иқтисод
ҒИЗОНОКИИ ХОК КАМ МЕШАВАД. ЧӢ БОЯД КАРД?
Хок яке аз сарватҳои бебаҳои табиат аст. Нигоҳдорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии он ҳамчун манбаи асосии парвариши зироатҳои кишоварзӣ масъалаи мубрам дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Чунончи, аз маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бармеояд, тақрибан сеяки захираҳои хок дар олам нобуд шуда, заминҳо дучори биёбоншавианд.
Тибқи маълумоти Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзӣ, соли сипаришуда дар кишвар 5 ҳазор гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун монд, ки қариб чору ним ҳазори он заминҳои корами обиянд. Ғайр аз ин, зиёда аз 36 ҳазору 200 гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративист. Дараҷаи шӯрнокии қариб 12,5 ҳазор гектар миёна буда, беш аз 3 ҳазору 200 гектари дигар дар дараҷаи шӯрнокии баланд қарор доранд. Дар шароити сол ба сол зиёдшавии аҳолӣ ва чунин коҳиш ёфтани ғизонокии таркиби хок, чӣ гуна ба ҳосили дилхоҳу таъминоти озуқаи одамон муваффақ гардидан имкон дорад?
ШӮРНОКИИ ЗАМИНҲО ЗИЁД МЕШАВАД
Ба гуфтаи коршиносон, бинобар гармшавии иқлим, дар таркиби оби полизӣ намакҳои заҳрнок зиёд ҷамъ мешаванд. Тундбодҳо низ, ки аз сӯи Афғонистон моҳе як – ду маротиба мевазанд, манбаи олудашавии таркиби хоки киштзоронанд. Ҳамчунин, аз ҷониби деҳқонону хоҷагидорон на меъёри обмонӣ риоя мегардаду на дар давраи тирамоҳу зимистон заҳбуру заҳкашҳо тоза карда мешаванд. Баробари ин, обшӯии заминҳои шӯршуда мувофиқи мақсад роҳандозӣ намегардад. Аз ин рӯ, дар ноҳияҳои Восеъ, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон заминҳои шӯру аз гардиши кишоварзӣ берунмонда бештаранд. Дар минтақаи Бохтар ҳам чунин мушкил ҷой дорад. Ин ҳолат дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Вахш, Кӯшониён, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ ба назар мерасад. Дар вилояти Суғд шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт, Спитамен ва Ҷаббор Расулов ба шӯршавии таркиби хок мувоҷеҳанд.
- Соли гузашта барои санҷиши ҳолати беҳдоштии заминҳо ба ноҳияи Лахш рафтем. 46 гектар замини корами обӣ бинобар иҷро накардани чорабиниҳои мелиоративӣ дар дараҷаи шӯрнокии паст ва миёна қарор дорад. Дар баробари ин, кишоварзон гила карданд, ки навъи тухмиашон хуб аст, аммо ҳосилнокӣ паст. Баъдан, аз суҳбат бо деҳқонон маълум шуд, ки дар як қитъа даҳ сол пайиҳам картошка шинондаанд. Дар сурате, ки тибқи қоида, пас аз се сол мебоист лӯбиёӣ, юнучқа ё гандум мекоштанд. Яъне, маҳз риоя нашудани киштгардон, сабаби камҳосилӣ ва гирифтории картошказорон ба касалиҳо гардидааст,- гуфт директори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзӣ Шариф Хоҷаев.
КИШТГАРДОН РИОЯ НАМЕШАВАД
Воқеан ҳам, яке аз омилҳои таъмини ҳосилнокӣ риояи киштгардон аст. Аммо, тавре бармеояд, ин ҷиҳати масъала аксар вақт аз мадди назар дур мемонад.
- Бо назардошти пайдарҳамии кишти зироатҳо, пас аз гирифтани ҳосил, бояд заминро ғизонок ва киштгардон кард. Ин амал яке аз сарчашмаҳои фаровонҳосилист. Ҳар як хоҷагиро зарур аст, ки вобаста ба қитъаи замин, нақшаи киштгардон дошта бошад. Ғайр аз ин, ҳангоми рӯёндани ду – се ҳосил, бештар зироатҳои лӯбиёӣ – нахӯд, наск, лӯбиё, мош коштан судманд аст. Кишти чунин зироатҳо ҳосилнокиро барқарор мекунад. Аз алафҳои бисёрсола коштани юнучқаю қатраборон дараҷаи ҳосили заминро баланд мебардорад. Дар ин сурат ҳосили дилхоҳ ба даст меояд,- иброз дошт ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Усмон Маҳмадёрзода.
Дар шарҳи ин масъала Музаффар Шомаҳмадзода, ходими калони илмии Институти хокшиносӣ ва агрохимия, илова намуд, ки олимон киштгардони кӯтоҳмуддатро кор карда баромаданд ва натиҷаи хуб ҳам дод. Дар киштгардони кӯтоҳдавр, аслан, зироатҳоеро кишт мекунанд, ки муҳлати афзоишашон 60 – 70 рӯзро дар бар мегирад. Ин гумуснокии хок-ро зиёд карда, моддаҳои органикии пӯсидаро дар таркиби он меафзояд. Дигар ин ки, бояд аввал ташхиси хок гузаронда, баъдан, аз рӯи он элементҳое, ки дар хок мавҷуданд, кишти зироатро ба роҳ монанд.
ТАШХИСГОҲҲО КУҶО ШУДАНД?
Аз суҳбат бо мутахассисон маълум гашт, ки дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ ба ташхиси хок аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мегардиду бо пош хӯрдани он ташхисгоҳҳо ҳам аз байн рафтанд. Пештар дар вилоятҳо лабораторияҳои минтақавии агрохимиявӣ мавҷуд буданд. Озмоишгоҳи маҳаллаи Гипроземи пойтахт мақоми ҷумҳуриявӣ дошт. Дар онҳо 50 – 60-нафарӣ кор мекард. Хоҷагиҳо шартнома баста, хокро ҳатман аз озмоиш мегузаронданд. Вале, ҳоло ба ин ҷиҳати масъала касе парво надорад. Барои хоҷагидорон ташхиси хок як чизи нав менамояду аксарашон дар бораи он, ҳатто, тасаввурот надоранд. Танҳо як ташхисгоҳ дар Академияи илмҳои кишоварзӣ боқӣ мондаасту халос, ки он ҳам барои доираи маҳдуд маълум аст. Вақте ин тадбири муҳим риоя намегардад, пас, чӣ гуна метавон дар бораи ҳифзи ғизонокии хок сухан ронд?
НУРӢ КАМ, ТАЛАБОТ ЗИЁД
Ба ҷои 300 ҳазор ҳамагӣ
104 ҳазор тонна дастрас мегардад
Ба назари Матлуба Атахонова, номзади илмҳои кишоварзӣ, аксар хоки Тоҷикистон хокистарранг асту нисбат ба дигар навъҳо камҳосил. Замони пеш дар як гектар 40 – 50 тонна нурии органикӣ дода, самари хуб мегирифтанд. Ҳоло 10 тонна ҳам намедиҳанд. Ҳадди ақал як гектар заминро бо 30 тонна нурӣ ғизонок кунем, кор ранги дигар мегирад.
Тибқи иттилои Шариф Хоҷаев, нуриҳои маъданиро мо, асосан, аз Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мехарем. Тайи шаш моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 104 ҳазор тонна нурӣ ворид шуд, ки дар муқоиса ба талабот ночиз аст. Соли гузашта ин рақам 143 ҳазор тоннаро ташкил дод. Тайи ин муддат агар 300 ҳазор тонна нурӣ ворид мешуд, вазъро қаноатбахш арзёбӣ намудан мумкин буд, зеро бо назардошти кишти такрорӣ, солона мо ба беш аз 700 ҳазор тонна нурии маъданӣ ва фосфорию калийгӣ ниёз дорем. Бояд ба инобат гирифт, ки бо кам шудани нурӣ, ҳосил ҳам коҳиш меёбад. Махсусан, дар водиҳо бе додани нурӣ самари дилхоҳ гирифтан ғайриимкон аст.
Вале гап сари ин ки, арзиши нурӣ баланд асту на ҳамаи деҳқонон имкони харидани онро доранд. Бо назардошти ин, Музаффар Шомаҳмадзода истифодаи босамари нуриҳои мавҷудаи маҳаллиро зарур мешуморад:
-Агар хокистар самаранок ва аз рӯи меъёри муайян истифода шавад, яке аз нуриҳои асосии калийгӣ ва фосфорист. Гузашта аз ин, аз баргу пояи рустаниҳо метавон биокомпост ё биогумусҳо ҳосил намуд. Ба ҷои сӯзондан, баргу пояи рустаниҳоро ба замин резем, ғизонокии таркиби хок бамаротиб хуб мешавад. Аз ҷумла, дар заминҳои наздиҳавлигӣ ҳеҷ ҳоҷат ба нуриҳои маъданию минералӣ нест. Хуб мешуд кишоварзон барои сабукии кор ба нуриҳои маҳаллӣ низ рӯй меоварданд.
РОҲИ ҲАЛ КУҶОСТ?
Тавре пайгирии масъала нишон медиҳад, мушкилиҳо дар самти баландбардории ғизонокии хок кам нестанд. Ҳоло мутахассисон, пеш аз ҳама, рӯй овардан ба тухмии маҳаллиро муҳим меҳисобанд. Масалан, дар Ӯзбекистони ҳамсоя пунбаи Фарғонаро дар Андиҷон кишт намекунанд. Мо бошем, ба тухмии хориҷӣ афзалият медиҳем, ки онҳо як– ду сол беш ҳосили хуб намедиҳанд. Барои ҳамин ҳам, бояд селексионерон навъҳоеро офаранд, ки ба иқлими маҳал, гармиву шӯрӣ мутобиқ бошанд. Баъдан, тухмиро пеш аз коштан заҳролуд кардан лозим, ки ин тадбири муҳим ҳам риоя намегардад. Гузашта аз ин, баъзе деҳқонон аз қоидаҳои одии обмонии зироатҳо огоҳӣ надоранд. На шудгор тибқи қоида гузаронда мешаваду на киштгардон риоя мегардад, зеро қисме аз онҳо мутахассиси соҳа нестанду киштро аз рӯи манфиатҳои иқтисодии хеш ба роҳ мемонанд. Шояд хоҷагиҳои деҳқонии имрӯза ҷамоавӣ гарданду чанд хоҷагӣ ба ҳам ояд ва мунтазам дар минтақаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шавад, кор ранги дигар гирад?!
Ин нуктаро ҳам бояд зикр кард, ки мақомоти маҳаллӣ на ҳамеша нақшаҳои киштро дуруст тартиб медиҳанд. Даҳ сол дар як замин коштани картошка ҳам аз чунин нақшаҳои нодуруст маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки масъулони раёсату шуъбаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо ҳарчи зудтар барои ислоҳи камбудӣ чора андешанду нақшаи киштро бо назардошти киштгардон омода созанд.
Ҳамчунин, набудани озмоишгоҳҳои санҷиши хок мушкили ҷиддиест, ки мақомоти маҳаллӣ набояд ба он аз пушти панҷа нигаранд. Ин мушкилиҳо бояд ҳалли худро ёбанд, вагарна зиёд намудани майдони кишту ба даст овардани ҳосили ночиз, танҳо хок ба чашм пошидан аст.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.08.2022 №: 155 Мутолиа карданд: 979