иҷтимоиёт
ХАТЛОН. АВЛАВИЯТ БА ТАҲКИМИ ҶАҲОНБИНИИ ХОНАНДАГОН
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсили босифати хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Маҳз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат соҳаи маорифи Тоҷикистон рӯ ба рушд ниҳода, давоми сӣ соли истиқлоли мамлакат ҳазорҳо мактаб, литсею гимназияҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки ҳамасола хонандагони болаёқат аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар олимпиадаҳои дохилию хориҷӣ аз худ донишу маҳорати баланд нишон медиҳанд. Аз ҷумла, 21 – 23 июли соли равон дар Мактаби байналмилалии президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ барои гирифтани аттестати аълои универсалӣ бо медали тиллою нуқра байни хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар озмун аз 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон ҳуҷҷатҳои 52 хатмкунанда ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ пешниҳод гардида, дар натиҷаи ташхиси ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи ҷумҳуриявӣ 10 нафари онҳо ба озмуни мазкур роҳхат гирифта, дар он фаъолона иштирок намудаанд. Озмун дар сатҳи баланд доир шуд. Бо нишон додани донишу маҳорати баланд ҳафт хонандаи муассисаи таълимии вилоят соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид. Аз ҷумла, Муҳаммадҷон Холиқов ва Муин Оймаҳмадов, хатмкунандагони Гимназияи давлатии №1 ба номи Абдуллоҳи Алии шаҳри Норак, бо аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ – гуманитарӣ, медали тилло, Парвиз Амирализода, Дилноза Файзуллозода, Раҳматулло Файзиддинов, хатмкунандагони Муассисаи таълимии давлатии «Гимназияи ҷумҳурияви»-и ноҳияи Данғара, Ойниҳол Раҳимзода, хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Кӯлоб, бо аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ, медали тилло, инчунин, Сиёвуш Хайруллоев, хатмкунандаи литсейи тамоюли техникии шаҳри Бохтар бо аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, бо медали нуқра сазовор гардиданд.
Ҳамзамон, падару модарони ғолибони озмун бо «Сипосномаи»-и вазири маориф ва илм қадр гардида, омӯзгорони онҳо бо роҳхати истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ таъмин мешаванд. Инчунин, барои ҳавасмандгардонии ғолибон бо қарори раиси вилояти Хатлон ҳар кадоми онҳо бо мукофоти молиявӣ - 10 ҳазор сомонӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ ба миқдори 3 ҳазор сомонӣ ва падару модарон бо «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.
Натиҷаи озмунҳо нишон медиҳанд, ки сол ба сол донишу маҳорати хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон боло рафтааст. Агар соли таҳсили 2020 – 2021 аз вилояти Хатлон дар озмуни ҷумҳуриявӣ бо аттестати аълои универсалӣ, медали тиллою нуқра ҳамагӣ панҷ нафар соҳиби медал гардида бошанд, соли таҳсили 2021 – 2022 миқдори гирандагони аттестати аъло ба ҳафт нафар расид. Имсол хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят соҳиби 620 медал, ки аз инҳо 82 медали тилло, 186 нуқра ва 352 биринҷӣ мебошад. Ин дар муқоиса ба соли гузашта 193 медал зиёд аст. Дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳурӣ хонандагони шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон пешсаф буда, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Данғара соҳиби 182 медал (31 тилло, 68 нуқра, 83 биринҷӣ), Кӯлоб 101 медал (12 тилло, 29 нуқра, 60 биринҷӣ), Бохтар 75 медал (10 тилло, 15 нуқра, 50 биринҷӣ) гардиданд.
Ҳикматҷон ҲАКИМОВ,
муовини директори Маркази
дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди
раёсати маорифи вилояти Хатлон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.08.2022 №: 159 Мутолиа карданд: 556