logo

порлумон

ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи ниҳоии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рӯдакӣ №9 ва Данғара №36, бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколатҳои вакилони интихобшуда

Мувофиқи моддаҳои 12, 48, 54, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рӯдакӣ №9 ва Данғара №36 аз 14 августи соли 2022, ҷамъбасти натиҷаҳои ниҳоии овоздиҳӣ дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рӯдакӣ №9 ва Данғара № 36-ро гузаронида, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:
1. Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рӯдакӣ №9 ва Данғара № 36 баргузоршуда ҳисобида шавад.
2. Номзадҳо Қурбонзода Маҳмадали Раҳмат бо гирифтани 35 247 (60,51%) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Шерализода Муҳамадулло Умар бо гирифтани 77 655 (54,7%) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рӯдакӣ №9 ва Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бо гирифтани 78 865 (75,0%) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Данғара № 36, ки дар интихоботи рӯзи 14 августи соли 2022 интихоб шудаанд, ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шаванд.
3. Ба вакилони интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад.
 
Раиси Комиссияи марказии интихобот 
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. ХУДОЁРЗОДА, 
Котиби Комиссияи марказии интихобот 
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. САМАДЗОДА   
шаҳри  Душанбе, 15 августи соли 2022, № 177
 
 
 
ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ
15 августи соли 2022 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи Комиссияи марказӣ баргузор гардид. Дар он масъалаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ № 1, Рӯдакӣ № 9 ва Данғара №36, ки 14 августи соли 2022 баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо риояи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳавзаҳои интихоботии болозикр ба таври алтернативӣ аз ҳисоби пешниҳодҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди ҳавзаҳои интихоботии болозикр амалкунанда ва шаҳрвандон ба таври худпешбарӣ, дувоздаҳ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда буд. 
Мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот овоздиҳӣ 14 августи соли ҷорӣ аз соати 6 то соати 20 давом карда, дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Фирдавсӣ № 1 – 74,6%, Рӯдакӣ № 9 – 80,6% ва Данғара №  36 – 86% интихобкунандагони ба рӯйхат воридкардашуда дар интихобот иштирок намуданд. Тибқи талаботи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии зикргардида баргузоршуда ҳисобида шуд.
Дар асоси моддаи 48 Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар интихоботи рӯзи 14 августи соли 2022 номзадҳо Қурбонзода Маҳмадали Раҳмат бо гирифтани 35 247 (60,51%) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Шерализода Муҳамадулло Умар бо гирифтани 77 655 (54,7%) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рӯдакӣ №9 ва Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бо гирифтани 78 865 (75,0%)  овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Данғара №36 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шуданд.
Ҳамин тавр, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии зикргардида дар шароити осоишта ба таври ошкоро, шаффоф, озод ва дар асоси алтернативӣ бо иштироки фаъоли интихобкунандагон баргузор гардид.
 
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2022    №: 158    Мутолиа карданд: 2328
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед