logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
ЧАЙН – КРОССВОРД
МУАММОИ «ФАРҲАНГ - ҲАСТИИ МИЛЛАТ» 
1. Навиштаҷот дар муаммо. 2. Асари панду ахлоқии Саъдии Шерозӣ. 3. Китоби Сотим Улуғзода. 4. Пешрафт, тараққиёт. 5. Амали ҳар шахс. 6. Асбоби мусиқӣ. 7. Номи авлодӣ – хонаводагӣ. 8. Ҷойи дидани ситораҳо. 9. Пойтахти Туркия. 10. Вазни шеър. 11. Кор, меҳнат. 
12. Қаҳрамони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. 13.Металли қиматбаҳо. 14. Маҷалла, моҳнома. 15.Маҳсулоти  ширӣ. 16.  Аломати  китобатӣ. 17. Боғ дар шаҳри Душанбе. 18. Зеби пирамардон. 19.Номи ансамбли мусиқӣ. 20.Оне ки ба тамошои намоишҳои фарҳангӣ меояд. 21. Рӯзи ҳафта. 22. Маркази давлати собиқ шуравӣ. 23. Истилоҳи адабӣ. 24. Оҳангсоз – зан – Шаҳидӣ. 25. Мори заҳрнок. 26. Қисми математикӣ. 27. Съезд ба  тоҷикӣ.  28. Ноҳия  дар  ҷануби  Тоҷикистон. 29. Мутахассиси соҳаи беҳдоштӣ. 30. Нишони давлат. 31. Муъмин … (шоир). 32. Ҷойи истироҳатӣ – маданӣ.  33.  Асбоби  физикии ҳар хонадон. 34. Яке аз қонунҳои физикӣ. 35. Сароянда … Эргашева.  36.  Бозӣ,  рақс.  37.  Жанри адабӣ. 38. Романи Л. Толстой. 39. Навъи варзиш. 40. Мева. 41. Рассом, сураткаш. 42. Ҳайвони нодир. 43. Барномаи Радиои "Тоҷикистон". 44. Олим Арис-тотел. 45. Ҳафтанома. 46. Маҳсулоти полизӣ.  47. Осоишгоҳ. 48. Асбоби хониши мактабӣ. 49. Гӯруғлисарои машҳур. 50. Ҷаҳон, дунё. 51. Жанри шеърӣ. 52. Номи варзишгоҳ дар вилояти Суғд. 53. Воҳиди вазн. 54. Вазифа, касб. 55. Машҳур, номдор. 
 
Тартибдиҳанда  Муҳаммадюсуф ИСМОИЛОВ, сокини ноҳияи Ашт
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
 
 
 
ШАШ СОЛ  МУНТАЗИРИ ЯК ЛАҲЗА
Алан МакФэден, аксбардори шотландӣ, шаш сол мунтазири фурсате шуд, ки акси идеалии худро гирад. Ниҳоят соли 2015 акси  зимородка (парандаи кӯчаку тезболзананда)- ро ҳангоми воридшавӣ ба об бе пошхӯрии об гирифт. Алан ба ҳисоби миёна 100 рӯз дар як сол ба назди кӯл меомад ва парандаро акс мегирифт. То ба даст омадани натиҷаи дилхоҳ, 720 ҳазор акс бардошт. 
- Рӯзе ин парандаи зебову афсонавиро беш аз 600 маротиба акс мегирифтам ва шодам, ки як лаҳзаи нодиреро аз табиат барои ҳамеша сабт кардам. Ҳаргиз аз он ки 6 сол сарфи ин кор шуд, пушаймон нестам, - мегӯяд аксбардор. 
 
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
 
ҶОМАИ 1311-СОЛАИ СУҒДӢ
Дар Осорхонаи санъати исломии Малайзия ҷомаи суғдие ба маъраз гузошта шудааст, ки дар ҷаҳон намунаи он дигар нест. Дар бораи ин ҷома сармутахассиси Осорхонаи мазкур Ҳеба Наел Баракат иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар остини ҷома нақши аспҳои болдор бо дарахти ҳаёт дар зери сумҳояш тасвир шуда, рангҳои дар матоъ истифодашудаи сабз, сурх, кабуд, зардро дидан мумкин аст. Дар деворнигораҳои Афросиёб одамон маҳз бо ин гуна ҷомаҳо тасвир шудаанд. Афросиёб шаҳраки қадимиест бо масоҳати 200 гектар ва дар қисмати шимолии Самарқанд ҷойгир аст. 
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
27.  ТАТЯНА
Маъюбе, ки бо номи Ҷессика Лонг машҳур шуд
Ҷессика Лонг, аслан, рустабор ва зодаи Братск аст. 29 феврали соли 1992, вақте ба дунё омад, ба ӯ Татяна Кириллова ном гузоштанд. Модараш 18-сола, падараш ҳамагӣ 17- сола буд ва табиист, ки ҳанӯз қонунӣ зану шавҳар набуданд. Болои ин, тифл бо иллати модарзодӣ таваллуд шуд, аниқтараш устухони соқ ва кафи пой надошт. Инро дида ҳам зодмандон ва ҳам духтурон модари ҷавонро водор сохтанд, ки аз Таня даст кашад. 
Татянаи хурдакакро баъди 13 моҳ як оилаи савобҷӯи амрикоӣ аз ятимхона духтархонд мекунад. Стивен ва Элизабет Лонг соҳиби ду фарзанд буданд, вале барои савоб хостанд як писар ва як духтараки нуқсдорро ба тарбия гиранд. Толеи Татяна омад карду бо волидайни нав ба он тарафи уқёнус рафт ва сокини Амрико шуд. Дар Балтимор ӯро Ҷессика ва бародархонди ҳамтақдирашро Ҷошуа ном ниҳоданд.
Аввалин коре, ки волидайни хайрхоҳ анҷом доданд, ташхиси пойҳои дардманди Ҷессика буд. Мутаассифона, баъди 12 амалиёти ҷарроҳӣ дигар илоҷе намонд, ки ҳар ду пойи духтаракро аз зону поён буриданд.
Волидайн барои аз ғусса тоза кардани дили духтари дӯстдорашон ӯро шомили тамоми гурӯҳҳои варзишӣ намуданд. Ҳам конкиронӣ, ҳам кӯҳбароиву гимнастика, вале Ҷессика шиновариро интихоб кард. Соатҳои дарозро дар ҳавзи хонаи бобояш бо оббозӣ мегузаронд. Шояд даруни об чанд лаҳза фаромӯш мекард, ки маъюбасту пой надорад. 
Дар 10-солагӣ Ҷессика ба шиноварии касбӣ рӯ меорад. Бибияш дар кадом як рӯзнома дар бораи қабули наврасон ба дастаи шиноварӣ эълон мехонаду набераашро худаш бурда номнавис мекунад. Бовар нокарданист, вале дар як муддати кӯтоҳ Ҷессика духтарчаҳои солимро пушти сар монда, аз ҳама пеш ба марра мерасид. Муҳити хуби тамрин ва муҳимтар аз ин, меҳру муҳаббати беандоза самимии оилавӣ сабаб шуду соли 2004 Ҷессика Лонг дар аввалин Бозиҳои паралимпии Афина ширкат варзид.
Ӯ ҳамагӣ 12 сол дошт ва дар даври ниҳоӣ то 15 метр мондани масофа  дар ҷойи панҷум буд, вале то марра медали тиллоро ба қавле аз дасти рақиби сарсахташ- рекордсменкаи сатҳи ҷаҳонӣ кашида гирифт. Ҷессика, албатта, чунин як ҷаҳиши карйераашро дар нахустин сабқат интизор набуд, вале вақте огоҳ шуд, ки ӯро ба ҳайати Дастаи миллии шиноварони маъюб шомил карданд, бовар намуд, ки ба зоти худ назир надорад. Бо гузашти вақт дар Бозиҳои паралимпӣ дар Токио якбора 3 медал гирифт. 15-умин медали тиллояшро бошад, Ҷессика дар бозиҳои маҷмуии 4x100 м сазовор шудааст.
Баъди ғолибият дар Бозиҳои паралимпии соли 2020, Ҷессика қарор медиҳад, ки кулоҳи шиноварияшро дар мех овехта, ҳаёти минбаъдаи худро ба тарбияи варзишгарони навраси ҳамтақдираш бахшад.
Имрӯз Ҷессика Лонг машҳури ҷаҳон аст, вале кӣ бовар мекунад, ки ҳаёти ӯ аз ятимхонаи шаҳри Иркутск оғоз гирифтааст?! 
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
АВВАЛИН ҲУҶҶАТИ РАСМӢ 
Имрӯз дар Идораи сабти ҳолати шаҳрвандӣ таваллуди сегоникҳоро ботантана ба қайд гирифтанд. Аввалин ҳуҷҷати расмиро ба писаракони навзод раиси комиссарияти ҳарбӣ полковник Степанов тақдим карда гуфт:
- Хоҳишмандам, баъди 17 сол, аниқтараш 11 августи соли 2039, расо соати 10:00 ба комиссарияти ҳарбии ноҳия ҳозир шавед!
 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
КИТОБХОНӢ   ЗЕРИ ТИРУКАМОН
Ширкати «WUtopia Lab» ба тағйири куллии фазои яке аз китобхонаҳои музофоти Сучжоу оғоз кард. 
Устоҳои чирадаст сақфи китобхонаро бо пластинаҳои алюминии тӯршакл тавре оро доданд, ки, бешубҳа, рангинкамони баъдиборониро ба ёд меорад. Ин градиенти тирукамоншакл тамоми китобхонаро фаро гирифта, як бахши он аз дигараш бо ранги махсус фарқ менамояд. 
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
РЕКЛАМА  ДАР РӮЗНОМА КУҲНА НАМЕШАВАД
Эълонҳои рекламавӣ кайҳост, ки ҷузъи муҳими интишоротро ташкил медиҳанд. Масъалаи дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтани саҳифаи рекламавӣ вазифаи муҳими нашрияҳои даврӣ низ, ба шумор меравад. 
Фелипе Салазар,  директори креативии рӯзномаи «Corons»-и Колумбия, ба андешаи «рӯзнома барои реклама куҳна шуд»-ро хати батлон зад. Ӯ намуди саҳифаи эълонҳоро дигар намуда, сутунҳои маъмулиро ба суратҳои чандҷиҳата табдил дод.  
Идеяи ба сифати суратҳо пешкаш намудани эълонҳо ба хонандагон хуш омад. Шумораи хонандагони чунин саҳифаҳо бамаротиб афзуд. 
 
Таҳияи Манзура ШАМСОВА
 
 
ALBERTCLOCK
Соате, ки шуморо маҷбур  месозад вақтро ҳисоб кунед
Аксари мо пас аз хатми дабистон ҳалли масъалаҳои мухталифро фаромӯш менамоем. Чунин ба назар мерасад, ки ихтироъкорони соати ғайриодии «AlbertClock» ният доранд, то моро ба замони гузашта баргардонанд. Мо барои муайян намудани вақт маҷбур мешавем, ки мисли пештара амалҳои гуногунро анҷом диҳем. 
Соат 4 дараҷа дошта, масъалаҳои осони он ҳар дақиқа иваз мешаванд. Нахуст, чунин соатҳо барои хонандагон пешбинӣ шуда буд, аммо вақт нишон дод, ки дар Ғарб аз он ҳам соҳибхонаву бознишастагон ва ҳам кормандони идораҳо истифода мебаранд. 
 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
ГИТОРИ БРИЛЛИАНТӢ
Сароянда Ҷереймен Ҷексон - бародари Майкл Ҷексони машҳур, бо гитори худ, ки дорои 16033 санги гаронарзиш аст, рекорд гузошт. Гитори мазкур бо сангҳои забарҷад, ситрин, родолит ва сирконий оро дода шудааст. Ҷереймен суруди овозадори «Let, s Get Serios» - и худро бо ҳамин гитор иҷро намуд. 
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
ҶАЗЗОБИЯТИ КИТОБ
*   Занҳо нисбат ба мардон китоби зиёд (68%) мехаранд.
*  Ба нисфи китобҳои дар дунё фурӯхташаванда одамони аз 45-сола боло муштариянд.
* Дар илм китобрабоёнро библиоклептоман меноманд. Номи китобрабои ниҳоят машҳури дунё Стивен Блумерг аст. Ӯ аз 270 китобхона 23000 китоби нодирро рабудааст. Нархи «коллексия»-и ӯ аз 20 миллион доллар беш мебошад.
 
Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
 
 
Тавсия
 
“НАМЕШАВАД”  НАГӮЕД!
 
Мураббии худатон бошед. Манбаи илҳому неруи худ бишавед. Ба худатон руҳияи дӯстдории ҳаётро туҳфа кунед ва нагӯед, ки «ҳаргиз намешавад!».
Бовар кунед, такрори ҷумлаҳои мусбат ва илҳомбахш дар давоми рӯз шуморо пурнеру ва хушнуд мекунад. Ба худ гӯед: «Ман қавӣ ҳастам, тавоноям!».
Ҳисси муваффақ буданро дар худ густариш диҳед. Ҳар як нафар дар худ истеъдод ва тавоноиҳое дорад, ки бо талош кардан ба беҳтарин натиҷа хоҳад расид.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
РОҲИ ХАТАРНОК
Роҳи Қароқорум яке аз баландтарину хатарноктарин роҳҳои кӯҳӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Сохтмони ин роҳ соли 1966 оғоз ёфта, шаҳри Исломободи Покистонро бо шаҳри Қошғари Чин мепайвандад. 
Роҳ давоми 21 сол сохта шуд ва харҷи он 3 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Аз 25000 муҳандису коргаре, ки кор мекард, 1000 нафарашон фавтидаанд. Ронандагон ҳангоми убури он ҷони худро дар хатар мемонанд. Аксаран онҳо дар ин роҳ зери тарма монда, ба ҳалокат мерасанд.
 
Таҳияи Шаҳноз САБУРОВА
 
 
 
ЯК ШАБОНАРӮЗ  24 СОАТ АСТ?!
Шабонарӯз меъёри вақтест, ки сайёраи Замин дар гирди меҳвари худ давр мезанад. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна омӯзгорон ба мо мегуфтанд, ки он 24-соатро дар бар мегирад, вале тавре маълум гашт, ин андеша чандон саҳеҳ набудааст. Бино ба иттилои пажӯҳишгарон, як шабонарӯз ҳамагӣ 23 соату 56 дақиқаву 4 сония мебошад. Маҳз бо ҳамин сабаб, ҳар чор сол моҳи феврал як рӯз зиёд гашта, як сол 366 шабонарӯзро ташкил медиҳад. Яъне, олимон дақиқаҳои норасида (3 дақиқаву 56 сония)-ро ҷамъ намуда, аз он шабонарӯзи бутун сохтанд.
Аз русӣ тарҷимаи Ш. ШОКИР
 
 
АНДОЗИ ҒАЙРИМУСТАҚИМ
Аз суҳбати навхонадорон:
- Азизам, ман намефаҳмам, андози мустақим аз ғайримустақим чӣ фарқ дорад?
- Мустақимаш маълум ку.
- Чӣ хел маълум?
- Охир, ту, ки чанд пул будани моҳонаи маро аниқ медонӣ, маошамро танга ба танга ҳисоб карда мегирӣ. Ҳаминаш мустақим.
- Пас, ғайримустақимаш чӣ?
- Ғайримустақимаш, ҳамин, ки маро хоб бурд, хеста кисаҳоямро боз як бори дигар мековӣ, ки мабодо ягон сӯми баҷоӣ надошта бошам. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
АЗ ГАНҶИНАИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
АШКДОН
Имрӯз дар Осорхонаи миллӣ ашкдоне ба маъраз гузошта шудааст, ки  ёдгории “Панҷакенти Қадим” (асри VII) мебошад. Дар он айём занҳое, ки шавҳарҳояшон ба ҷанг, тиҷорат ё сафари дурудароз мерафтанд, дар ғайбашон ашк рехта, онҳоро дар ашкдонҳо ҷамъоварию ҳифз менамуданд. Аз рӯи шумораи ашкҳои рехтаи занҳо маълум мешуд, ки онҳо ҳангоми ҷудоии тулонӣ чӣ қадар ғамгин шудаанд. Ба ин тариқ, занҳо муҳаббату садоқати худро ба шавҳарҳояшон изҳор мекарданд.
Ҳанӯз дар Рими Қадим ашкдонҳо вуҷуд доштанд. Дар империяҳои Форс ва Византия низ ашкдонҳо омили санҷиши садоқати бонувон буд. Дар давраи малика Виктория дар Британияи Кабир (асри XIX) ашкдонҳо бори дигар мавриди истифода қарор гирифтанд. 
Имрӯз, ин анъанаи ошиқона дар ИМА, Миср ва Аврупо мӯд шуда, на танҳо ҳангоми ҷудоӣ, балки сиришки рӯзҳои шодмониро низ, ҷамъ меоваранд.
Фариддун КЕНҶАЕВ, корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон
 
 
 
ТОМАС  ВА РЕКОРДИ ҒАЙРИОДИИ Ӯ 
Футболбози Зимбабве - Томас Свесве дар таърихи футболи ҷаҳон рекорде гузошт, ки ҳатто Месси ва Роналдуи машҳур натавонистанд ба он даст ёбанд. 
Бино ба навиштаи сомонаи eurostavka.ru, Томас Свесве ягона бозигаре гашт, ки давоми 90 дақиқаи зӯрозмоӣ боре ҳам ба пояш тӯб нарасидааст. Ин дар ҳолест, ки ӯ дар мавқеи ҳимоятгари марказӣ ҳунарнамоӣ мекард. Номбурда ҳоло дар дастаи «Бидвест Витс» (Йоханнесбург, Африқои Ҷанубӣ) бозӣ мекунад. 
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
Хушгӯиҳои  ниёгон
Рубрикаи нав
«Шоми шанбе» иқдом пеш гирифт, то ки беҳтарин латифаҳои гузаштагонамонро зери рубрикаи «Хушгӯиҳои ниёгон» нашр кунад. Ҳаҷву зарофати ниёгони мо бисёр боназокат ва саршори ҳикмату тарбият аст.
 
ЗЕРИ ПОЙИ ФИЛ КӢ БОЯД МОНАД?
Подшоҳе аз масхарабози дарбор ранҷид ва амр кард, ки ӯро зери пойи фил партоянд. Маҳкуми ҷазо ба зораву тавалло даромад:
- Шоҳам, ман чи тану ҷоне дорам, ки зери пойи фил меандозӣ. Агар пойи фил дар устухонҳои ман бихалад, ин ҳайвони ваҳшӣ ба хашм омада, ҳама ҷоро валангор мекунад. Беҳтар аст, ки маро зери пойи саъва партоӣ ва ба ҷойи ман вазирро монӣ. Вазир танаи фарбеҳу равғанӣ дорад.
Шоҳ ба вазири тану тӯшдор нигоҳе карду тадбир хост. Вазир гуфт:
- Олампаноҳ, ба Худо, аз гуноҳи ин аблаҳ бигзар, ки маро низ дар бало хоҳад андохт.
Шоҳ табассум карду масхарабозро бахшид. 
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
 
НАДАВ БЕН-ЙЕГУДА 
КӮҲНАВАРДЕ, КИ АЗ ҚУЛЛАИ ЭВЕРЕСТ ИНСОНРО БОЛОТАР ГУЗОШТ
Кӯҳнаварди 24-солаи исроилӣ Надав Бен-Йегуда барои наҷоти шарики туркаш Айдин Ирмак аз фатҳи қуллаи баландтарини олам – Эверест даст кашид. Дар ҳоле ки то фатҳи он ҳамагӣ 300 метр монда буд. 
Вақте дигарон Айдини беҳушу беёдро пушти сар мегузоштанд, Бен-Йегуда ёрӣ доданро қарзи инсонӣ донис-та, аз пайи кумаки ӯ шуд. 
- Баъди нуҳ соат Айдин ба худ омад, аммо аз ғояти дард фарёд мекашид. Бо як ранҷе ӯро фаровардам. Пешорӯи ман ду роҳ буд: ё дар таърих номи худро ҳамчун ҷавонтарин  исроилие сабт мекардам, ки Эверестро фатҳ кардааст, ё шарики худро наҷот медодам. Ман дуюмиро интихоб кардам ва аз ин ҳаргиз пушаймон нестам, - мегӯяд Бен-Йегуда. 
 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2022    №: 156    Мутолиа карданд: 1362
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед