logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

(Идомаи сафари корӣ)
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ МАРКАЗИ АДЛИЯ
12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нав бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ва сохторҳои он аз ҷониби ҶДММ «Чашма»-и шаҳри Панҷакент бо сифати хуб бунёд шуд. Он аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум равзанаи ягона, китобхона бо асарҳои нависандагони маъруфи тоҷик ва дастурҳои соҳавӣ, ҳуҷраҳои кории кормандону мутахассисони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории нотариусони давлатӣ ва толори ақди никоҳ ҷойгиранд.
Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамовардашудаи фаъолият ва хизматрасониҳо ба шаҳрвандон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои хуб дода, таъкид намуданд, ки мутахассисони мақомоти адлия баҳри татбиқи босамари стратегияву барномаҳои давлатӣ, хизматрасониҳои саривақтиву босифат ба аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи одобу маърифати оиладорӣ саҳм гузоранд.
 
ИФТИТОҲИ БИНОИ АСОСИИ БЕМОРХОНАИ КЛИНИКАВИИ ШАҲРИИ №1
12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии табобатии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и Хуҷандро баъди таъмиру навсозии куллӣ ва бинои маъмурияти беморхона, инчунин, стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббиро ифтитоҳ бахшиданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои асосии табобатии беморхона баъди панҷоҳ сол бори нахуст таъмир шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз ва ба меъёру талаботи соҳаи тандурустӣ мутобиқ гардид. Ин иқдом дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тандурустӣ, ба талаботи замони муосир мувофиқ гардондани шароити муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд амалӣ шуд.
Бино чорошёна буда, масоҳаташ беш аз 5600 метри мураббаъро дар бар мегирад ва ҳашт шуъба дорад. Дар он 72 ҳуҷраи беморон бо 227 кат мавҷуд мебошад. Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи қабул бо 20 хуҷраи муоинаи беморон амал менамояд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин аст. Аз ҷумла, томографи компютерӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти даруннигарӣ, ташхиси ултрасадогӣ, сабти барқии дил ва амсоли инҳо имкон медиҳанд, ки ташхис дар сатҳи баланд гузарад. Ҳамчунин, дар ин ошёна ҳуҷраҳои табиби амрози дарунӣ, дилшинос, амрози занона ва хатна ҷойгиранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки табибон бо истифода аз шароити мусоид қабули беморон ва хизматрасониҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ба масъалаи муомила бо беморон ва пайвандони онҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Дар беморхона усулҳои муосири ташхис, табобат, ҷарроҳӣ бо истифода аз таҷрибаҳои тибби ҷаҳонӣ ҷорӣ мешаванд. Аз ин рӯ, дар шуъбаи наҷот ва беҳискунӣ бо мақсади ташкили робитаи онлайнӣ бо клиникаҳои пойтахти мамлакат ва муассисаҳои тиббии пешрафтаи як қатор давлатҳои хориҷӣ оид ба баррасии ташхисҳо, ҳолати бемор, рафти муолиҷа ва дигар масъалаҳои марбут ба табобату ташхис бо тариқи консилиум маркази машваратии тиббии онлайнӣ – фосилавӣ таъсис ёфт. 
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият, сардорони раёсат ва сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” тавассути видеоконференсия суҳбат оростанд.
Дар доираи таҷдиду навсозии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1, стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ ташкил гардид, ки дорои бинои дуошёна мебошад. Дар ошёнаи якум маркази танзимгарӣ, ҳуҷраҳои корию истироҳатии табибону кормандон ҷой гирифтаанд. Дар шафати бино бошад,  мошинсарои стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ сохта шудааст.
Барои ба сатҳи байналмилалӣ расондани  хизматрасонӣ, дар стансия маркази танзимгарии пайваст ба системаи идоракунии рақамии қабулу сабт ва ташкили ёрии таъҷилӣ ва маркази тамоси электронӣ таъсис ёфтаанд. 
Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 яке аз муассисаҳои тиббии асосии вилояти Суғд буда, дар баробари сокинони шаҳри Хуҷанд ба бошандагони шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят низ хизмати тиббӣ мерасонад. Дар ҳудуди муассиса ошхона, чойхонаи миллӣ ва меҳмонхона барои аёдаткунандагон, хешовандон ва пайвандони беморон бунёд шудаанд.
Бо навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии бинои асосии беморхона, шароити муосир ва мутобиқ ба стандартҳои ташхису табобабат фароҳам омад. Дар беморхона ҳамроҳи табибони соҳибтаҷриба мутахассисони ҷавони бомаҳорат низ фаъолият менамоянд. Шароитҳои фароҳамовардашуда ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат хоҳанд кард.
 
МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ “ШУКУФАИ ИСТИҚЛОЛ” 
12  август дар доираи сафари  корӣ Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ –  
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 18 ("Шукуфаи Истиқлол")-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот аз ҳисоби буҷети шаҳри Хуҷанд ва фармоиши идораи сохтмони асосии шаҳр аз ҷониби ҶДММ «Тавфиқ» бо тарҳи замонавию сифати баланд ва бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ бунёд гардид. Муассиса аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои таълими 250 кӯдак пешбинӣ шудааст ва  дар он сездаҳ мураббӣ дар даҳ гурӯҳ ба таълиму тарбияи дӯстрӯякон машғул аст.
Ба ғайр аз синфхонаҳо, муассиса дорои ошхона, толорҳои варзишию мусиқӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ ва ёрирасон мебошад. Дар саҳни муассиса ҳавзи шиноварӣ бо фаввора, айвончаҳои фароғатию машғулиятӣ ва майдончаҳои бозии кӯдакон бунёд ёфтаанд. Деворҳои саҳни муассисаро расмҳои қаҳрамонҳои афсонаҳои халқи тоҷик зинат мебахшанд. Чароғҳои замонавӣ ва гулҳои рангоранг ба ин бинои замонавӣ ҳусни тоза зам намудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мураббиёни он дастур доданд, ки таълимро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дар тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми арзанда гузоранд, то дар оянда онҳо барои пешрафти Тоҷикистони азиз хизмат намоянд.
 
МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ БУНЁДИ ИНШООТИ НАВ 
12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд бинои нуҳошёнаи истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки он тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат бо мақсади дастгирии мутахассисони соҳаҳои гуногун аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд бунёд ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ калиди хонаҳоро тақдим намуданд. Маҳз бо ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат 45 нафар дар ин бинои хуштарҳу зебо соҳиби манзили зист гардиданд ва аз ин ташаббуси инсондӯстона ба Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён доштанд.
Боиси зикр аст, ки бино даҳ манзили якҳуҷрагӣ, ҳаждаҳ дуҳуҷрагӣ ва ҳабдаҳ сеҳуҷрагӣ дорад. Фармоишгари иншоот идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ мутобиқ ба талаботи меъморӣ ба истифода дода шуд.
Сохтмончиён дар саҳни бино майдончаҳои бозии кӯдакон ва таваққуфгоҳи нақлиёт бунёд карда, атрофи онро сабзу хуррам гардондаанд. Мувофиқи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат, дар паҳлуи он аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд бо санъатаи баланди меъморӣ чойхонаи миллии «Темурмалик», ки  дорои маркази ҳунармандӣ ва як қатор иншооти хизматрасонӣ мебошад, қомат афрохт.    
Дар шафати бино ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди се бинои баландошёна ва мактаби инноватсионӣ муаррифӣ шуда, зикр гашт, ки онҳо аз ҳисоби буҷетҳои вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд сохта мешаванд. Мактаби инноватсионӣ аз таҳхона, чор ошёна ва хобгоҳ иборат буда, барои 640 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ мешавад. Баъдан, дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 ятим, ки ҳамеша аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат бархӯрдоранд, мулоқот намуданд.
Дар ин рӯз ба ятимон аз шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, ноҳияҳои Спитамен ва Зафаробод ва мактаб-интернати назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд туҳфаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардиданд. Ин туҳфаҳо аз маблағҳои пулӣ, маҷмуи либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш иборат буда, боиси хушҳолӣ ва сарфарозии ятимон гардид.
 
ИФТИТОҲИ ҶДММ “ОРТОПЕДИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР” 
12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ортопедия ва технологияи муосир”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бояд таъкид намуд, ки ҷамъият аввалин маркази махсусгардондашудаи осебшиносӣ ва раддодӣ дар ҷумҳурӣ буда, бо таҷҳизоти замонавии ташхису табобат муҷаҳҳаз мебошад. Бинои марказ сеошёна буда, дар ошёнаи якум қабулгоҳ, ташхисгоҳ, дармонгоҳ, шуъбаҳои рентгени рақамиву стомотологӣ ва чордаҳ ҳуҷраи корӣ ҷойгиранд. Ошёнаи дуюм аз 16 ҳуҷра, аз ҷумла эҳё, доругузаронӣ, офият, духтурон, оростакорон, осебшиноси раддоди калонсолон, ҳамчунин, ҳашт ҳуҷраи бистарии беморон иборат аст. Ҳар як ҳуҷраи бистарии беморон барои ду нафар буда, бо катҳои функсионалӣ, телевизор, яхдон ва шароити лозимаи гигиенӣ таъмин мебошад. Дар ошёнаи сеюм бошад, ду амалиётхона, ҳуҷраҳои тамйизгардонӣ, малҳамбандӣ, духтурон, шуъбаи осебшиносӣ, раддоди бачагона, ҳафт ҳуҷраи бистарии беморон ҷой гирифта, дар онҳо ҳамаи шароити зарурии будубоши табобатгирандагон муҳайёст. Бемороне, ки дар марказ муолиҷа мешаванд, чор вақт бо хӯрок таъмин мегарданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки таҷҳизотҳои тиббӣ аз Федератсияи Россия, Корея ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи як миллиону яксаду панҷоҳ ҳазор сомонӣ воид гаштанд. 
Дар марказ дастгоҳҳои ортоскопӣ, рентгени рақамӣ, электронӣ-оптикӣ, ултрасадо, денситометрия, кардиомонитор, тамйизгардонӣ, мизи ҷарроҳӣ, кати функсионалии “Армед” истифода мешаванд. Самти дигари фаъолияти марказ таълимот буда, дар он хатмкардагони муассисаҳои таълимии тиббӣ метавонанд такмили ихтисос, давраи интернатура ва ординатураи клиникавии худро гузаронанд.
Қобили зикр аст, ки туфайли ба истифода додани ин марказ, сӣ мутахассиси соҳаи тиб ва дигар шаҳрвандони касбу корашон гуногун бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
 
МАШВАРАТИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД
12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи мураккаби ҷаҳон оид ба масъалаҳои таъмини рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ, натиҷагирӣ аз иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати мамлакат ва раванди ободкориву созандагӣ дар назди роҳбарону фаъолони вилояти Суғд вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Таъкид гардид, ки буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархҳои ҷаҳонӣ ба аксари намудҳои молу маҳсулот, бахусус маҳсулоти озуқаворӣ ва, илова бар ин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар қатори дигар давлатҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфӣ мерасонад.
Вазъи печидаи ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти вобаста ба он – камобии шадид ва хушксолӣ, норасоии маҳсулоти озуқа қариб дар тамоми кишварҳои олам, кам шудани истеҳсоли ғалладона дар мавсими солҳои 2022 – 2023, манъ ё маҳдуд кардани содироти маҳсулоти озуқа аз кишварҳои истеҳсолкунанда ва мушкилоти дигар, аллакай, боиси ба миён омадани хатари гуруснагӣ дар даҳҳо кишвари сайёра гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар чунин шароити ҳассос таъмини фаровонии бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ниёзи аввал, захира кардани маводи ғизоӣ дар ҳар як оила ва пешгирии болоравии беасоси нархҳо, исрофи озуқаворӣ ва риояи талаботи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” вазифаи ҷонии роҳбарони вазорату идораҳо, аз ҷумла роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба фаъолияти муназзаму устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ, идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда ва ҷалби сарчашмаҳои иловагии рушд дар назди роҳбарону масъулони вилоят вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Барои расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, иҷрои накшаи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, татбиқи барномаҳои рушди соҳавӣ ва маҳаллӣ зарур шумурда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таъкид намуданд, ки ҳарчанд суръати рушди иқтисодӣ дар кишвар дар нимсолаи якуми соли равон 7,4 дарсадро ташкил дода бошад ҳам, ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 банди фоизӣ паст мебошад.
Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои сифатнок ва саривақтии лоиҳаҳои дар барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои солҳои 2021 – 2025 пешбинишуда, супориш гирифтанд, ки банақшагириро барои оянда воқеъбинона, бо назардошти ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ва риояи принсипҳои “иқтисоди сабз” ба роҳ монанд.
Ба роҳбарону фаъолони вилоят вобаста ба ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳо, татбиқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ дастурҳо дода шуд.
Таъкид гардид, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо Қарори Ҳукумати мамлакат 1-уми июли соли 2022 тасдиқ гашт, дар вилояти Суғд бунёди 12 130 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ пешбинӣ мешавад. Барои иҷрои нақшаҳо роҳбарони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он аз Сарвари давлат дастур гирифтанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят 5,5 миллиард сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 фоиз зиёд мебошад. Зикр гардид, ки ҳарчанд майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар сатҳи соли гузашта иҷро шудааст, вале тибқи натиҷаҳои ченаки назоратӣ, иҷрои нақшаи кишти картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии вилоят дар майдони 3,2 ҳазор гектар ва пахта 1,8 ҳазор гектар таъмин нагашт. Аз ин лиҳоз, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигию президентӣ, кишти такрориро аз ҳисоби шолӣ, маккадон, лӯбиёиҳо ва картошка зиёд намоянд.
Барои вайронкунии қонунгузории замин, ки дар вилоят 3100 ҳолатро ташкил медиҳад, ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешида, ҳолатҳои ошкоргардидаро фавран бартараф созанд.
Роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки доир ба ташкили фермаҳои чорводорию парандапарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар минтақаҳои мусоид ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Тибқи маълумот, ҳоло дар вилоят 36 сардхона бо иқтидори 8700 тонна мебошад, ки барои таъмини эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ кофӣ нест.
Ҳамчунин, дар вилоят 476 гармхона ба масоҳати 25 гектар вуҷуд дорад, ки ин нишондиҳанда низ кам аст. Зарур шумурданд, ки таҷрибаи муосири бунёди гармхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар онҳо омӯхта шуда, тарзу усул ва истифодаи технологияҳои пешқадам васеъ ҷорӣ гардад.
Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор гаштанд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ барои мунтазам бо маҳсулот таъмин намудани бозори дохилӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.
Барои дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисӣ накашидани аҳолӣ ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи ғизоӣ роҳбарони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки омодагии ҳар як оиларо назорат кунанд ва аз натиҷаи корҳо то 1 октябри соли равон ба Президенти мамлакат ахборот пешниҳод созанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2022 ба вилоят ҳамагӣ 83 миллион доллари ИМА сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст, ки беш аз 95 фоизи он танҳо ба шаҳри Гулистон рост меояд. Яъне, ба баъзе шаҳру ноҳияҳо сармояи мустақими хориҷӣ умуман ворид нашудааст, ки ин нигаронкунанда мебошад.
Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза роҳбарияти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузорон ва, ба ин васила, ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим корро тақвият бахшанд.
Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ вазифадор шуданд, ки барои таъмини дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзноку дарозмуҳлат ва афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ рӯи кор гиранд.
Дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии соҳибкорӣ ва рушди соҳаи саноат, тайи ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 90 корхонаву коргоҳҳои нав бо 2100 ҷойи нави кор таъсис ёфтанд.
Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз афзуда, ба 12,9 миллиард сомонӣ расид, ки ин беш аз 58 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишварро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди он ки дар вилояти Суғд қариб 40 фоизи ҳаҷми умумии пиллаи кишвар истеҳсол мешавад, солҳои охир коркарди он дар вилоят кам ба назар мерасад. Дар ҳафт моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли пилла дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳа истеҳсолкунандагонеро, ки ба коркарди пилла, матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии аз онҳо истеҳсолшаванда машғуланд, аз тамоми андозҳо озод намуд. Аз ин рӯ, ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки бо мақсади татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар, фаъолияти худро доир ба ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ вусъат бахшанд.
Вазорати саноат ва технологияҳои  нав, ҳамчунин, вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармоягузорон барои ҷонноксозии фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарор кардани фаъолияти корхонаҳои бозмонда тадбирҳои қатъӣ андешида, ҷиҳати рушди содироти маҳсулот чора ҷӯяд.
Тибқи ҳисоботи оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаву коргоҳҳои вилоят тайи ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи миқдор 1,7 баробар ва аз рӯи арзиш 39 фоиз афзуд, аммо сатҳи таъминнокӣ бо он ҳамагӣ 26 фоиз мебошад, ки қонеъкунанда нест. Бинобар ин, роҳбарони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор шуданд, ки ҷиҳати ислоҳи ин камбудӣ чораҳои фаврӣ ва қатъӣ андешанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва соҳибкорону сармоягузорон барои рушди соҳаи коркарди пӯст, бамаротиб афзоиш додани истеҳсоли пойафзол ва дигар маҳсулоти чармӣ супориш доданд, ки фаъолияти корхонаҳои амалкунандаро ҷоннок карда, ҳамзамон, корхонаҳои бозмондаро фавран барқарор созад ва доир ба ташкили корхонаҳои нав чора ҷӯяд.
Ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор рушди соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозиро бо ворид намудани технологияҳои муосир ва истифодаи ҳарчи бештари захираҳои ашёи хоми вилоят таъмин карда, ба ин васила, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашударо афзоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ба рушду тараққиёти шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, мусоидат менамояд ва ояндаи наздик шаҳру ноҳияҳои вилоят боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии сокинон беҳтар мегардад. Вале барои расидан ба ҳадафҳои нек истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмини пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии вилоят зарур аст, ки ин раванд, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии роҳбарону фаъолони вилоят ва кулли сокинони он вобаста мебошад.
Дар ин раванд, Сарвари давлат роҳбарон, шахсони масъул ва фаъолонро ҳушдор сохтанд, ки бо мақсади таъмини амнияти давлату ҷомеа корро дар самти мубориза бо ҳама гуна таҳдиду хатарҳо ва ҷинояткориҳо, пеш аз ҳама терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва хурофотпарастӣ, пурзӯр карда, ба масъалаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин, кумак ба онҳо муносибати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони сохторҳои дахлдор барои омодагии муассисаҳои таълимӣ, инчунин, ба мавсими тирамоҳу зимистон тайёр кардани муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ дастуру супоришҳо доданд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар, амалисозии нақшаву ниятҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумат, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, вазири кишоварзӣ Саъдӣ Каримзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ Асозода, директори ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” Абдумуталиб Абдуллоев, раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода, раисони шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Гулистон, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарифиён ҳисобот доданд.
Дар  охир  Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯсту матиниродаи вилояти Суғд бо заҳмати содиқонаву софдилона ин гӯшаи Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта гардонда, Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
 
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2022    №: 157    Мутолиа карданд: 2354
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед