СОХТМОНЧӢ. ҲУНАРМАНДЕ, КИ ЗЕБОӢ МЕОФАРАД
Якшанбеи дуюми моҳи август, ки имсол ба рӯзи 14 август рост меояд, дар тақвими ҷашнҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон сабт шудааст ва мо - кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол фарорасии онро бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирем. Лутфан, ҳамаи кормандону собиқадорони соҳаи сохтмону меъмории Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ин муносибат самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо ободиву осоиш ва саодату фирӯзӣ орзумандам.
Касби сохтмончӣ пешаи бошарафу пурифтихорест. Чунки натиҷаи он ободию зебоиофарист. На танҳо донишу таҷриба, балки қобилияту фидокориро талаб мекунад. Бинобар ин, Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон байни дигар идҳои касбӣ дар ҳақиқат ҷойи махсусро ишғол намудааст. Солҳои соҳибистиқлолии кишвар, махсусан даҳсолаи охир, бунёди иншоотҳои нави замонавӣ хеле афзуд. Рушди соҳаи сохтмони мамлакат бо суръати баланд ба зиёдшавии миқдори масолеҳи нави бинокорӣ ва технологияи муосир дар иншоотҳои гуногунҳаҷм оварда расонд. Ин раванд на танҳо ба бинокори асил осонӣ меорад, балки сифати меҳнати онро боэътимод мекунад.
Ташаббускори ҳамаи навсозиҳо, аз ҷумла сохтмони иншоотҳои азиму стратегӣ, пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ҳамеша соҳаи сохтмону меъмориро, ҳамчун бахши ҳаётан муҳими ҷомеа, дастгирӣ менамоянд. Итминони комил дорам, ки сарзамини хуршедии мо таҳти чунин Роҳбари хирадманду бунёдкор бо низоми пешрафтаи давлатдорӣ ва симои хоси миллӣ ҳамсафи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон мегардад.
Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ сармояи асосии соҳа аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 6,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, тайи ин муддат дар масоҳати 588 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Ҳоло нақшаҳои генералии ҳамаи 65 шаҳру ноҳия, яъне сад дарсад пурра омодаву бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шуда, мавриди амал қарор доранд. Охирон лоиҳа – ин лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара буд, ки пас аз таҳия ва мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод шуд ва баъди баррасӣ аз тарафи Ҳукумат қабул гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи лоиҳаҳои сохтмон аз рӯи манбаъҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла Буҷети давлатӣ 110-то, грант 64 ва худмаблағгузор 150-торо ташкил медиҳад. Ба сифати харҷномаи лоиҳаҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, дар ин давра аз харҷномаи иншоотҳо дар маҷмуъ 111579 ҳазор сомонӣ кам шуд, ки ба ин васила арзиши корҳои сохтмонию васлгарӣ ба ҳамин андоза арзон гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Кумита танзими меъёрию техникӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон мебошад. Соли 2021 таҳияи 28 санади меъёрӣ ба анҷом расида, соли 2022 низ 28 номгӯи корҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ ба нақша гирифта шудааст.
Кумита вобаста ба риояи муқаррароти Кодекси шаҳрсозии ҷумҳурӣ, нақшаҳои генералӣ, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, инчунин, талаботи шаҳрсозӣ дар иншооти сохташавандаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, санҷиши сифати корҳои сохтмонию риояи қонунгузории шаҳрсозӣ гузарондааст. Нисбат ба сари вақт пешгирӣ намудани камбудиҳои ошкоргардида чораҷӯӣ намуд ва ба масъулон дастурҳои қатъӣ дод. Ҳамзамон, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба унвони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мактубҳои дахлдор ирсол гардиданд.
Бо мақсади дастгирии истеҳсол-кунандагони ватании масолеҳи сохтмонии аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» Феҳристи истеҳсолкунандагони ватании ин маҳсулот барориши № 01 ва № 02 соли 2021 таҳия гардид, ки дар он рӯйхати 46 ташкилоту корхона бо зиёда аз 400 номгӯйи маҳсулот ҷойгир шудааст. Айни замон «Феҳристи истеҳсолкунандагони маҳсулоти сохтмонии ватанӣ» барориши № 1 соли 2022 мавриди таҳиясозӣ қарор дорад, ки барои ворид сохтан ба феҳристи мазкур маълумот аз 20 корхонаю ташкилоти истеҳсолии ватанӣ ҷамъоварӣ гардиданд. Инчунин, дар нимсолаи якуми соли 2022 КВД “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон”-и Кумита бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмонӣ бо 30 ширкату ташкилоти истеҳсолкунандаи молу маҳсулоти сохтмонии ватанӣ ва ба ҷумҳурӣ воридкунанда ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.
Кумита ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, таҳти № 305, “Дар бораи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҳои зарурӣ андешида, корҳои сохтмонию ободонӣ дар иншооти ҷашнӣ зери назорати мутахассисони Кумита қарор дорад. Ҳамзамон, вобаста ба татбиқи лоиҳаи сохтмони биноҳои нави парлумон ва маҷмуаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор тадбир меандешад. Айни замон, корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои зикршуда идома доранд.
Хонаро пойтахти зиндагӣ мегӯянд, ки бесабаб нест. Аз ин рӯ, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин «пойтахт» ҳамеша чароғону зебо бошад.
Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон зикр карданд, ки ҳар нафар метавонад хонаи худро бо тарҳи меъмории хоси миллати тоҷик бунёд намояд ва ба фарзандон мерос гузорад. Имрӯзҳо ҳар хона, ки дар маҳал ё марказ сохта мешавад, зиндагии соҳибхона ва ҳам намои шаҳру деҳоти моро зебоӣ мебахшад. Зебоию ободии шаҳрҳо, кӯчаю хиёбонҳо, биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва ҳазорҳо коху қасрҳои муҳташам аз заҳмату ҳунари биносозону меъморон шаҳодат медиҳад.
Кормандони Кумита иҷрои вазифаҳоеро, ки аз ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ ва муқаррароти Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 бармеоянд, сармашқи кори худ қарор дода, баҳри иҷрои саривақтии онҳо талош менамоянд. Итминони комил дорам, ки сохтмончиёну меъморони ҷумҳурӣ фаъолияти мақсаднок ва ҳунару тавони худро барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистон дареғ намедоранд ва бо дарки масъулият барои иҷрои вазифаҳои дар пеш гузошта шуда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Маҳмадсаид ЗУВАЙДЗОДА,
раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон