва асфалтпӯш гардидаанд.
Дар ҳудуди бинои шуъба барои фарзандони хизматчиён дар масоҳати ҳазор метри мураббаъ майдончаи бозии кӯдакон муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ доман паҳн мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ аз ҳуҷраҳои корӣ ва дигар шароити фароҳамгардида, ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хизматчиёнро барои хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
 
ШУЪБАИ МИНТАҚАВИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ  ҶИНОЯТҲОИ МУТАШАККИЛИ ВКД БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Истаравшан ба истифода доданд.
Иншоот аз се ошёна, таҳхона ва 9 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар масоҳати умумии зиёда аз 900 метри мураббаъ бо тарҳи зебо қомат меафрозад. Дар ошёнаи якум ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, қисми навбатдорӣ, се ҳуҷраи корӣ, китобхона ва дар қабати дуюм панҷ ҳуҷраи коргарону роҳбарият ва толори маҷлис ҷойгиранд.
Бо мақсади дастгирии кормандон ва таъмини онҳо бо манзили истиқоматӣ, дар ошёнаи сеюм чор хонаи дуҳуҷрагии муҷаҳҳаз бо тамоми шароити зиндагонӣ сохта шудааст.
Дар таҳхонаи иншоот толори машқу тамрин, ошхона, анбори нигоҳдории маҳсулот ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуданд.
Бинои шуъбаи минтақавии мабориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Истаравшан тибқи талаботи замон бунёд шуда, ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсиҳо ва технологияи компютерӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Бинои навсохт маркази гармидиҳии бо ангишт ва қувваи барқ фаъолияткунанда дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандони милитсияро барои садоқатмандона хизмат кардан ба Ватан, саҳм гузоштан дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии он, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят намуданд.
 
БИНОИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ  МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ
10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
Он аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои ҳашт ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад.
Иншоот дар масоҳати 312 метри мураббаъ бо тарҳи муосир аз ҷониби Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои Ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуд.
Муҷаҳҳаз намудани ҳуҷраҳои корӣ бо лавозимоти зарурӣ имкон медиҳад, ки минбаъд кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бо истифода аз шароити мусоид бо азму иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ фаъолият намоянд.
Айни замон дар шаҳри Истаравшан 13 ҳазору 802 нафар узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад, ки 53 дарсадашро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар баробари бунёди ҳуҷраҳои муосир ва дастрас намудани лавозимоти зарурӣ, ҳамзамон, атрофи бинои навбунёдро гулу буттаҳои ороишӣ зинат бахшида, чароғҳо пурнур мегардонанд.
Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои ба истифода супурдан ва шиносоӣ аз имконияти бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан, ба аъзои ҳизб ва соҳибкорон ҷиҳати бунёди иншооти хуштарҳу замонавӣ изҳори сипос намуда, кормандонро ба хизмати софдилона ва иҷрои масъулияти бузурги шаҳрвандӣ ҳидоят карданд.
 
БАҲРАБАРДОРӢ АЗ МАҶМААИ ХИЗМАТРАСОНИИ “ИСТАРАВШАН ПЛАЗА”
10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан маҷмааи хизматрасонии “Истаравшан Плаза”-ро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот аз таҳхона ва сездаҳ ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аскар Эшонов бо харҷи 8 миллион сомонӣ дар майдони  0,9 гектар сохта шудааст. Дар ошёнаи якуми бино мағоза ва маркази хизматрасонӣ, ошёнаҳои дуюму сеюм меҳмонхона иборат аз 16 ҳуҷра, ошёнаҳои 4 – 13-ум 36 хонаи истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрадор ҷой гирифтаанд.  Маҷмааи хизматрасонии “Истаравшан Плаза” бо тарҳу намои зебо ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд ёфта, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан, 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои ба истифода додани маҷмааи хизматрасонии “Истаравшан Плаза”, иқдоми наҷибона ва талошҳои соҳибкоронро баҳри татбиқи сиёсати созандаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ибрат арзёбӣ карда, ба сифати корҳои анҷомёфта ва ободу зебо гардондани як гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳои баланд доданд.
Баъдан, дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 110 нафар ятим, ки 89 нафараш хонандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан ва 21 нафари дигараш хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр мебошанд, мулоқот карданд.
Дар ин рӯз ятимони муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан аз меҳрубониву ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардида, ба онҳо сарулибоси мактабӣ ва туҳфаҳои пулӣ тақдим шуданд.
Дар идомаи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар шароити муосир ба таълиму тарбия фаро гирифтани ятимон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан сохтмони бинои иловагии мактаб-интернатро барои 120 нафар хонанда оғоз намуд.
Тибқи лоиҳа, иншоот дуошёна буда, дорои хобгоҳҳои писаронаву духтарона, китобхона, синфхонаҳои фаннӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.
 
ШИНОСОӢ БО МАРКАЗИ ИННОВАТСИОНӢ ВА ИСТЕҲСОЛИИ “СУҒДИЁН” 
10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён”-ро ифтитоҳ карда, бо шароити он шинос шуданд.
Марказ дар масоҳати 387 метри мураббаъ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Зафар Умаров бо харҷи 2 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. 
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншоот соли 2015 оғоз ёфта, сеошёна мебошад. Дар ошёнаи якум нуқтаи фурӯши компютерҳои муосир, камераҳои мушоҳидавӣ ва маркази омӯзиши барномаҳои компютерӣ ҷой мегиранд. Дар ин ҷо шаш нафар бо кор ва маоши миёнаи аз 1500 то 1800 сомонӣ таъмин гаштааст. Дар ошёнаи дуюм аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Исломов сехи дӯзандагӣ барои истеҳсоли куртаҳои мардона ва бачагона ташкил шуда, дорои 20 дастгоҳи дӯзандагӣ мебошад. Дар ин ҷо 26 нафар зани маҳаллӣ кор карда, аз 1200 то 1800 сомонӣ маош хоҳад гирифт. Аз тарафи соҳибкорон барои кормандони маркази инноватсионӣ дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои корӣ, ошхона ва маркази истироҳатӣ пешниҳод шудаанд.
Баъди ифтитоҳи марказ ва шиносоӣ бо шароити фаъолият, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳри ободии як гӯшаи диёр ва таъсиси ҷойҳои нави кор баҳои баланд доданд.
 
КОЛЛЕҶИ ҶУМҲУРИЯВИИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ  
МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ
10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бояд гуфт, ки Коллеҷи ҷумҳуриявӣ бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 1,4 гектар бо сарфи 7 миллиону 755 ҳазор сомонӣ бунёд шуд. Имсол барои идомаи корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан 844 ҳазор сомонӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ барои ободонии атроф ва мумфаршкунии роҳҳои назди муассиса 650 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Корҳои пудратиро коргарони Ҷамъияти саҳомии “МПМК – Ӯротеппа” бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯз ба анҷом расонданд. Коллеҷ сеошёна буда, аз рӯи сездаҳ ихтисосу равияҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла санъат ва ҳунарҳои бостонии гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, адрасу атласбофӣ ва қолинбофӣ, мутахассисони соҳибмаълумотро тайёр менамояд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар муассиса 43 нафар устоду омӯзгорон, рассомон ва ҳунармандони халқӣ ба донишҷӯён нозукиҳои ҳунарҳои халқии тарроҳии либосҳои миллӣ, кандакорӣ, армуғонсозӣ, наққошӣ, графика ва хаттотӣ, гаҷкорӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва ғайраҳоро меомӯзонанд.
Ҳайати омӯзгорони Коллеҷ аз профессор, дотсент, се номзади илм, панҷ аспирант ва ду магистрант иборат мебошад. Дар Коллеҷи ҷумҳуриявӣ беш аз 270 донишҷӯ аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳои мамлакат таҳсил дорад. Донишҷӯён дар баробари омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ, имкон доранд, ки фанҳои фарҳангшиносӣ, таърихи Тоҷикистон, химия, математика, асосҳои соҳибкорӣ, технологияи информатсионӣ, асосҳои педагогика ва психология, забонҳои русиву англисӣ ва этикаи касбиро аз худ намоянд.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба устодон барои истифодаи самараноки имкониятҳои ин даргоҳи ҳунар баҳри дар сатҳи баланд тарбия кардани шогирдон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар ин даргоҳи ҳунар устодон ба шогирдон, инчунин, нозукиҳои фанҳои тахассусии рангакашӣ, расми соҳавӣ, композитсия, анатомияи пластикӣ, тарҳсозӣ, хаттотӣ, назарияи касбӣ, масолеҳшиносӣ ва ғайраро меомӯзонанд. Дар муассисаи таълимӣ китобхонаи электронӣ фаъолият менамояд, ки зиёда аз 550 ҳазор нусха китобро дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки аз оғози таъсис ҳунармандони Коллеҷ зиёда аз 70 маротиба дар намоишгоҳҳои эҷодии шаҳрӣ, 33 маротиба дар вилоятӣ ва 29 бор дар озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори ҷоизаву ифтихорномаҳо шуданд.
Зимни суҳбат омӯзгорон ва устодони Коллеҷ ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда доданд, ки ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои нақшаву чорабиниҳои тасдиқшударо дар самти таълиму тарбияи ҷавонон ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ  бо сатҳу сифати аъло таъмин менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки таъсиси Коллеҷи ҷумҳуриявӣ далели эътироф, пуштибонӣ ва ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ва падидаи нодири замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.
 
БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲҲОИ ДАСТОВАРДҲОИ СОКИНОНИ ИСТАРАВШАН
Пас аз ифтитоҳи Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии муассиса аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинони Истаравшан, аз ҷумла гӯшаҳои маҳсули ҳунарҳои дастӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, боздид намуданд.
Дар намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои дастӣ зиёда аз 50 намуд маҳсулот пешкаш шуд. Дар ин ҷо маҳсули ҳунарҳои дастии кордсозӣ, мисгарӣ, заргарӣ, кулолии бадеӣ, сафолкорӣ, аҷубасозӣ, кандакорӣ, армуғонсозӣ аз чӯб, созтарошӣ, чармгарӣ, кундалкашӣ, наққошӣ, тоқидӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, оҳангарӣ бо намуду андозаҳои гуногун муаррифӣ гардиданд.  Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ 60 навъи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои шаҳри Истаравшан, аз ҷумла, мевагиҳо, полизӣ, сабзавот, кабудиҳо ва намудҳои гуногуни хушкмева, ба маъраз гузошта шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар намоишгоҳи кишоварзӣ, асосан, навъҳои маҳсулоте, ки парваришаш танҳо дар мавзеи Истаравшан ва атрофи он ба роҳ монда мешавад, пешкаш гардид.
 
ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА КОНИБОДОМ 
11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд.
Нахуст, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №10 (кӯдакистони “Зангӯла”)-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Кӯдакистони “Зангӯла” барои таълиму тарбияи 150 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, бо мақсади рушди соҳаи маориф ва амалисозии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар зарфи як сол аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.
Иншооти нав дуошёна буда, дорои ҳуҷраҳои машғулиятгузаронӣ, хоб, ошхона ва нуқтаи тиббӣ мебошад.
Дар Муассиса дар чор гурӯҳ имконияти мусоид барои таълиму тарбия ва бозиву фароғати кӯдакон шароити зарурӣ муҳайёст. Аз ҷумла, гурӯҳҳо бо ҷиҳозу аёниятҳои муосиру замонавӣ таъмин буда, мувофиқи табъу завқи кӯдакон оро ёфтаанд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ФАБРИКАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ
11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Конибодом Паранда” оғози расмӣ бахшиданд.
Ҷамъият дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом баҳри татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ –  саноатикунонии босуръати мамлакат бо сармоягузории соҳибкорони вилояти Суғд ва вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис ёфта, барои истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда пешбинӣ гардидааст. Иқтидори истеҳсоли солонаи он 2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Фабрикаи парандапарварӣ дорои чор бино буда, имкон аст, дар як давра 100 ҳазор ва дар панҷ давра, яъне давоми як сол, 500 ҳазор сар чӯҷаи гӯштии зоти бройлерӣ парвариш шавад.
Ба таъкиди мутахассисон, чӯҷаҳои зоти бройлерӣ давоми 40 – 45 рӯз ба ҳисоби миёна 2 – 2,2-килограммӣ вазн мегиранд.
Айни замон дар корхона зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардид.
Ҳадафи асосии ташаббускорони бунёди ин фабрика бо гӯшти мурғи хушсифати ватанӣ таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ, содироти маҳсулоти тайёр ба хориҷи мамлакат ва муҳайёсозии ҷойҳои нави кор мебошад.
Чӯҷаҳои гӯштии зоти бройлерӣ, асосан, аз фабрикаи парандапарварии “Суғд Самарқанд Паранда”-и шаҳри Хуҷанд дастрас мешаванд.
Дар корхона нигоҳубини чӯҷаҳо, муайян намудани ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии ҳаво ва додани обу ғизо тавассути технологияи муосир, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шуд, амалӣ мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон дастур доданд, ки бобати афзоиши саршумори паранда ва зиёд кардани ҳаҷми гӯшти парҳезӣ аз имконоти мавҷуда самаранок истифода баранд.
 
БОЗДИДИ САРВАРИ ДАВЛАТ АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ БА НОМИ РОҲБАР ҚОСИМОВ 
11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов хати оби полизиро ба истифода дода, бо нашъунамои пахта ва дигар намудҳои зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ шинос гаштанд.
Хатти оби полизӣ барои обёрии беш аз 20 гектар замини хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов ва майдони киштзори атроф пешбинӣ шудааст. Обро ба ин мавзеъ тавассути чоҳи амудӣ бо истифода аз лӯлаи қутраш 100 мм баровардаанд. Чуқурии чоҳ 80 метрро ташкил медиҳад ва бо хатти барқи алоҳида таъмин мебошад. 
Хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов дар деҳоти Куҳандиёр аз пешқадамҳо ба ҳисоб рафта, дорои 19 гектар замини корами обӣ ва 15 гектар боғи зардолуст. Аз масоҳати умумии боғот беш аз 7 гектараш ҳосилдиҳанда аст.
Соли равон хоҷагидорон дар масоҳати 10 гектар пахтаи навъҳои "Дӯстӣ" ва "Ориёӣ" киштанд. Ин навъҳо ба иқлими минтақа мутобиқ буда, дар сурати риояи талаботи агротехникӣ имкон аст, то 45 сентнер ҳосил ба даст оварда шавад. 
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар майдони пахтазори хоҷагӣ қоидаҳои агротехникӣ риоя гардида, нашъунамои зироат хуб мебошад.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони шаҳри Конибодом дидан карданд. Хоҷагидорон ва дигар сокинони шаҳр дар растаҳои алоҳида ҳосили зироат, аз қабили ғалладонагиҳо, лӯбиёиҳо, сабзавоту полизиҳо, зироати техникӣ, картошка, меваҳои шаҳдрез, асал ва дигар маҳсулотро ба маъраз гузоштанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсули заҳмати аҳолии шаҳри Конибодом баҳои баланд дода, тақвият бахшидани корҳои саҳроӣ, бештар намудани майдони кишти зироат ва боғу токзорро дар шароити феълӣ муҳим донистанд.
 
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 15 
11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Маданияти деҳоти Куҳандиёр бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфта, масоҳати беш аз 2 гектарро дар бар мегирад. Бинои асосии Муассиса дуошёна буда, дорои 13 синфхонаи умумӣ ва фаннии таълимӣ, ҳуҷраҳои корию ёрирасон мебошад. Корҳои сохтмонӣ бо дастгирии соҳибкорон ва ҳашари дастҷамъии сокинони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯи талаботи соҳаи маориф ба анҷом расиданд.
Бинои нав барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад. Синфхонаҳои фаннии физика, химия, математика, биология, технологияи иттилоотӣ ва таълими меҳнат бо таҷҳизоту аёниятҳои замонавӣ таъмин буда, барои хонандагон шароитҳои мусоиди аз худ кардани дониш мавҷуданд. Муассисаи таълимие, ки то ин вақт дар он хонандагони деҳаи Маданият таҳсил мекарданд, солҳои зиёд истифода гардида, ба талабот номувофиқ аст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин боргоҳи муҳташами таълимӣ, барои хонандагон шароити замонавии аз бар намудани дониш таъмин шуд.
Барои машғул шудани хонандагон ба варзиш ва обутоби бадан дар муассиса толори замонавӣ ва майдончаи кушоди варзиш бунёд гаштанд. Атрофи иншоотро гулу ниҳолҳои ороишӣ зеб медиҳанд ва роҳравҳо сафолакпӯшанд. Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосҳои ягонаи мактабӣ ва варзишии дар коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Конибодом истеҳсолшуда муаррифӣ гардиданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.08.2022    №: 155    Мутолиа карданд: 2454
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед