сиёсат
НОҚОБИЛОНИ ДАҲР БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД…
Яке аз масъалаҳои доғи рӯз, ки тамоми ҷомеаи башариро ба ташвиш овардааст, тахрибкории ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад, зеро амалҳои харобиовари онҳо ба амнияти миллии кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Яъне, терроризму экстремизм ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиаборро ба бор оварда истодааст. Аз ин рӯ, дар чунин вазъ таъмини сулҳу субот ва амнияти кишварҳо вазифаҳои калидӣ ва муҳимтарин ба ҳисоб мераванд.
Дар даҳсолаи охир бо сабаби харобкориҳои ҳизбу ҳаракатҳои тундрав дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна, аз ҷумла Сурияву Ироқ, Тунису Яман, Афғонистон ва мамолики дигар садҳо ҳазор одами бегуноҳ ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафари дигар, овораву саргардон тарки манзили зист ва ватани худ кардаанд. Ҳадафу мақсади асосии гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ноором кардани давлатҳо ва куштори мардуми бегуноҳ мебошад. Ин ҳолат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта ба амал омад, ки хисороти зиёди моддиву маънавиро дар пай дошт ва дар он дасти пайравони ТТЭ ҲНИ, ки аз тарафи хоҷагони хориҷиашон дастгирӣ меёфт, амалӣ гардида буд. Ба Тоҷикистони азиз зарбаи ҷонкоҳе зада шуд, ки даҳшати он то ба имрӯз фаромӯш нашудааст ва фикр мекунам, ки мардуми солимфикри тоҷик ҳаргиз он воқеаҳоро фаромӯш нахоҳанд кард. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил (01.09.2018) дар ин маврид таъкид карданд: «Бо дарназардошти сабақҳои талхи солҳои 90-ум ман шаҳрвандони кишварро доим ҳушдор медиҳам, ки ҳамеша ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар ғафлат намонанд. Зеро солҳои охир дар натиҷаи торафт густариш пайдо кардани фаъолияти гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ вазъи ҷаҳон ба дараҷае ҳассосу печида ва мураккабу пешгӯинашаванда гардидааст, ки ягон кишвар кафолати эмин мондану дар канор будан аз ин раванди хатарнокро надорад».
Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, мардуми тоҷик баҳри боз ҳам рушд ёфтани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт садоқатмандона заҳмат мекашанд. Обрӯю нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам баланд мегардад. Аз ҷумла, кулли давлатҳои ҷаҳон ташаббусу иқдомот ва пешниҳодҳои Тоҷикистонро дар мавриди ҳалли проблемаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ пазируфтаву ҷонибдорӣ менамоянд. Баргузории симпозиумҳои байналмилалӣ оид ба масоили об дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ далели ин гуфтаҳост. Омили дигари пешрафти Тоҷикистон бомаром ҷараён гирифтани корҳои ободонию созандагӣ дар иншооти аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун», ба истифода додани ду чархаи он ва ба кишвари содиркунандаи неруи барқ табдил ёфтани мамлакат мебошад. Вале барои душманону хиёнаткорони миллат, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ ва пайравони он, ҳамаи ин дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли хорест ба чашм. Онҳо аз хориҷи кишвар таҳти ҳимояи хоҷагони хориҷӣ амалҳои ноҷавонмардона, аз ҷумла эътирозу андешаҳои дурӯғини худро ҷиҳати иғво андохтан тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ алорағми пешрафту дастовардҳои Тоҷикистон ҳанӯз ҳам идома дода истодаанд ва ба ин васила, мехоҳанд, ки сулҳу оромии кишварро халалдор намоянд. Вале, бояд бидонанд, ки Тоҷикистони азизи мо дигар он кишвари бесуботи солҳои 90-уми асри гузашта нест. Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба кишвари қудратманду тавоно табдил ёфта, сохторҳои низомии он ташаккулу мустаҳкам гардидаанд ва ҳеҷ неруи аҳриманӣ ба он зиёне расонда наметавонад.
Ваҳдат ва суботи миллӣ дар байни мардуми кишвар ончунон реша давондааст, ки роҳбарону аъзои ТТЭ ҲНИ наметавонанд дигар ба кохи бегазанду муҳташами иттиҳоди мардуми тоҷик рахна ворид кунанд. Бояд дарк бикунанд, ки дигар миллати тоҷик фирефтаи ҷиноятҳои онҳо ва идеологияи дурӯғинашон, ки бар пояи ҷаҳлу таассуб ва қатлу куштору ваҳшоният асос ёфтааст, намешаванд. Тамоми қишрҳои ҷомеа бо меҳнати софдилона пайи ободкорию созандагӣ буда, аз сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекунанд. Душманони халқи тоҷик, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ ва пайравони он, аз воқеаҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта ва ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 бо сарварии собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, генерали хиёнаткор Ҳоҷӣ Ҳалим хулосаи даркорӣ набаровардаанд ва ба монанди каждуми зери бӯрё барои барангехтани низоъ ва ҳангомаҳои сиёсӣ кӯшиш доранд. Вале онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳадафҳои нопоки худ ноил намешаванд, зеро ба қавли шоир:
Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд,
Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст.
Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,
сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.08.2022 №: 155 Мутолиа карданд: 821