иқтисод
БОЗОР. АЗ НИГАРОНИИ РОҲБАР ТО БЕМАСЪУЛИЯТИИ МАСЪУЛОН
Масъалаи болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ на танҳо дар як ё чанд кишвар, балки дар чаҳон бармало мушоҳида мешавад. Вале чун атрофи ин зуҳуроти ногаҳонӣ дар кишвар вақтҳои охир шарҳу баёнияҳо гуногун ба чашм мерасанд, таҳқиқи мунсифона мехоҳад.
ЗАНҶИРАИ АНЪАНАВИИ ТАЪМИНОТИ АҲОЛӢ БО ҒИЗО ТАҒЙИР МЕЁБАД
Яъне, болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ, асосан аз таъсири тезутунд гаштани вазъи сиёсати ҷаҳонӣ ба вуқуъ пайваст. Дар бозорҳои ҷаҳон камбуди молҳои асосии истеъмолӣ ба миён омад. Чунин нишондоди нарх дар 40 соли охир рекордӣ арзёбӣ мешавад. Дар ин бора Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), иттилоъ медиҳад, ки арзиши маводи озуқаворӣ дар ҷаҳон ҳанӯз аз аввали сол ба ҳисоби миёна 19,1 дарсад боло рафт. Арзиши равғани рустанӣ 39,3 дарсад, ярма 21,1, гӯшт 8 ва шир 13 дарсадро ташкил дод.
Дар робита ба афзоиши бесобиқаи нархи ғизо Александр Борисов, раиси Шурои Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия оид ба рушди бозори истеъмолӣ, гуфт, ки индекси нархҳои озуқаворӣ 12 моҳ аст пайваста тағйир ва афзоиш меёбад.
- Ин чанд сабабҳо дорад. Яке аз онҳо дастгирии давлатӣ ба аҳолӣ ва истеҳсолкунандагони калонтари кишварҳо мебошад. Ба мисоли Япония ва Италия, ки беш аз 40 дарсади ММД-ро ба ин мақсад сарф кардаанд, Аз ҷониби Олмон ва Британияи Кабир - зиёда аз 30 дарсад, Фаронса 20, Испания, Канада, ИМА ва як қатор кишварҳои дигар беш аз 10 дарсади маблағгузориҳоро барои дастгирии истеҳсолгарони хӯрок равона сохтанд. Қисми зиёди ин маблағҳо ба истеъмоли аҳолӣ нигаронда мешаванд, ки ба афзоиши нархи чакана таъсир нарасонда наметавонад, - гуфт ӯ.
Ба таъкиди номбурда, тағйирот асосан дар давраи авҷи пандемия ба амал омада, боиси халал расондан ба занҷираи анъанавии таъминоти аҳолӣ, иваз шудани истеҳсолкунандагон ва мушкилоти дигар гардид, ки аз ин ҳисоб индекси арзиши воридоти маводи ғизоӣ ба рекорди мутлақ расид.
ХАРОҶОТИ ХАРИДИ МАҲСУЛОТ САБАБИ ДИГАРИ ГАРОНИСТ
Сафаралӣ Қурбонзода, муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, изҳор дошт, ки маҳз аз сабаби тағйири нархи чакана дар бозори ҷаҳонӣ нархи хариди маҳсулот аз кишварҳои истеҳсолкунанда ба маротиб афзоиш ёфт. Ба мисоли гандум, ки 97,2 дарсад аз Ҷумҳурии Қазоқистон бо доллари ИМА харида ва ба кишвар ворид мешавад, нархи он гарон меафтад. Арзиши аслии гандум аз 869,25 сомонӣ ба 1 ҳазору 15 сомонӣ боло рафт. Ҳамин ҳолат ҳангоми хариди маҳсулоти дигар, аз ҷумла равған, шакар ва сӯзишворӣ низ дида мешавад. Инчунин, аз аввали сол барои воридоти гандум пардохти маблағи гумрукӣ 280 – 285 долларро ташкил дода буд, ҳоло он дар доираи 405 – 410 доллар барои як тонна гандум афзоиш ёфтааст, бешубҳа ба болоравии нархҳо мусоидат менамояд.
Аз ин ҷост, ки мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти мамлакат, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ арзиши маҳсулоти озуқаворӣ 7 дарсад боло рафтааст. Асосан аз ҳисоби нон, булка ва ярмаҳо 15,1 дарсад, равғану чарбу 4,5, сабзавот 8,8 ва маҳсулоти дигари ғизоӣ, аз ҷумла шир 8,5 ва шакар 2,1 дарсад баланд шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи системаи логистика ва интиқол низ ба афзоиши нархи маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъсири назаррас мегузоранд. Баробари ин, дар бозори ҷаҳонӣ боло рафтани қимати нуриҳои минералӣ ва кам ворид шудани он ба кишвар ба ҷараёни истеҳсолот бетаъсир набуд. Имсол воридоти нуриҳои минералӣ 87 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 56 ҳазор тонна кам мебошад. Моҳи июли соли ҷорӣ арзиши як тонна сӯзишворӣ нисбат ба соли гузашта 209 доллар боло рафт. Баландшавии нархи як тонна сӯзишвории дизелӣ дар корхонаҳои коркарди он то 46 дарсад афзоиш ёфт, аз ин рӯ, аз сабаби болоравии арзиши маводи сӯхт дар давлатҳои истеҳсолкунанда таъсири он ба ҳамаи кишварҳо расида истодааст. Мустаҳкам гардидани қурби асъори рубли русӣ низ ба раванди ноустувории нархҳо таъсиргузор мебошад.
Аброр Мирсаидов, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, изҳор дошт, ки сатҳи вобастагии бозори кишвар аз маҳсулоти воридотӣ хеле баланд аст. Масалан, воридоти аксари маҳсулоти муҳими озуқаворӣ, пеш аз ҳама равғану гандум, шакар, дар худи кишвари истеҳсолкунанда нархи баланд доранд. Илова бар ин, кишварҳои истеҳсолкунанда ба содироти онҳо маҳдудиятҳо муаяйн намуданд, ки боиси боз ҳам гаронтар гардидани нарх шуд. Роҳи асосие, ки раванди болоравии нарх танзим гардад, ин афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти озуқавории асоси кишоварзидошта дар мамлакат мебошад.
ИСТЕҲСОЛИ ПИЁЗ 10,3 ДАРСАД КОҲИШ ЁФТ
Агар давоми моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, сабзавот, полизӣ, мевагиҳо, ангур зиёд шудааст, аммо истеҳсоли пиёз 10,3 дарсад коҳиш ёфт. Маҳз аз ҳамин ҳисоб нархи он дар бозор боло рафт. Сабаби кам истеҳсол шудани пиёзро мутахассисон ба бисёр омилҳо рабт медиҳанд ва мегӯянд, ки на ҳар зироат ҳамасола ҳосили дилхоҳ медиҳад. Бар замми ин, хоҷагиҳои деҳқонӣ истеҳсоли маҳсулотро вобаста ба талаботи бозор ба роҳ мемонанд. Кишоварзон барои бароварда сохтани хароҷоту заҳмати хеш кӯшиш мекунанд, ки маҳсули заҳматашонро содирот карда, бо арзиши баландтар фурӯшанд. Албатта, содирот барои кишоварзон мусоид аст: даромади баланди иқтисодӣ меорад ва онҳоро ҳавасманд менамояд. Аммо истеъмолгарон, аз баробаршавии арзиши маҳсулот бо нархи сатҳи бозори ҷаҳонӣ зарар мебинанд, яъне самари даромади истеъмолгарон поён меравад. Аз суйи дигар, вазъи монополии фурӯшандагон, миёнаравҳо ба пасту баланд шудани нархҳо таъсир мерасонад. Ва, нарх аслан на формулаи маъмули хароҷот ҷамъи фоида, балки вобаста ба манфиати иштирокдорони он ташаккул меёбад. Зеро дар он манфиати миёнарав, хароҷоти нақлиёт, ҷойи савдо дар бозор, андоз ва ҳаргуна пардохтҳои дигар нақш мебозад.
Аброр Мирсаидов изҳор дошт, ки дар ин ҳолат мувофиқи қонуни иқтисоди бозорӣ аслан давлат ба раванди содироти истеҳсолгарони маҳсулоти кишоварзӣ мустақиман дахолат карда наметавонад. Дар ин ҷо яке аз механизми танзими нарх - хариди давлатии маҳсулоти озуқа бо арзише, ки ба манфиати истеҳсолгарон, пеш аз ҳама, кишоварзон мутобиқ аст, зарур мебошад, то ин ки дар вақти даркорӣ аз ҷониби ниҳоди марбутаи давлат бо нархи даст-рас пешниҳоди истеъмолгарон гардад. Инчунин, гаронии нархи маҳсулоти озуқавории кишоварзии мамлакатамонро, ки ба болоравии нархи нуриҳои минералию сӯзишвории дизелӣ рабт дорад, дастгирӣ ва танзими давлатии нархҳои хароҷотсоз низ зарур аст.
Айни ҳол барои ба низом даровардани нархҳо содироти пиёз манъ гардида, арзиши он то 3,6 сомонӣ поин фаромад. Ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар сурати аз 14 ҳазор гектар замини корами пиёз ҳосили дилхоҳ гирифтан, нархи он боз ҳам поин хоҳад рафт. Ин тадбир нишон дод, ки манъи содироти яке аз маҳсулоти ғизоӣ ба зарари кишоварзон набуда, танҳо ҷилави як гурӯҳ ҳаннотони нафспешаро мегирад. Оё имкон надорад, ки чунин танзими харидуфурӯши маҳсулот дар дигар номгӯйи озуқаворӣ ба роҳ монда шавад, то тавозун дар истифодаи маҳсулоти содиротӣ риоя гардад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.08.2022 №: 158 Мутолиа карданд: 1052