иҷтимоиёт
ИСТАРАВШАН. ШАҲРИ КУҲАН ҚАБОИ НАВ МЕГИРАД
Саноати шаҳри Истаравшан дар пайи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзоиш бахшидани тавлидоти маҳсулоти воридотивазкунанда боз чанд қадам пеш гузошта, ҳоло дар миқёси шаҳру навоҳии саноатии кишвар дар сафи пеш қарор гирифтааст. Дар нимсолаи аввали соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда зиёда аз 281 миллиону 809,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 1,2 маротиба зиёд аст.
Бино ба иттилои Шуҳрат Отамуродов, мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои шаҳр, феълан дар ин ҷо 54 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, номгӯйи маҳсулоти ба содирот нигаронда аз 30 адад гузаштааст. Имрӯз дар корхонаҳои саноатии шаҳр маҳсулоти гуногун, аз қабили дару тирезаҳо, зарфҳои пластикӣ, мебелҳои рангоранг, либосҳо, ҷуробу бозичаҳои бачагона, дучархаву сечарха, рангҳои сохтмонӣ истеҳсол мешаванд.
Маъмурзода Адҳам Маъмур, раиси шаҳр, зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба натиҷаҳои шаш моҳи соли равон гузориш дода, иброз дошт, ки ҷиҳати саноатикунонии босуръат дар шаҳр танҳо соли равон бунёди 12 корхонаи нави истеҳсолӣ бо таъсиси 1000 ҷойи кор нақшабандӣ шудааст.
Дар доираи истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Истаравшан дар маҷмуъ, 35 корхонаи нави истеҳсолӣ бо иқтидори баланди тавлидотии воридотивазкунанда бо муҳайё шудани 1000 ҷойи кор ба истифода дода мешавад. Аллакай аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси шаҳр ду корхона бо тавлиди маҳсулоти маҳаллии ҷуробу дару тирезаҳои пластикӣ ба фаъолият оғоз бахшиданд.
Дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ин давра аз он дарак медиҳанд, ки натиҷаи корҳои ободониву созандагӣ ва нишондодҳои рушд хеле баланданд. Нақшаи даромади буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ 103,7 дарсад таъмин гардида, ба буҷет наздики 137 миллион сомонӣ ворид гашт. Ин нисбат ба нақша 4 миллиону 926 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Баҳри боз ҳам шукуфоии шаҳр татбиқи 10 лоиҳаи сармоягузорӣ дар самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар доираи лоиҳаҳо аллакай 9,6 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз худ шудааст. Болоравии сатҳи иқтисодӣ мусоидат мекунад, ки ободонии шаҳр низ марҳила ба марҳила густариш ёфта аз ҷумла, биноҳои баландошёнаи замонавии маъмуриву истиқоматӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ қомат афрохтанд.
Фирдавс Азизов, сармеъмори шаҳр, дар иртибот ба ин масъала иброз медорад, ки Истаравшан давоми ду - се соли охир дорои иншооти замонавии ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ гашт, ки дар ним асри гузашта сохта нашуда буд.
- Мардуми кишвар аз самари соҳиб-истиқлолӣ хуб баҳрабардорӣ дошта, дастурҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба созандагию пешбурди иқтисодиёт гарму самимӣ истиқбол менамоянд. Ин, албатта, натиҷаи хуб медиҳад, - гуфт ӯ.
Имрӯз Истаравшан бо симои ҷолиби худ қалбҳоро тасхир месозад. Қариб ҳар рӯз дар ҳар гӯшаи он навгонист. Биное ё коргоҳе бо тарҳи замонавӣ дари худро ба рӯи мардум боз мекунад. Бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр дар асоси қарору фармоишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ на кам аз 5-ошёна, ки дорои дафтари кории кумитаҳои маҳаллӣ, марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозад.
Чунин иншоот айни замон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ва кӯчаи Дӯстӣ сохта мешаванд, ки симои шаҳри куҳанро боз ҳам ҷолибтар месозанд. Бори нахуст дар шаҳр бунёди аввалин бинои баландошёнаи замонавии бисёрфунксионалии Маҷмааи миллии соҳибкорӣ “Роҳи абрешим” ба роҳ монда шуда, ояндаи наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар назар аст, ки соли равон чунин биноҳо дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафуров ва кӯчаи Гагарини шаҳр иборат аз нуқтаҳои савдою хизматрасониҳо мавриди истифода қарор мегиранд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.08.2022 №: 158 Мутолиа карданд: 773